fbpx

Табиби тоҷик дар Русия ҷоизаи “Мо дар каноратон ҳастем”-ро гирифт

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Савганди садоқат ба номи президент

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон баъд аз тасдиқи номзадияшон аз тарафи палатаи болоии порлумони кишвар  ба номи президент савганди садоқат ёд карданд.

Бино ба иттилоии маркази матбуотии раисҷумҳур, маросим рӯзи 15-уми декабр дар Қасри миллат  баргузор шуд.

Онҳо мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи  Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии  Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи палатаи болоӣ ва поёнии парлумони кишвар ба президент савганд ёд мекунанд.

Савганди мансабдорон ба номи раиси ҷумҳурӣ соли 2016 ба қонун ворид шуд.

Табиби тоҷик дар Русия ҷоизаи вижа гирифт

Фурқат Ғафуров, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки тайи тақрибан ҳашт сол боз дар Русия машғули кору зиндагист, рӯзи 4-уми декабр барои фаъолиятҳои пизишкӣ соҳиби ҷоизаи вижа шуд. Губернатори вилояти Маскав аз заҳматҳои ин ҷарроҳи тоҷик қадрдонӣ кардааст.

Андрей Воробёв дар маросими хос ҷоизаи ба номи “Мо дар каноратон ҳастем”-ро ба 180 табиб тақдим кардааст, ки дар миёни онҳо Фурқат Ғафуров, мудири шуъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони яке аз шаҳрҳои вилояти Маскав, низ буд.

Губернатори вилояти Маскав аз ин зодаи Тоҷикистон ба хотири кори муваффақона ва кумак ба беморон дар шароити густариши коронавирус қадрдонӣ кардааст.

Ба гуфтаи расонаҳо, дар ду даҳаи охир ҳукумати Русия ба воситаи барномаи махсус кормандони тибби Тоҷикистонро ба кишвари худ ҷалб намуд. Танҳо аз вилояти Суғд дар ин муддат ба воситаи консулгарии Русия дар Хуҷанд наздики 10 ҳазор пизишки ботаҷриба ба Русия кӯчонда шуд.

Пайравӣ аз Эмомалӣ Раҳмон? Аҳмадзода ба аёдати ниёзмандон рафт

Дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд аксҳои замони аёдати Аҳмадзода аз хонаводаҳои камбизоату ниёзмандро нашр кард, ки бо дастархони пур ӯро пешвоз гирифтанд. Тавре аз акси нашршуда бар меояд, дастархони оилаи камбизоат ҳадди аққал то 200 сомонӣ арзиш дорад.

Хабаргузории “Спутник Тоҷикистон” амали мазкурро зари суол бурдааст, ки дастархони пур нозу неъмат аз сӯи худи оилаи ниёзманд ё аз сӯи мақомоти вилояти Суғд ороста шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ахиран ба аёдати оилаҳои камбизоату ниёзманди шаҳри Исфара рафтааст.

Гуфта шудааст, ки раиси вилояти Суғд ба манзили Мусоева Баҳрихон, Неъматова Паттихон ва Сангинова Мафруза ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Ҳарду оилаҳо ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда ҳамроҳи духтаронашон зиндагӣ мекунанд.

Дар Хуҷанд се рӯз боз гирифтори “вируси корона” бистарӣ нашудааст           

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, дар шифохонаҳои шаҳри Хуҷанд тайи се рӯзи охир 600 нафарро муоина кардаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо бо ташхиси “вируси корона” ё “илтиҳоби шуш” дар шифохонаҳо бистарӣ нашудааст.

“Сироятёбӣ ҳаст, онро намешавад инкор кард, аммо маризшавӣ дар сатҳи хеле пойин қарор дорад. Масалан, ҳомилони сиҳатманд (здоровие носители), яъне бе аломат ҳастанд, аммо теъдоди онҳо низ хеле кам аст. Дар шифохонаҳо ду – се нафари гирифторшударо дорем, ки ҳолаташон миёнавазнин ва вазъашон рӯ ба беҳбудист”, – гуфт Абдумавлон Абдуллозода.

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, далели коҳиши гирифторӣ ба “вируси корона” эҳтимолан сардии шадид ва дар хона мондани сокинони вилоят аст.

Аз моҳи январ вуруди нақлиёт ба Душанбе аз якчанд минтақаҳо маҳдуд мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 1 январи соли 2021 ба вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат маҳдудият ҷорӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахти Тоҷикистон.

Ба ин тариқ, аз 1 январ ронандагони машғули мусофиркашонӣ аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат, ки тариқи Дарвозаҳои шарқии шаҳр ба пойтахт меоянд, уҳдадор мешаванд, ки мусофирони худро дар терминали “Шарқ транс”, воқеъ дар баромад аз Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз автомашина пиёда кунанд.

Мусофироне, ки аз шаҳру навоҳии дар боло зикршуда ба пойтахт меоянд, барои воридшавӣ ба Душанбе метавонанд аз хизматрасонии микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №18, 39 ва автобусҳои  №2, 4, 7, 43 истифода баранд.

Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки ин қарори раиси пойтахт алҳол ба автомашинаҳое, ки бо мусофирон аз самти Варзобу вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор ба Душанбе меоянд, дахл надорад.

Русия ва БОҶ ба Тоҷикистон 180 тонна равған доданд

Барномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ)-и СММ имрӯз ба Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ дод. Боз 123 тонна дигар равғани растанӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Ин кумаки башардӯстона аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд, ки мувофиқи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни БОҶ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, барои таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон дар соли 2020 5 млн доллар маблағ ҷудо кард.

Дар доираи ин маблағгузорӣ ба Тоҷикистон аллакай 3 ҳазор тонна орди витаминдор оварда шуда буд.

Кумаки хӯроквории мазкур қисмате аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ мебошад, ки зиёда аз ним миллион хонандагони синфҳи 1-4-уми 2 ҳазор мактабҳои ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистонро фаро мегирад. Хонандагони ин мактабҳо бо мусоидати БОҶ ва Русия бо ғизои мунтазам ва солим таъмин карда мешаванд.

Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи БОҶ дар Тоҷикистон мебошад. Дар баробари таъмини муассисаҳои тахлимӣ бо хӯрокворӣ, БОҶ ҳамчунин ба таҷдиди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъмир ва сохтмони ошхонаву нонвойхона ва гармхона дар мактабҳо, ки барои он аз соли 2012 Русия беш аз 28 млн доллар маблағ ҷудо кардааст, мусидат менамояд.

36 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 15-уми декабр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 12777 нафар расид.

Аз оғози пандемия то имрӯз 88 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12212 нафар баробар шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend