Шоҳроҳи Помир: Сафар ба Боми ҷаҳон

Маълумоти муфид ба сайёҳоне, ки барои лаззат бурдан аз манзараҳои зебои Бадахшон - яке аз минтақаҳои баландкӯҳи Замин сафар кардан мехоҳанд.


Памирский тракт Таджикистан

Шоҳроҳи Помир

Шоҳроҳи Помир, ки бо номи M41 низ маъруф аст, роҳи афсонавиест, ки беш аз 1200 километр дарозӣ дорад ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳри Оши Қирғизистон мепайвандад.

Ин хатсайри дурдаст ва ҳайратангез аз қалби кӯҳҳои Помир гузашта, ба сайёҳон имконият медиҳад, ки бо манзараҳои нотакрор, мероси бойи фарҳангӣ аз наздик ошно шуда, саёҳати худро хотирмон созанд.

Барои онҳое, ки мехоҳанд аз кори якранги ҳаррӯза берун шуда, ба олами табиат ва анъанаҳо ғарқ шаванд, шоҳроҳи Помир беҳтаринест макон барои сафар аст.

Сафаре ба дарозои “як умр”

Шоҳроҳи Помир роҳи одӣ нест, балки сафар ба таърих аст. Ин масир замоне як қисми роҳи қадими Абрешим буд ва тоҷирон, зоирон ва муҳаққиқонро, ки байни Аврупову Осиё сафар мекарданд, мепайваст.

Роҳи Абрешим шабакаи хатсайрҳои тиҷоратие буд, ки ба мубодилаи молҳо, ғояҳо ва фарҳанг мусоидат мекарданд. Корвонҳои пур аз абрешим, ҳанут ва сангҳои қиматбаҳо аз кӯҳҳои Помир гузашта, тамаддунҳоро бо ҳам мепайвастанд ва ҷараёни таърихро муайян мекарданд.

Барои сайёҳони муосир, гузаштан аз шоҳроҳи Помир ин имкони гузаштан аз пайроҳаҳои он тоҷирон ва сайёҳони қадим ва эҳсоси робитаи зинда бо гузашта аст.

Хоруғ, намуд аз боло

Дар солҳои 1930-ум Иттиҳоди Шӯравӣ асосан барои осон кардани сафарҳои ҳарбӣ ва минтақавӣ шоҳроҳи муосири Помирро сохт. Дар замони ҳукумати шӯравӣ роҳ аҳамияти стратегӣ дошт, зеро Осиёи Марказиро бо дигар қисматҳои ИҶШС мепайваст.

Гарчанде ки инфрасохтор аз замони шӯравӣ қариб бетағйир боқӣ мондааст, имрӯз шоҳроҳи Помир асосан аз ҷониби сокинони маҳаллӣ барои тиҷорат ва интиқол истифода мешавад. Инчунин ҷаҳонгардони нотарсро зебоӣ ва мураккабии он ба худ ҷалб мекунад.

Аҳамияти шоҳроҳи Помир ҳамчун долони фарҳангии муосир низ муҳим аст. Он на танҳо шаҳрҳоро, балки ҷамоатҳои кӯҳии дурдастро, ки тиҷорат ва алоқаи онҳо аз шоҳроҳ вобаста аст низ ба ҳам мепайвандад.

Дар роҳ сайёҳон имкон доранд бо одамоне вохӯранд, ки анъанаҳои асримиёнагиро нигоҳ медоранд. Ин ба шукӯҳу шаҳомати табиии минтақа арзиши бойи фарҳангӣ илова мекунад.

Омодагии зарурӣ ба сафар

Барои онҳое, ки мехоҳанд ба ин сафари ҷолиб раванд, омодагӣ ниҳоят муҳим аст.

Шоҳроҳи Помир роҳи одӣ нест ва ҷойгиршавии он дар минтақаи баландкӯҳи дурдаст мушкилоти ба худ хосро ба вуҷуд меорад.

Ҳолати роҳ хеле фарқ мекунад, қитъаҳои хокпӯши танг ва хатарнок дорад. Ярч, сангрезӣ ва шусташавии роҳ дар ин ҷо ҳолати маъмулӣ аст, махсусан дар моҳҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ, вақте ки ҳаво пешгӯинашаванда аст.

Пеш аз баромадан, бояд боварӣ ҳосил кард, ки мошин барои сафарҳо тариқи роҳҳои вайрон хуб мутобиқ карда шудааст ва метавонад нишебиҳои баланд ва ноҳамвориҳоро гузарад.

Агар мошинро иҷора гиред, тавсия дода мешавад, ки мошини чор чархаш гардандаро истифода баред, зеро он бо пурқувватӣ ва тавоноии гузаштан аз қитъаҳои ноҳамвори роҳ фарқ мекунад.

Аксари сайёҳон ба киро кардани ронандаи маҳаллие, ки минтақаро хуб медонад ва ҳама гуна мушкилоти ғайричашмдошт, ба монанди шикастурехти механикӣ ё басташавии роҳҳоро ба осонӣ паси сар мекунад, бартарӣ медиҳанд.

Аммо, барои онҳое, ки мустақилона сафар карданро афзал медонанд, мустақилона ба роҳ баромадан интихоби комилан қобили қабул аст, ба шарте ки дар минтақаҳои дурдаст бидуни дастрасии мустақим ба кӯмак шуморо ба ҳарос наандозад.

Доштани мошини шахсӣ, инчунин имкон медиҳад, дар вақти дилхоҳ истода, гирду атрофи шоҳроҳро, ки дар худ ганҷҳои ниҳонӣ дорад, омӯхта хатсайрро ба худ мувофиқ ва ҷолиб созед.

Асбоби асосии сафар ба шоҳроҳи Помир

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини омодагӣ ба сафар тавассути шоҳроҳи Помир захира кардани хӯрокворӣ мебошад. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хеле каманд, махсусан дар байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мурғоб, ки якчанд соат роҳ аст, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ он тараф истад, ягон мошинро вохӯрдан мушкил аст.

Доштани захираи сӯзишворӣ, чархҳои эҳтиётӣ ва асбобҳои асосӣ барои таъмири мошин заруранд.

Ғайр аз ин, дар баъзе минтақаҳо метавонед ба норасоии ғизо ва об дучор шавед, аз ин рӯ дар шаҳрҳои калон, ки ёфтани онҳо осон аст, хӯрок захира кунед.

Умедвор набошед, ки дар деҳаҳои хурд шумо ҳама чизи лозимаро пайдо карда метавонед, зеро захираҳои онҳо маҳдуданд.

Сӯзишворӣ ва захира – чизҳое, ки барои роҳ заруранд

Дурдастии шоҳроҳи Помир маънои онро дорад, ки дастрасӣ ба сӯзишворӣ, ғизо ва манзил хеле маҳдуд аст.

Пас аз он ки аз шаҳрҳои калон, ба мисли Душанбе ё Хоруғ мегузаред, мефаҳмед, ки нуқтаҳои сӯзишворӣ аз ҳамдигар хеле дуранд ва дар баъзе ҳолатҳо дар онҳо сӯзишворӣ тамоман вуҷуд надорад.

Тавсия дода мешавад, ки дар ҳар фурсати муносиб баки мошинро пур кунед ва бо худ зарфҳои иловагии сӯзишворӣ дошта бошед, махсусан агар берун аз роҳи асосӣ ё минтақаҳои ҷудо гузар кардан хоҳед.

Инчунин, захира кардани хӯрок ва об муҳим аст. Гарчанде ки баъзе деҳаҳои қад-қади шоҳроҳ мағозаҳои хурд доранд, онҳо аксар вақт ҳатто молҳои асосӣ, аз қабили нон ё оби фурӯшӣ надоранд.

Барои молҳои муҳимтар, ба монанди маҳсулоти тару тоза ё консерва, бояд ба шаҳрҳои калон, ба монанди Хоруғ ё Мурғоб равед.

Ғайр аз ин, гардишгарон бо худ бояд хӯришҳои серғизо ва хӯрокҳои вайроннашаванда бигиранд, ки ин метавонад ба онҳо ҳангоми танаффусҳои тӯлонӣ байни истеъмоли хӯроки асосӣ кӯмак кунад.

Дар тӯли шоҳроҳи Помир дар шаҳрҳои калон барои истодан меҳмонхонаҳо ва дар деҳаҳои хурд меҳмонхонаҳои хонагӣ ҳастанд.

Вуруд ба ВМКБ

Гарчанде ки онҳо имконияти нотакрори баҳра бурдан аз меҳмоннавозии бадахшониро фароҳам меоранд, вале аксар вақт шароити муосир, ба монанди оби гарм ё манбаи барқи боэътимод надоранд.

Баъзе меҳмонхонаҳо метавонанд гармидиҳӣ надошта бошанд, ки ин метавонад дар баландиҳо, ки ҳарорати шабона ҳатто дар тобистон хеле паст аст, мушкил эҷод кунад.

Дар ин ҳолат, бо худ гирифтани халтаи хуби хоб муфид аст, махсусан агар сафари шумо дар моҳҳои гарми тобистон набошад.

Ҳолатҳои нозуку ҳассос дар шоҳроҳи Помир

Барои гузаштан аз баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Помир, махсусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба шаҳрванди хориҷӣ иҷозати махсус лозим аст. Махсусан барои дастрасӣ ба минтақаҳое, ба монанди водии Вахон, Булункӯл ва минтақаҳои наздимарзӣ бо Афғонистон муҳим аст.

Гирифтани иҷозат дар ВМКБ нисбатан осон аст, онро дар Душанбе ё Хоруғ ба расмият даровардан мумкин аст, аммо барои пешгирӣ кардани мушкилот дар роҳ пешакӣ гирифтани он хеле муҳим аст.

Ҳатман аз назар гузаронед, кадом ҷойҳо иҷозатномаҳои иловагиро талаб мекунанд, масалан кӯли Яшилкӯл дар наздикии Булункӯл, ки дар он ҷо ба шумо лозим меояд дар назди як дӯкончаи канори роҳ истед, то барои идомаи сафар иҷозат бигиред.

Ҳангоми сафар ба минтақаҳои дурдаст, ба монанди Бадахшон, дар хотир бояд дошт, ки минтақаҳои сарҳадӣ ҳассосанд ва дар роҳ посгоҳҳои низомиро дучор омадан мумкин аст.

Ҳамеша шиноснома ва иҷозатномаҳоро бо худ дошта бошед, зеро ҳангоми сафар, дар якчанд ҷойҳо аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онҳоро нишон диҳед.

Сарҳадбонон одатан муносибати дӯстона ва касбӣ доранд, аммо гоҳо тафтишу азназаргузарониҳо тӯл кашанд, аз ин рӯ босабр ва боэҳтиром бошед.

Нуқтаҳои асосӣ барои тамошо дар шоҳроҳи Помир

Шоҳроҳи Помир роҳи одӣ нест, балки саёҳатест тавассути яке аз манзараҳои дурдасттарин ва ҳайратангезтарини рӯи Замин.

Гардишгарон дар ин роҳ метавонанд мӯъҷизаҳои зиёди табиӣ, ҷойҳои таърихӣ ва деҳаҳои анъанавии бадахшониро бубинанд. Чанде аз ҷойҳои асосии тамошобоб инҳоянд:

Хоруғ: Дарвозаи Бадахшон

Шаҳри Хоруғ маркази маъмурии пурҷӯшу хурӯши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Барои аксари сайёҳоне, ки ба сафари шоҳроҳи Помир мебароянд, нуқтаи ибтидоӣ маҳсуб меёбад.

Маркази исмоилияи шаҳри Хоруғ – намуд аз боло

Хоруғ шаҳрест, ки дар водии бо кӯҳҳои баланд иҳотаёфта ҷойгир шуда, дар он унсурҳои замони муосир бо анъанаҳо омезиш ёфтааст.

Ин охирин шаҳри калонест, ки пеш аз минтақаҳои дурдасти шоҳроҳи Помир ҷойгир аст ва ҷои хубест барои истироҳат, захирасозии сӯзишворӣ ва омодагӣ ба сафари дарпешистода.

Меҳмонони Хоруғ метавонанд аз сайругашт дар яке аз боғҳои машҳури ботаникии баландкӯҳтарин дар ҷаҳон баҳра баранд, ки дорои навъҳои гуногуни растаниҳои ватании ин муҳити нотакрори кӯҳӣ мебошад.

Ҳатман бозори Хоруғро низ бояд дид. Дар он маҳсулоти маҳаллӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва савғотиҳо фурӯхта мешаванд.

Дар бораи яке аз қаҳвахонаи маъруфи Хоруғ дар ин ҷо хонда метавонед.

Барои онҳое, ки ба таърих таваҷҷӯҳ доранд, дар Осорхонаи кишваршиносии Хоруғ дар бораи мероси фарҳангии минтақа ва мушкилоти зиндагӣ дар чунин маҳалли дурдаст маълумот гирифтан мумкин аст.

Дар Хоруғ имконоти гуногуни дарёфти манзил мавҷуд аст, аз меҳмонхонаҳои одӣ то меҳмонхонаҳои бароҳаттар. Он инчунин ҷои хубест барои чашидани таомҳои одӣ, вале серғизои бадахшонӣ, ба монанди ош ва шӯрбо.

Қиссаи муассиси меҳмонхонаи LAL дар Хоруғро дар ин ҷо хонда метавонед.

Дар ин ҷо захира кардани хӯрокро фаромӯш накунед, зеро деҳаҳои хурде, ки шуморо дар пеш интизоранд, шояд онро надошта бошанд.

Водии Вахон – сафар ба гузашта

Водии Вахон яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати фарҳангӣ ва таърихӣ бойтарин дар шоҳроҳи Помир аст.

Ин водӣ, ки дар тӯли сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, замоне қисми муҳими роҳи Абрешим буд ва ҷойгиршавии стратегии он дар тӯли асрҳо онро чорроҳаи тамаддунҳо гардонидааст.

Имрӯз водии Вахон як минтақаи ором ва дурдастест, ки дар он қалъаҳои қадимӣ, ибодатгоҳҳои буддоӣ ва петроглифҳо гузаштаи таърихии ин минтақаро зинда медоранд.

Маълумоти бештарро дар бораи зиндагӣ дар як деҳаи Вахонӣ – Рин дар ин ҷо бихонед.

Яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Ишкошим Бозор номида мешавад. Ин деҳа чандсад сол дорад, ки замоне як нуқтаи маъмули интиқол дар қаламрави Коридори Вахон буд.

Яке аз ҷойҳои намоёнтарин дар водии Вахон қалъаи Ямчун аст. Қалъаи харобшудаистода дар болои теппа ҷойгир аст ва аз он ҷо манзараи мафтункори водии поёнро дидан мумкин аст.

Қалъа ба замони шоҳаншоҳии Кушониён тааллуқ дорад ва замоне дидбонгоҳи калидии низомӣ дар роҳи Абрешим буд. Аз қалъа қуллаҳои барфпӯши Ҳиндукуш дар Афғонистон – ёдраскунандаи аҳамияти таърихии водӣ ҳамчун қаламрави сарҳадии байни империяҳо, намоён аст.

Ҷои дигари тамошобоб дар водии Вахон – Гармчашма аст, чашмаи гарми табиие, ки ҳамагӣ 7 км дуртар аз роҳи асосӣ ҷойгир аст.

Обҳои аз минералҳо бой дорои хосиятҳои шифобахшанд ва сокинони маҳаллӣ аксар вақт барои оббозӣ ва истироҳат ба ин ҷо меоянд. Меҳмонон метавонанд дар ҳавзҳои берунии бо манзараҳои нотакрори кӯҳӣ иҳотаёфта истироҳат кунанд.

Дар бораи дигар чашмаҳои гарм дар Бадахшон дар ин ҷо хондан мумкин аст.

Дар ин ҷо дар бораи қалъаҳои Ишкошим маълумот гирифта метавонед.