“Омӯзгорон бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта шаванд. Донишгоҳи давлатии Бохтар барои муаллимонаш хона месозад
Раёасти Донишгоҳи давлатии Бохтар тасмим гирифтааст барои 200 омӯзгораш манзили зист созад. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, ректори ин донишгоҳ, рӯзи 4 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотияш хабар дод.
Ин тасмим раёсати донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар ҳолест, ки дар ҷомеа пас аз як изҳори назари вазири маорифи Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирати омӯзгорон, баҳси зиёде ба по хестааст. Муҳаммадюсуф Имомзода Вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотии охираш ба ин мавзуъ дахл карда, ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ин раванди маъмулиаст ва аз он фоҷеъа насозед.
Аммо раёсати донишгоҳи Бохтар бунёди хона барои омӯзгоронро яке аз василаҳои пуштибонии иҷтимоии омӯзгорон медонад.
“Яке аз масъалаҳои асосии имрӯза ин дастгирии иҷтимоии омӯзгорону ҳайати професорон аст. Аз ин хотир Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст барои ҳайати омӯзгорон ду бинои 9 ошёна дар маҷмуъ 200 хонаи истиқомати бисозад. Алакай замин барои сохтмон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Бохтар ҷудо шуд ва корҳои лоиҳакаши оғоз шуданд. Бо анҷом расидани ин сохтмон мо метавонем яке аз мушкилии асосии иҷтимоии омӯзгоронро ҳал кунем”- гуфт Сайфиддин Давлатзода.
Ду ҳафта қабл, масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, гуфта буданд, ки дар соли 2021 аз мактабҳои ин вилоят 2 ҳазору 67 нафар омӯзгор ба муҳоҷират рафтааанд, ки далели аслии муҳоҷиршавии онҳо вазъи иҷтимоияшон будааст..
Аммо ректори ДДБ, Сайфиддин Давлатзода ба ин масъала диди дигар дорад ва аз кор рафтани омӯзгоронро дард гуфт.
“Барои ман аз ДДБ рафтани омӯзгор ин дард аст. Омӯзгоре, ки таҷрибаи зиёд дорад, бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Нигоҳ доштани омӯзгори пуртаҷриба ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбари муассисаи таълимиаст”,- илова кард ректор.
Сайфиддин Давлатзода ҳамчунин изҳор дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст ҳаҷми музди меҳнати кормандонро 10% боло барад.
Раиси шаҳри Хоруғ аз Мамадбоқиров хост, ки ба мақомот таслим шавад
Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Мамадбоқир Мамадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар ин шаҳр, хостааст, ки худро ба мақомот таслим кунад.
Муроҷиати шаҳрдори Хоруғ шаби 6-уми феврал дар телевизиони Бадахшон нашр шудааст.
Мамадбоқир Мамадбоқировро мақомот барои латтукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон муттаҳам мекунанд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомро қабул надоранд. Ба Маҳмадбоқиров ва шаш сокини дигари Хоруғ барои таслим шудан ба мақомот як ҳафта муҳлат додаанд. Бархе сокинон гуфтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз амалиёти эҳтимолии мақомоти интизомӣ барои боздошти Маҳмадбоқиров навбатдории шабонарӯзӣ таъсис додаанд.
Дар пайи ин ҳодисаҳо дар шабакаи иҷтимоии Тик ток наворе нашр шудааст, ки дар он неруҳои махсус эҳтимол дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ қадам мезананд.
Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ, дар ин муроҷиаташ аз сокинон хостааст, ки аз “навбатдории фарзандонашон, сӯзонидани балонҳо ва мондани постҳо, инчунин маҳкам кардани роҳҳо пешгирӣ ва худдорӣ намоянд.”
Ӯ дар ин суҳбаташ аз Мамадбоқир Мамадбоқиров “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи Боло” ном бурда, талаб кардааст, ки “рафта тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш” посух диҳад.
Тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров ӯро ҷинояткор намедонанд. Рӯзи 6-уми феврал дар як муроҷиати видеоӣ аз номи як гурӯҳ сокинони Хоруғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз Мамадбоқир Мамадбоқиров “адолатпарвар” ном бурда мешавад, ки “ба доди сокинони мазлум мерасад.” Ин гурӯҳи сокинон аз талоши боздошти Мамадбоқиров танқид кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ ҷинояткор нест, балки ҳамеша мухолифи қонуншиканӣ буда, “намехоҳад, ки беқонунӣ дар шаҳри Хоруғ авҷ гирад.”
Вазъ дар шаҳри Хоруғ замоне дубора печида шуд, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон мақомот изҳорот доданд, ки барои латтукуби сардори Раёсати маориф нисбат ба Мамадбоқир Мамадбоқиров бо гумони, “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид.”
Худи Мамадбоқиров гуфт, ки воқеан бо Наврӯзов суҳбат кардааст, вале ӯро назадааст.
Шаш нафари дигаре, ки дар баробари Мамадбоқир Мамадбоқиров талаби таслим шуданашонро кардаанд, ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба қонуншиканӣ даст задаанд.
Он вақт сокинон, пас аз кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ, дар Хоруғ даст ба эътироз зада буданд. Сокинон талаб карданд, ки омилони марги Гулбуддин муҷозот шаванд. Мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва гуфтанд, ки дастраси ба интернет, ки дар рӯзҳои эътироз қатъ шуда буд, дубора барқарор мекунанд. Сокинон мегӯянд, мақомот ваъдаашонро иҷро накардаанд.
Дар Сӯғд барои муаллимон ва табибон хонаҳои истиқоматӣ месозанд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба раҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, то дар 18 шаҳру навоҳии ин вилоят барои мутахассисони ҷавони соҳаи маорифу тандурустӣ хонаҳои хидматӣ бисозанд. Гуфта мешавад ин дастур дар пасманзари тарки кор кардани духтурону омӯзгорон ва дигар мутахассисони ҷавон рӯйи даст гирифта шудааст.
Дар ҳоле мақомот бунёди хонаҳои хизматӣ барои мутахассисони ҷавонро ҳадаф қарор додааст, ки давоми чанд соли ахир шумори зиёди омӯзгорону духтурон ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагӣ тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷират овардаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ шумори дақиқи омӯзгорону духтуроне, ки давоми як соли ахир тарки кор кардаанд номбар накард, вале ин равандро “бисёр ташвишовар” хонд.
“Бисёр ташвишовар аст, ки имрӯз мутахассис берун аз ҷумҳурӣ рафта кору фаъолият карда истодаанд. Дар тамоми дунё муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст. Имрӯз Раёсати тандурустӣ ва маориф пурра кадрҳои ҷавонро ба кор ҷалб карда истодаанд. Мо бояд дар масъалаи таъмини мутахасисони ҷавон дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ҷиддӣ кор кунем”.
Раиси вилояти Суғд дар ҳоле ин мушкилро ташвишовар хонад, ки дирӯз Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабарияш гуфт, ки ин мавзуъи ҷиддие нест, ки аз он фоҷиа сохта шавад.
Ба иттилои ӯ сохтмони чунин хонаҳо алакай дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуда, дар сурати бунёд шудан ҳудуди 300 мутахассис бо манзил таъмин мешаванд. Хонаҳои хидматӣ барои мутахассисон аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ сохта шуда, барои соҳибонаш ройгон дода мешавад.
“Ба раисони шаҳру ноҳияҳо ман дастур додам сохтмони хонаҳои хизматиро оғоз кунанд. Бовар дорам, ки давоми ду се соли охир мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, маориф ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва дигар кормандони хидматчии давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо хонаи хидматӣ пурра таъмин мекунем”, -гуфт, Аҳмадзода.
Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират соли 2021 аз шимолии Тоҷикистон 181 ҳазору 109 нафар сокинон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин омор назар ба ду соли пеш аз пандемия беш аз 70 ҳазор ва дар муқоиса ба соли 2020- 151,742 ҳазор зиёд аст.
Акнун муҳоҷирони тоҷик дар Русия нафақа мегиранд.
Аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик, ки расман дар Русия кор мекунанд, метавонанд барои дарёфти нафақа муроҷиат кунанд. Созишномаи дахлдорро президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли 2021 имзо кардаанд. Дар ин бора имрӯз, 7 феврал Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, барои ин муҳоҷирони кории тоҷик бояд дар Русия расман кор кунанд ва маошашон суғурта шуда бошад.
Ба гуфтаи Давлатзода, Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар заминаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ созишнома ба имзо расонидааст.
Раиси оҷонсӣ гуфт, ки кадом тоифаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд ба гирифтани нафақаи русӣ умед банданд.
Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент бояд бо корфармо шартнома, дафтарчаи меҳнатӣ ва рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ дошта бошад. Корфармо бояд ҳар моҳ барои ҳар як корманд, ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта супорад.
Тибқи созишномаи баимзорасида корманд ҳангоми кор дар Русия метавонад худаш интихоб кунад, ки дар кадом кишвар мехоҳад нафақа бигирад – дар Русия ё дар Тоҷикистон.
Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад. Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад. Ҳиссагузорӣ 22 фоизи фонди солонаи музди корро ташкил медиҳад.
Аз ин 22 фоиз — 6 фоизаш тарифи ҳамраъй мебошад, ки барои ташаккули пардохтҳои устувор таъин шудааст ва 16 фоизаш тарифи индивидуалӣ мебошад, ки аз ҳисоби фонди инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
Барои додани шаҳодатномаи суғурта мустақилона шаҳрванди хориҷӣ бояд ба хадамоти Фонди нафақа дар ҷои истиқомати муваққатӣ ё доимии худ муроҷиат кунад.