fbpx
0

7 апрел раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Баҳодур Шерализода, бо директори Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Радослав Дарский, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин дидор масоили ҳифз ва рушди минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ ва таҳияи масирҳои нави экологӣ барои ҷалби сайёҳон баррасӣ гардиданд.

Баҳодур Шерализода зимни вохӯрӣ иттилоъ дод, ки нашри нави Китоби Сурхи Тоҷикистон омода мешавад. Ӯ инчунин таъкид намуд, ки назорати давлатии ҳифзи захираҳои об, мониторинги обҳои партов ва фаъолияти озмоишгоҳи назорати таҳлилӣ аз самтҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, намояндаи Иттиҳоди Аврупо табиати Тоҷикистонро бо пиряхҳои азим, кӯлҳо, ҷангалҳо ва гуногунрангии олами ҳайвонот беназир номид. Ӯ таъкид кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои сабзгардонии қаламрави Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, ки он ба таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ омодагии Иттиҳоди Аврупо барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо ифлосшавии ҳаво, идоракунии партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо ва тақвияти маърифати экологӣ дар байни аҳолӣ таъкид шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои беҳтар намудани вазъи муҳити зист дар Тоҷикистон ҳамкориро тақвият хоҳанд дод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend