Пироҳан бо тоқии бадахшонӣ. Чӣ тавр духтаре аз Хоруғ бренди худро машҳур кард

Насима Ҷоншоева таҷрибаи бисёрсолаи тарроҳӣ ва мутобиқсозии либосро дорад. Тақрибан ним сол пеш бренди худро бо номи Skid by Jonshoeva таъсис дод. Пироҳанҳо бо тасвири тоқиҳои классикии бадахшонӣ дар байни муштариёни Насима ба зудӣ серхаридор шуданд ва ба гуфтаи тарроҳ, талабот ба онҳо пайваста меафзояд.

Насима ба муаллифи Your.tj нақл кард, ки бо истеҳсоли ин гуна либосҳо бо тасвири миллӣ чиро инъикос кардан мехоҳад.

Чизи одӣ харидоронро бештар ҷалб мекунад

Либосҳои Skid by Jonshoeva дар асоси муҳаббати тарроҳ ба анъанаҳо ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон истеҳсол мешавад.

Калимаи skid дар тарҷумаи вахонӣ, яке аз забонҳои сокинони Ишкошим, маънои “тоқӣ”- ро дорад.

“Мо ин номро барои он интихоб кардем, ки аз мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон ифтихор дорем”,- гуфт Насима.

Бренди ӯ аз моҳи майи соли 2024 оғоз шуд ва дар муддати кӯтоҳ тавонист мавқеи худро дар бозор пайдо кунад. Пироҳан (футболка) бо тасвири тоқиҳои классикии бадахшонӣ зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият пайдо карданд ва харидорони зиёдеро ҷалб карданд.

Ба гуфтаи Насима, ба чунин пироҳанҳо на танҳо тоҷикистониён, балки хориҷиён низ таваҷҷӯҳ доранд.

“Дар пироҳанҳои мо ба ғайр аз унсурҳои миллӣ, ҳамчунин як чизи одӣ вуҷуд дорад ва ман фикр мекунам, маҳз ҳамин чиз диққати харидоронро ҷалб мекунанд”,- мегӯяд тарроҳ.

Пироҳанҳо бо тасвири тоқиҳои бадахшонӣ қаблан дар бозори ватанӣ набуданд, мегӯяд тарроҳ. Барои пур кардани ин фазои холӣ, духтарак қарор дод, ки худаш ба сохтани чунин либос шурӯъ кунад.

Аммо Насима танҳо бо тарҳи тоқии бадахшонӣ маҳдуд нашуд. Дар Skid навъҳои пироҳанҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо тоқиҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тасвир шудаанд.

“Инчунин пироҳанҳоро бо тоқиҳои Душанбе, Хатлон ва Суғд низ тарроҳӣ мекунем.

Чун либосҳо бо тоқиҳои бадахшонӣ аз ҳама бештар талабот доранд, бисёриҳо чунин менамояд, ки ман танҳо пироҳанҳоро бо тоқии бадахшонӣ оро медиҳам. Аммо ин комилан нодуруст аст”,- мегӯяд Насима.

“Мо сифати маҳсулотро назорат мекунем”

То ба ҳол, Skid пироҳанҳоро танҳо бо ду ранг сиёҳ ва сафед тарроҳӣ мекунад, зеро талабот ба онҳо зиёд аст.

Пироҳанҳзо аз сад дарсад пахта дӯхта мешаванд. Андозаҳои гуногуни онҳо мавҷуд аст, аз ҷумла калонҳаҷм (оверсайз).

“Ба мо аксар вақт менависанд, ки ин пироҳанҳо то чӣ андоза сифати хуб доранд. Ман бо итминон гуфта метавонам, ки то имрӯз касе аз сифати либоси мо шикоят накардааст.

Мо ба сифати махсулоти худ диққат медиҳем. Худам чизҳои босифатро дӯст медорам ва мехоҳам, ки пироҳанҳо ҳарчи бештар ба одамон хидмат кунанд”,- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ғайр аз пироҳан, Насима инчунин пиҷак, камзӯлча ва дигар навъи либосҳоро дубора тарроҳӣ мекунад.

Дар ин либос ӯ на танҳо тоқиҳо, инчунин чорхона – гунбази чортабақаи хонаҳои бадахшонӣ ва анорро низ наққошӣ мекунад. Насима ният дорад, ки дар оянда либосҳоро бо ангезаҳои миллии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон наққошӣ кунад.

“Кӯшиш мекунам кори наверо анҷом диҳам”

Насима аз ҳамкорони худ ва инчунин офаридаҳои тарроҳони ҷаҳонӣ илҳом мегирад.

“Китобе дорам, ки дар он нақшунигори гуногуни миллии солҳои пеш ҷамъ оварда шудаанд. Ман инчунин аз онҳо илҳом мегирам.

Ҳангоми сохтани ангора кӯшиш менамоям чизеро таҳия кунам, ки то ҳол монандаш дар бозори мо вуҷуд надорад.

Мо бисёр брендҳои миллӣ дорем ва онҳо маҳсулоти воқеан босифат истеҳсол мекунанд. Аммо ман кӯшиш мекунам, либосе омода созам, ки ба ягон бренди дигар монанд набошад”,- мегӯяд тарроҳ.

Тими Skid як корманди хизматрасонии бурдарасонӣ низ дорад, ки ба одамон либосҳоро дастрас менамояд.

Дар айни замон кормандони Насима вазифаҳои худро ба тариқи фосилавӣ иҷро мекунанд, аммо дар оянда духтарак ният дорад, дар Душанбе мағозаи худро кушояд, ки дар он тамоми аъзоёни тими ӯ кор хоҳад кард.

“Бисёре аз харидорон мепурсанд, ки оё мо мағоза дорем, то ба он ҷо омада, либосҳоро тамошо кунанд. Ҳоло мо талош дорем, ки мағозаи худро кушоем”,- гуфт тарроҳ.

“Тарроҳӣ шуғлест, ки рӯҳу тавон мебахшад”

Насима Ҷоншоева дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ ҳамеша тарроҳиро бештар аз як шуғл, ҳамчун касб меҳисобид. Қаҳрамони мо аз кӯдакӣ расмкашӣ карда метавонист ва маҳз шавқу ҳавас ба санъати тасвирӣ Насимаро ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе овард, ки онро аз рӯи ихтисоси “тарроҳ-ороишгар”, алоқаманд бо меъморӣ хатм кард.

Пас аз хатми коллеҷ, Насима дар соҳаҳои дур аз тарроҳӣ кор ва таҳсил кард. Соли 2019 духтарак ният дошт, таҳсилро дар Чин идома диҳад, аммо хуруҷи коронавирус дар ин кишвар, ки баъдан зуд дар саросари ҷаҳон паҳн шуд, ӯро маҷбур кард, дар Тоҷикистон бимонад.

Дар натиҷа, Насима Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар самти “веб-дизайнер” хатм кард. Дар баробари таҳсил, ӯ бо маркетинг ва SMM машғул буд ва инчунин дар ширкатҳои меъморӣ таҷрибаомӯзӣ мекард.

Идеяи таъсиси бренди шахсии либосҳои Насима комилан ғайричашмдошт буд. Рӯзе ӯ мехост, ки барои худ дар як пироҳан тоқии бадахшонӣ тасвир кунад.

Ӯ натиҷаи корашро дар Instagram нашр кард паёмҳои зиёде гирифт. Дӯстон, шиносҳо ва пайгирони саҳифаи инстаграми Насима таваҷҷуҳ карданд, ки ӯ чунин пироҳанро аз куҷо харидааст.

“Фикр мекунам, бисёр духтарон орзу доранд, ки бренди либоси худро дошта бошанд. Ба хулосае омадам, ки чаро худам низ кӯшиш накунам, хусусан вақте талабот ба ин гуна пироҳан хеле зиёд аст.

Тарроҳӣ барои ман то ҳол шуғлест, ки имкон медиҳад, аз кори асосии худ каме дур шавам ва танҳо лаззат барам”,- гуфт тарроҳ.

“Мехоҳам нишон диҳам, ки либоси миллиро дар ҳама ҷо пӯшидан мумкин аст”

Чанд сол пеш аз пайдоиши Skid, Насима бо мутобиқсозии тасвирҳо ва логотипҳои гуногун дар либос машғул буд.

Фармоишҳои мутобиқсозиро вай дар Instagram дар саҳифаи Sima Clothes қабул мекард, аммо пас аз муддате ин корро тарк кард.

Насима либоси миллиро хеле дӯст медорад ва ба воситаи корҳояш кӯшиш мекунад, ки нотакрорӣ ва ҳаматарафагии онро нишон диҳад.

“Дар мо чунин ақидае ҳаст, ки чизҳои миллӣ дилгиркунанда аст ва ҷолиб нест. Аммо ман ҳамеша либоси миллӣ, ороишон, нақшунигор, тоқиҳоямонро дӯст медоштам.

Ман брендро пеш аз ҳама барои тарғиби либоси миллӣ оғоз кардам, то мардум фикр накунанд, ки либосҳои миллӣ танҳо барои тӯйҳо ё баъзе чорабиниҳои расмӣ мувофиқанд.

Мехоҳам либоси аврупоиро бо нақшунигори миллӣ якҷоя кунам, то онро дар кор, сайругашт, баъзе вохӯриҳо пӯшида шавад. Мехоҳам тарҳе созам, ки дар ҳама ҷо бароҳат бошад”,- мегӯяд Насима.

Ҳоло Насима зинаи MBA-ро дар Almaty Management University (AlmaU)-и Қазоқистон азхуд мекунад ва ҳамзамон ҳамчун маркетолог кор мекунад.

Ӯ ният дорад, сехи калони либосдӯзӣ таъсис дорад, зеро Насима мехоҳад бренди худро на танҳо дар Душанбе, балки дар тамоми Тоҷикистон ва бозорҳои хориҷӣ маъмул гардонад.

“Мо либосҳоямонро ба ИМА ва Аврупо дастрас кардем. Онҳоро ҳамватанони мо фармоиш мекарданд, аксари онҳо пироҳанҳоро ба дӯстони хориҷии худ тақдим менамуданд.

Аз ин рӯ, мо нақша дорем, ки ба бозори байналмилалӣ ворид шавем”,- мегӯяд Насима.

Тарҷумаи мутобиқкардашуда аз русӣ, матни аслиро дар ин ҷо хонед.

Skip to toolbar