fbpx

Таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои тоҷикӣ. Соати дарсӣ кам ё китоби наву муаллими ҳирфаӣ намерасад

Проблемаи асосӣ дар муҳоҷирати зиёди тоҷикистониён ба Русия боқӣ мемонад, ки надонистани забони русӣ ба онҳо дар ин кишвар мушкил эҷод мекунад.


0
Дарси забони русӣ
Дарси забони русӣ

Чаро аксари ҷавонони тоҷик забони русию англисиро хуб намедонанд? Саволест, ки солҳо боз мавриди баҳси доғ аст. Назари гурӯҳе бар он аст, ки феълан муҳит ва шароити мусоид барои омӯзиши забонҳо вуҷуд надорад. Гурӯҳи дигар набудани методи нави таълим ва камчин будани омӯзгорони ҳирфаиро ба ин сабабгор медонанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон танҳо соли гузашта панҷ мактаби наверо, ки дар он таълим пурра ба забони русӣ сурат мегирад, ифтитоҳ кард. Инчунин, соли 2023-ро “Соли забони русӣ дар Тоҷикистон” эълон кард.

Таълими забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ дар кадом вазъ аст? Оё имрӯз дар Тоҷикистон китобҳои нави дарсӣ, соатҳои таълим, муаллимони фанни забони русӣ ва англисӣ ба қадри кофӣ аст? Муаллифи Your.tj кӯшиш кард, муайян намояд, ки вазъи омӯзиши ин забонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд чӣ гуна аст?

Ҷалби мутхассисони ҷавон ба мактабҳо

Мавқеи забони русӣ то рафт танг мешавад. Он ба ҷуз дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ва баъзе шабакаҳои интернетӣ дигар дар ҷойе ба кор намеояд. Вале проблемаи асосӣ дар он аст, ки самти асосии муҳоҷирати тоҷикистониён Русия боқӣ мемонад ва надонистани забони русӣ ба онҳо мушкил эҷод мекунад.

Ғайр аз ин дар Тоҷикистон забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо маҳсуб меёбад, вале намояндагони дигар миллатҳо ҳангоми корбурд аксар вақт ба забони давлатӣ афзалият медиҳанд.

Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, дар соли таҳсили 2023-2024 дар 952 муасссиаи таълимии вилоят 3221 омӯзгори фанни забони русӣ ва 2716 муаллими фанни забони англисӣ фаъолият доранд. Дар ин давра боз 702 мутахассиси ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ҷойи кор ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир шудаанд.

Ба гуфтаи Раъно Шаропова, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо дархост барои таъмин кардан бо мутахассиси фанни забони русӣ зиёд меояд. Факултет мекӯшад, ки аз рӯйи имкон хатмкунандаҳоро ба мактабҳое, ки ба муаллими забони русӣ ниёз доранд, барои кор роҳхат диҳад.

Раъно Шаропова, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Раъно Шаропова, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

“Мисол, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ба 60, шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ба 10 нафар хатмкунандагони мо талабот доранд. Аз 125 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023, ки 55 нафарашон тариқи буҷавӣ ва квота таҳсил доштанд, бо дархости шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ба кор ҷалб шуданд”, – афзуд Раъно Шаропова.

Мушкили китобҳои дарсӣ

Гуфта мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар оғози соли таҳсили 2023-2024 бо 4 миллиону 535 ҳазору 362 нусха китоби дарсӣ таъминанд. Вале, дар айни замон ба 247 ҳазору 212 нусха китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд.

“Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо 16 ширкати ноширии ватанӣ чопи 38 номгӯи китоби дарсиро, аз ҷумла, бо забони русӣ бо миқдори 2 миллиону 811 ҳазору 760 нусха ба роҳ мондааст, ки пас аз пурра нашр шудан ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас мешаванд”,- илова кард сардори Раёсати маориф дар Суғд.

Нигаронӣ аз кам будани соатҳои дарси забони русӣ

Раъно Шаропова дар идомаи суҳбат гуфт, ки дар синфҳои тоҷикии макотиби кишвар аз соли 1997 методи таълими якҷояи забон ва адабиёти рус амал мекунад.

Ӯ афзуд, дар синфҳои ибтидоӣ дар як ҳафта ҳамагӣ 3 соат ҷудо мешавад, ки ин кам аст, бояд то 4-5 соати дарсӣ бояд зиёд карда шавад. Синфҳои 6-11 низ, ҳамагӣ ду соат забони русӣ мехонанд, ки ин кам аст. Муаллим ҳам танқисӣ мекашад, ки дар як ҳафта, ки ҳамагӣ 90 дақиқа вақт дорад, таъриху адабиёт ва забони русиро омӯзонад.

“Сатҳи забондонии бархе донишҷӯёни соли аввал хеле тааҷҷубовар аст. Мо, устодон маҷбурем, ки бо онҳо ба тариқи фардӣ дарс гузарем. Дар ин самт муаллимони кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ вақт ёфта, бо донишҷӯён берун аз соати дарсӣ ройгон корбарӣ мекунанд”,- шарҳ дод декани факултет.

Омӯзгорони ҷавон чӣ мегӯянд?

Муҳимияти ворид шудани навгонӣ ба барномаи таълимӣ

Муҳаббат Абдулҳаева мутахассиси ҷавони соҳаи тарҷумонӣ аст. Ӯ се сол дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт ба ҳайси роҳбари маҳфили забони русӣ фаъолият кард. Ғайр аз пеш бурдани фаъолияти омӯзгорӣ боз ҳамчун тарҷумони забони туркӣ ба русӣ фаъолият дорад.

Муҳаббат Абдулҳаева, тарҷумон ва муаллими забони русӣ
Муҳаббат Абдулҳаева, тарҷумон ва муаллими забони русӣ

Тавре Муҳаббат нақл кард, ба маҳфили вай хонандагони синфи 3-11 аъзо буданд. Ҳамсуҳбати мо дар хусуси муҳим будани забономӯзӣ мегӯяд, ки имрӯз барои мутахассиси хуб шудан донистани забони русӣ ва англисӣ шарти аввалиндараҷа аст. Аммо ба назари шахсии вай, дар муҳтавои китобҳои дарсӣ бояд навгонӣ ворид шаванд.

“Албатта, китобҳои дарсие, ки аз рӯйи он дар мактабҳо дарс медиҳанд, бад нестанд. Вале барои омӯхтани нозукиҳои забони русӣ ба ҳадде, ки лозим аст, мусоидат карда наметавонад. Фикр дорам, ки дар Тоҷикистон барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар шаванд, то ба меъёрҳои муосир ва талаботи муҳассилин ҷавобгӯ бошад. Дар онҳо бояд мавзӯъҳои муҳими рӯзро ҷой диҳанд, то завқу таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиш ҷалб карда тавонем”, – афзуд мутахассис.

Ӯ зарур мешуморад, ки дар усули таълим корбасти бозиҳои гуногун, истифода аз захираҳои фаровони мултимедиявӣ, омӯзиши тарҳмеҳвар (проектно-ориентированное обучение), ки дар ин намуди таълим ҳадафҳои ба нақша гирифташуда муҳим аст, амалӣ бояд шавад, то таъсири ҷараёни таълим афзуда, таваҷҷуҳи ҳар хонанда ба дарсҳо бештар шавад.

Соатҳои кам ва афзалияти китобҳои пешинаи дарсӣ

Баҳодур Кучиев низ муаллими ҷавони забони русӣ аст. Ӯ хатмкардаи факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Вай соли 2017 ба дараҷаи бакалаврӣ соҳиб шуда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 – и ноҳияи Деваштич ба кор сар кард.

Баҳодур Кучиев, муаллими забони русӣ
Баҳодур Кучиев, муаллими забони русӣ

Пас аз 5 соли фаъолият дар мактаб хост, ки зинаи магистриро дар ихтисоси таҳсилкардааш давом диҳад. Имрӯз ӯ магистранти соли дуюм ва ҳамзамон омӯзгор-тадқиқотчии кафедраи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мебошад.

“Дар мактабе, ки хонда будам, муаллими забони русӣ шудам. Имрӯз, аллакай, собиқ шогирдонам донишҷӯи факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошанд. Ростӣ, дар рӯзҳои аввали фаъолият аз соатҳои дарсие, ки барои таълими забони русӣ ҷудо шудааст, қонеъ набудам. Дар 1 синф ҳатфае 2 ё 3 соат дарс медодам. Бисёр мехостам, ки шогирдон, забони русиро ақаллан дар сатҳи муошират ёд гиранд”, – ба ёд овард муаллими ҷавон.

Омӯзгори ҷавон хуш қабул дорад, ки чанде пеш ба низоми салоҳиятнокӣ гузариш карданд ва ба муаллимони ҷавон дастурҳои муфид дастрас гардид. Дар он маводи ҷолиб, бозиҳо ҷой дода шудааст, ки дар дарсҳо фаровон истифода мебаранд.

“Низоми мазкури таълим талаб мекунад, ки хонандагон бештар фаъол бошанд. Аз ин рӯ, ҳаракат мекунем, ки онҳоро ба худомӯзӣ роҳнамоӣ кунем. Албатта, барои ин имконият ва шароити молиявӣ муҳим аст. Ба шогирдон мефаҳмонам, ки дар Интернет-курсҳои хуби онлайнӣ барои худомӯзӣ мавҷуд аст. Ҳатто барои муаллимони ҷавон низ курсҳои муфид аст, бо шогирдон якҷо дар чунин курсҳо машғули омӯзиш мешавем”,- шарҳ дод муаллими забони русӣ.

“Агар дарсҳои муаллим хуб бошад!”

Манучеҳра Исҳоқӣ беш аз як сол боз дар Литсейи физикӣ-математикӣ №1-и ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ҳамчун омӯзгори забони русӣ кор мекунад. Ӯ ба синфҳои 6, ки бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд, дарс медиҳад. Дарсҳояш дар як ҳафта 3 бор аст.

Манучеҳра Исҳоқӣ дарси русӣ
Манучеҳра Исҳоқӣ, дарси фанни забони русӣ

“Ба фикри ман, муаллим китобҳои дарсиро бояд бад нагӯяд. Кӯшиш кунад, ки дар чаҳорчӯбаи соатҳои додашуда мавзӯъҳои дарсро ба бачаҳо фаҳмонад. Дар дарсҳо аз бозиҳои гуногун истифода мебарам, аз ҷумла, аз бозии чистон ва калимаёбак (кроссворд). Дар синф бо бачаҳо машқҳои зиёдро иҷро мекунем, диктант мегирем.

Агар муаллим аз таҳи дил кор кунад, шогирд ҳатман ба забономӯзӣ шавқ пайдо мекунад. Ба шогирдонам мегӯям, ки дар хона бо волидон ба забони русӣ ҳарф зананд ва китобҳои ба русӣ нашршударо низ зиёд хонанд. Агар онҳо ба забономӯзӣ ҳамин тарз муносибат кунанд, қобилияти озодона сухан гуфтану навиштанро ёд мегиранд”, – андеша дорад Манучеҳра.

Омӯзгорони забони англисӣ: “Китоби дарсӣ бояд осонфаҳму сода бошад”

Дилрабо Юсупова дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Конибодом ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ 3 сол кор кардааст. Дар ин вақт эҳсос намудааст, ки китобҳои дарсӣ барои хонандагон душворфаҳм аст ва муҳтавои он ба методикаи забони англисӣ мувофиқат намекунад.

“Дар мактаб ба синфи 5-11 дарс медодам. Онҳо ҳафтае 2 соат дарс доштанд. Албатта, ин вақт хеле кам аст. Фикр мекунам, ки хонандагон дар як ҳафта ҳадди ақал 4-5 соат бояд дарси забони англисӣ хонанд.

Чанде пеш ба Маркази таълимии “Флепп”, воқеъ дар шаҳри Конибодом  ба кор гузаштам. Дар ин марказ аз китобу даструҳои дар хориҷ нашршуда истифода мебарем, ки ҳазм кардани муҳтавои он барои забономӯз осонтар аст”, – изҳор дошт омӯзгор.

Азиз Каримӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 83-и Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаллими забони англисӣ аст. Вай 15 сол боз дар ин дабистон фаъолияти омӯзгорӣ дорад. Бештар ба синфҳои 6-11 дарс медиҳад.

Азиз Каримӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ

“Дар ин синфҳо ҳафтае 2 маротиба соати дарсии забони англисӣ муқаррар шудааст. Мехостам, ки ақаллан ҳафтае 3 маротиба ин фан дарс дода шавад, то бо шогирдон бисёртар кор кунем. Ҳамзамон, ба фикри ман, китобҳои дарсӣ бояд содатар бошанд, то азхуд кардани забон осон шавад. Дар он калимаву ибораҳои омафаҳм, ки соҳибзабонон дар ҳаёти рӯзмарра истифода мебаранд, беҳтар аст, ки зиёдтар ҷой дода шавад”, – афзуд муаллим.

Волидон ба дарси забонҳои хориҷии мактаб чӣ назар доранд?

“Муҳити мусоид ва соатҳои бештар лозим”

Неъматҷон Юсупов: Барои омӯхтани муошират ба забономӯз муҳит лозим аст, ки берун аз дарс бо забони русӣ ё англисӣ ҳарф занад. Барои омӯхтани грамматика ва қоидаи имло, албатта, муаллими хонагӣ (репетитор) даркор аст.

Дарси фанни забони русӣ

Инчунин, мутолиаи асарҳои бадеӣ, аз ёд кардани шеърҳо, тамошои кино ва силсилафилмҳои тасвирӣ, ки бештар қаҳрамонҳои мусбат дорад, донишҳои омӯхташударо мутсаҳкам мекунад. Бо як дарси мактаб забонро омӯхта намешавад. Агар толибилмон дар вақти дарс бо забони русӣ ҳарф зада, баъд аз занги баромад боз пурра бо забони модарӣ гап зананд, интизор шудани натиҷаи хуб дуруст аст?

Ҳамида Сангинова: Дар мактаб дар як ҳафта ду соат забони русӣ хондан хеле кам аст. Солҳои пеш фанҳои хониш ва адабиёти рус таълим дода мешуд, ки барои рушди маҳорати суханронӣ муҳим буд. Ҳозир китоби дарсии синфи 7 “Русский язык” машқҳои нағз надорад. Китобҳои солҳои пешин барои инкишофи нутқи хонанда равона гардида буд.

“Ҳамааш ба мо вобаста. Дар синфҳои тоҷикӣ ҳам омӯхтани забонҳои хориҷӣ имкон дорад”

Масъуд Эшонов: Дар синфҳои тоҷикӣ хонда, забони русию англисиро ёд гирифтан имкон дорад. Се писарам дар мактаби тоҷикӣ хонданд. Имрӯз забони русиро хеле хуб медонанд. Ман дар вақташ барои онҳо муҳит месохтам, то бо русӣ гап зананд.

Н. Мараҷабов: Забономӯзӣ ба худи бача ва муҳити вобаста аст. Дар хона бо забони русӣ бисёртар ҳарф задан лозим, зеро назария бе амалия фоида надорад. Дуруст аст, ки бе репетитор намешавад. Дар баъзе мактаб як муаллим ба 40 хонанда дар як соат чӣ қадар омӯзонида метавонад?

Лутфия Маҳмадалиева: Ҷиянам ду сол дар Русия буд. Муоширатро нағз ёд гирифта буд. Ба Тоҷикистон омадем, ба синфи 1-ум рафт. Баъди аввалин рӯзи дарсӣ гуфт, ки муаллима бисёртар тоҷикӣ гап мезанад. Ҳозир дигар ба русӣ дуруст сухан ронда наметавонад.

Мони Якубова: Фарзандонро ба мактаб барои ҳақиқатан, хондан бояд фиристонем. Дар дарс бо муаллим гапгузаронӣ накунад, ба дарсҳо халал нарасонад. Муаллимон метавонанд, ақаллан, донишу таҷрибаи доштаашонро омӯзонанд. Имрӯз дар мактабҳо толибилм ба рӯйи муаллим медавад. Кай қадру манзалати муаллим боло равад, сатҳи донишу тарбияи фарзандони мо низ баланд мешавад.

Ҷаҳонгир Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд низ иттилоъ дод, ки дар соли 2023 дар марказҳои забономӯзии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен 775 нафар курси забони русӣ ва 345 нафар курси забони англисро хатм карда, соҳиби шаҳодатнома шуданд, ки аксарият ҷавонону наврасон мебошанд.

Ҳамзамон, тибқи нишондоди масъулони соҳаи маориф, дар назди Марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят 150 маҳфили забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври ройгон фаъолият дорад, ки 2 ҳазор толибилмро фаро мегирад. Вақт нишон хоҳад дод, ки муҳассилини тоҷик забонҳои хориҷиро то чӣ ҳад аз худ карданд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend