fbpx

Русия тасдиқ кард, ки ба тоҷикон нафақа медиҳад. Киҳо онро гирифта метавонанд?

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-3
-3 points
Акс аз Asia-Plus

Дар Чин аз афзоиши додугирифти Тоҷикистон гуфтанд

Пас аз пандемияи коронавирус иқтисоди баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо Чину Русия додугирифти зиёд дорад, “дар ҳоли барқарор шудан” будааст.

Як сомонаи вобаста ба ҳукумати Чин, бо такя ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон навиштааст, дар 5 моҳи охир сатҳи тиҷорати хориҷии кишвар беш аз бист дарсад афзуда, ба 2,9 миллиард доллар расидааст.

Чунин маълумот дар вебсайти Хадамоти гумруки Тоҷикистон феълан дастрас нест.

Сомонаи чинӣ менависад, Тоҷикистон асосан гандуму сӯзишворӣ ва оҳану мошин харида, тилло, алюминий ва пахтаи хом содирот мекунад.

“Тоҷикистон дар фикри рушди саноаташ аст ва дар ҳоле ки як кишвари кӯҳӣ мебошад, аз назари стратегӣ метавонад чун пуле миёни Чин, Осиёи Марказӣ ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон истифода шавад,” – навиштааст манбаъ.

Дар хабар омадааст, “баррасиҳо дар бораи сохтмони роҳи оҳане, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, вуҷуд доранд, вале роҳи мустақим тавассути кӯҳҳои Помир тақрибан номумкин аст.” Бар иваз, менависад манбаъ, “роҳ ба Тоҷикистон тавассути сарҳадҳои шимолӣ бо Қирғизистон мавриди баррасӣ аст.”

Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 28 июн Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ лар соҳаи таъминот бо нафақа тасдиқ намуд.

Шартнома 15 сентябри соли 2021 ба имзо расида, ба усули баробарӣ асос ёфтааст ва масъулияти молиявии ҷонибҳоро оид ба пешниҳоди таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқҳои нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, пешбинӣ мекунад.

Шартнома нисбати шахсоне, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин аъзои оилаи онҳо мавриди амал қарор мегирад. Ба он ҳама навъҳои нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаи андӯхта ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхтаи нафақа, нафақаҳои иҷтимоӣ (бо шарти дар қаламрави Русия зиндагӣ кардани шаҳрвандон таъин ва пардохт мешаванд), кумакпулии иҷтимоӣ барои дафн (тарафе пардохт мекунад, ки шаҳрванд дар он ҷо дафн мешавад) дохил мешаванд.

Дар навиштаи шарҳ ишора мешавад, ки дар Русия зимни муайян кардани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи пиронсолӣ нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақа барои давраҳои собиқаи корӣ дар Русия, инчунин дар қаламрави собиқ РСФСР ба инобат гирифта мешавад.

Агар ҳуқуқ ба нафақа аз рӯи пиронсолӣ бар асари мавҷуд набудани нишондиҳандаи талабшуда ба вуҷуд наояд, пас тибқи шартнома нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақаи баробар ба як соли собиқаи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон (аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон), инчунин дар қаламрави кишварҳои сеюм, ки Русия бо онҳо дар бораи суғуртаи нафақа шартнома дорад, истифода мешавад.

Ситоиши Путин аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар рушди кишвараш

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар иқтисоди кишвараш “муҳиму чашмрас” арзёбӣ кард.

Ӯ дар ин бора рӯзи 28-уми июн ва дар мулоқоти расмияш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гап зад.

Ба навиштаи сомонаи расмии президенти Русия, Путин муҳоҷиронии кории тоҷикро “пули зиндаи дӯстӣ” байни ду кишвар номид. Вай гуфт, онҳо дар рушди иқтисоди Русия саҳми чашмрас доранд.

Ин тавсифи Путин аз муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон аз монеаву мушкилот дар кор ва зиндагии худ дар Русия шикоят доранд.

Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд

Дар Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид шуд. Муҳимтаринаш – акнун таъини шахсоне, ки ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд, ба мансаби имомхатиб манъ аст.

Тавре ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” иттилоъ медиҳад, Муҷибахон Ҷавҳарӣ чунин гуфт:

«Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд».

Тибқи тағйирот, акнун агар шахс ба даст доштан дар ҷиноятҳо зидди дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин гунаҳкор эътироф шуда бошад, мақомоти давлатӣ ба таъиноти ӯ ба вазифаи имомхатиб розигӣ намедиҳанд.

Ҳамсараш Далери Имомалиро дар боздоштгоҳ дидааст, вале бе шарҳ

Пайвандони Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, гуфтанд, ки ҳамсараш бо ӯ дар боздоштгоҳ вохӯрдааст.

Наздикони Далери Имомалӣ рӯзи 29-уми июн гуфтаанд, ҳамсараш 25-уми июн дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахт “бо ӯ 10-15 дақиқа дидор дошт.” Онҳо бо баёни онки “аҳволи Далер хуб аст”, дар бораи вохӯрӣ ҷузъиёт надоданд.

Ӯ рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дастгир ва ба “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дурӯғпароканӣ” ва “пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ” гумонбар аст. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон раҳоии ӯро хостаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот то ҳол ба пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дигари тоҷик, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуд, иҷозаи вохӯрӣ надодаанд. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар мекунанд, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Абдуллоҳ низ 15-уми июн аз ҷониби Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт гардида буд. Ӯро барои ҳамла ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор медонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend