Бонки миллӣ иҷозатномаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро бозхонд кард
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро бозхонд кард. Дар иттилоияи Бонки миллӣ гуфта мешавад, ки бо вуҷуди дастгирии доимии ҳукумати кишвар, вазъи молиявии ин бонкҳо беҳбуд наёфта, устувор фаъолият намудани онҳо таъмин нагардидааст.
Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ натанҳо ба ин бонкҳо, балки дар умум ба низоми бонкии кишвар сабаб шуда истодааст. Бо қарори суд барои барҳамдиҳии бонкҳои мазкур маъмурони махсус таъин карда мешаванд. Гуфта мешавад, бино ба маълумоти Бонки миллӣ, шумораи умумии амонатгузорони “Агроинвестбонк” 27,7 ҳазор нафар ва “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафар мебошад.
Офати табиӣ дар Тоҷикистон зиндагии бештар аз 14500 нафарро ба ҳам задааст
Арзёбии якҷояи мақомоти Тоҷикистон ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид маълум кардааст, ки фалокатҳои табиӣ дар нимаи аввали моҳи май зиндагии бештар аз 14 ҳазору 500 нафарро ба ҳам задааст ва бисёре аз онҳо ба маводи беҳдоштӣ ва машваратҳои равонӣ эҳтиёҷ доранд.
Ба гуфтаи мутахассисон, барои бозгашти мардуми осебдида ба зиндагии оддӣ бояд дар барқарории хонаву моликият ва санадҳои гумкардаашон ёрӣ расонанд.
Арзёбиҳои охирин нишон додааст, ки дар вилояти Хатлон камаш 128 хона пурра вайрон шуда, 400 хонаи дигар ё нимавайрон шудаанд ва ё сахт осеб дидаанд.
Лағжиши хок дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 167 хонавода зарар расондааст ва 32 оила дар се русто бесарпаноҳ мондаанд. Бист хонаводаро дар хаймаҳо ҷобаҷо кардаанд. Лағжиши хок ҳанӯз идома дорад, ҳарчанд суръаташ суст шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки бештар аз дигар ноҳияҳо осеб дидааст, мақомот ба таҳқиқи хонаҳои осебдида идома медиҳанд, вале то ҳол маълум кардаанд, ки 41 хона вайрон шудааст ва 800 хонавода осеб дида, ба кумакҳои фаврӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар натиҷаи арзёбии якҷояи мақомоти расмӣ ва муассисаҳои Созмони Милал, ки охири ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, мардуми осебдида ноумеду афсурда шудаанд, чун метарсанд, ки кумак ба онҳо намерасад. Бештар аз ҳама онҳое осеб дидаанд, ки камбизоат ва осебпазир ҳастанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, равуоро тавассути марз бо Тоҷикистон пурра қатъ кардаанд
Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, гуфт, ки “чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд”. Ӯ гуфт, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.
Марипов дар ин бора дар суҳбат бо сокинони деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш хабар додааст.
“Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем…”, – гуфтааст раиси девони вазирони Қирғизистон.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд.
Ба сохтумони яке аз панҷ мактабҳои русӣ дар Душанбе замин ҷудо карданд
Шаҳрдории Душанбе барои бунёди як мактаби таҳсилоти умумӣ ҳудуди ду гектар замин ҷудо кардааст, ки дар он кӯдаконро тибқи стандартҳои Русия ба таълим фаро мегиранд. Бинои мактаб, ки барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, дар маҳаллаи Зарафшон, дар наздикии сафорати Амрико сохта мешавад, хабар додаанд дар шаҳрдории Душанбе. Ин яке аз панҷ мактабест, ки аз ҷониби ҷониби Русия бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии технологӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
То сентябри соли 2022 чунин мактабҳо дар Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода низ сохта мешаванд. Русия барои сохтмони онҳо 6 миллиард рубл ҷудо мекунад.
Бонки ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон $21,3 миллион медиҳад
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Ян Питер Олтерс дар бораи ҷудо кардани беш аз 21 миллион доллар барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо коронавирус дар Точикистон созишнома ба имзо расониданд, хабар медихад маркази матбуотии вазорати молия.
Ин маблағҳо барои дастгирии соҳаи тандурустии кишвар, аз ҷумла ба хариди ваксинаҳо бар зидди коронавирус ва дигар бемориҳои сироятии мавсимӣ, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, тестҳо ва ғайра масраф хоҳанд шуд. Ҳамзамон,як қисми маблағҳо ба кӯмаки яквақта ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони хурдсол ва маъюб равона карда мешавад.
Билетҳо ба Русия набояд зиёда аз 500 доллар фурӯха шаванд
Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтааст, се ширкати ҳавопаймоии русӣ розигӣ додаанд, ки аз ин пас билет ба Русияро аз 500 доллар боло нахоҳанд фурӯхт. Чунин розигиро ширкатҳои “Сибир, “Уралские авиалини” ва “Ямал” додаанд,гуфтааст роҳбари агентӣ Икром Субхонзода. Бино ба гуфтаи ӯ, ба онҳо дар бораи то 12-13 ҳазор сомонӣ боло рафтани нархи чиптаҳо шикоятҳои зиёде ворид шудааст.
“Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои чиптафурӯшӣ беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз нархи муқарраргардида, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии 236 53 34 занг зананд,”-гуфтааст Субҳонзода.
Ба Тоҷикистон миллионҳо ваксина оварданд
Чанд рӯз қабл ба Душанбе 4,6 миллион воя ваксина зидди бемории атфол ворид шуд. Ин ваксинаҳо дар маъракаи миллии эмгузаронӣ дар моҳҳои май-июли соли равон бар зидди фалаҷ -полиовирус истифода мешаванд. Дар ҷараёни маърака, ваксина шудани 1,4 миллион нафар кӯдакони то шашсола дар назар аст. Маъракаи эмгузаронӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Ташкилоти умумиҷахонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ доир мешавад.