Забони тоҷикӣ аз зарбулмасалу мақолҳо бой аст, ки мардум аз он васеъ истифода мебаранд. Ҷолибтараш он аст, ки мардум натанҳо аз мақолҳои тоҷикӣ, балки аз мақолҳои ӯзбекӣ низ истифода мекунанд. Муаллифи Your.tj бо сокинон ҳамсуҳбат шуда, зарбулмасалу мақолҳои ӯзбекиро, ки миёни мардум серистеъмоланд ҷамъоварӣ намуд.
“Камбағалро дар болои уштур ҳам мор мегазад”
Саидаҳмад Қаландаров сокини 74 солаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ мақоли ӯзбекии “Туяни шамол учурса, ичкини осмонда кур”-ро зиёд истифода мебурдааст.
“Ҳар гоҳ мушкилие пеш ояд, аввал ба сари камбағал меояд, гуфта ман ҳамин мақоли ӯзбекиро ба забон меорам. Ҳарчанд ин зарбулмасал дар забони тоҷикӣ ҳам ҳаст, “Камбағалро аз болои уштур ҳам мор мегазад”, – мегӯяд ӯ.
“Узумда ёқ, оламда ёқ”
Зебохон Кенҷаева, муаллимаи забони англисӣ аз шаҳри Хуҷанд мақолеро, ки бибиаш доим ба забон меовардаст, ба мо шарҳ дод.
“Дар шаҳраки Ғафуров қисми зиёди аҳолӣ ӯзбекони этникианд. Аз ин рӯ бибии ман, ки худ тоҷик буданд, забони ӯзбекиро хуб медонистанд. Зимни суҳбатҳояшон мақолҳои ӯзбекиро бисёр кор мефармуданд. Яке аз мақолҳое, ки бибиям зиёд мегуфтанд – “Узумда ёқ ,оламда ёқ” буд.
Маънояш “чизе, ки дар ман набошад, дар олам ҳам нест”, – мегӯяд Зебохон Кенҷаев.
Доноро як ишора, нодонро сад калтак
Илҳомҷон Ҳошимов журналисти яке аз телевизиони СМ-1 – и Хуҷанд мегӯяд, дар хурдсолӣ аз пирони маҳаллаашон зарбулмасали “Яхши отга бир қамчин, ямон отга минг қамчин” ро зиёд мешунид, ки онро акнун худаш низ истифода мекунад.
“Ин мақолро дар забони тоҷикӣ “Доноро як ишора, нодонро сад калтак” мегӯянд. Маънои таҳтуллафзиаш чунин аст: “Одами нағзро як қамчин тарбия мекунад ва одами бадро ҳазор қамчин занед, ҳам тарбия намешавад”. Ҳадафи корбурди он ҷанбаи тарбиявӣ дорад” – мегӯяд Илҳомҷон Ҳошимов.
“Сулаймон улдию девлар қутулди!”
Нависандаи тоҷик Обид Шакурзода, ки бештар ба тарҷумаи китобҳо аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ машғул аст, мақоли ӯзбекии “Сулаймон улдию девлар қутулди!”- ро дар гуфтугӯ истифода мекардааст.
“Ин зарбулмасал ишора ба он аст, ки Сулаймони набӣ, ки девҳо дар хидматаш буданд, мурду онҳо дигар саркаш шуданд, ин ҷо ҳам гӯянда бо киноя мегӯяд, ки мо мурдему ту дунёро бесоҳиб ёфта, аз худ рафтӣ” – шарҳ медиҳад, Обид Шакурзода.
“Гапаш аз кораш зиёд аст”
Наргис Каримова журналист мақоли зерини ӯзбекии “Кӯп гап ешшакга юк”-ро, ки варианти тоҷикӣ низ дорад, зиёд шунида ва ҳоло худаш низ аз он истифода мекунад. Дар забони тоҷикӣ мегӯянд, ки “Гапаш аз кораш зиёд аст”
“Ба одамоне, ки гапашон аз корашон бисёр аст, ин мақолро мегӯянд”, – мегӯяд Наргис Каримова.
Аксар мақолҳои тоҷикию ӯзбекӣ ба ҳам монанданд. Муҳаққиқ Я. И. Калонтаров таҳқиқот гузаронда, ҳанӯз соли 1969 дар Душанбе бо номи “Таджикские пословицы и поговорки в сравнении с узбекскими” китоб ба табъ расонида буд. Баробармаъноии мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гувоҳӣ он аст, ки мардуми мо ба ҳам наздикӣ ва фарҳанги муштарак дошта, ба оламу одам аксар маврид нигоҳи якхела доранд.
Файзуллохон Обидов