fbpx

Мутахассисони соҳаи, фарҳанг, тиҷорат, ВАО ва технология ба ҳам омаданд. Дар Душанбе фестивали минтақавии Go Viral оғоз шуд

Ҷаншвораи Go Viral 2022 аз 13 май то 2 июл дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Ишқобод баргузор мешавад.


0

Дар Душанбе рӯзи 13- уми май фестивали Go Viral оғоз карда шуд. Фестивали минтақавии Go Viral 2022 дар формати гибридӣ се рӯз идома меёбад. Ҷамъияти Go Viral дар Осиёи Марказӣ ва Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон алоқамандону коршиносони бахшҳои расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариро ба ҷашнвораи серӯзаи Go Viral Tajikistan даъват мекунад.

Go viral як ҷашнвораи байнулмилалӣ аст, ки навоварони ВАО, тиҷорат ва технологияҳои нав ва фарҳангро аз Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ИМА барои шиносоӣ бо тамоюлҳои навтарин ва ғояҳои олиҷаноб аз коршиносони пешбари соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм зимни маросими кушодашавии фестивал бо таъкид ба дастгирии ИМА дар баргузории ҷашнвора гуфт, ки аз он, ки барои гирди ҳам овардани теъдоди зиёди шахсони эҷодкор кӯмак мерасонанд, ифтихор мекунанд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон, Ҷон Марк Поммершайм

“Ҷашнвораи Go Viral беҳтарин роҳҳалҳои навоваронаи Тоҷикистон ва Амрикоро нишон медиҳад. Мо ифтихор дорем, ки дар гирди ҳам овардани теъдоди зиёди одамони эҷодкор барои ташаккули ояндаи кишварҳоямон барои 30 соли оянда кумак мерасонем”, мегӯяд, Ҷон Марк Поммершайм.

Аз соли 2017 инҷониб ҷашнвораи Go Viral ва ташкилкунандагони он ба рӯзноманигорон, соҳибкорон, филмсозон ва навозандагон имкон додааст, то аз шабакаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, тиҷорат ва технология истифода бурда, бо ҷаҳон пайваст шаванд.

Тавре сафири Go Viral дар Тоҷикистон Манижа Бобоқулова мегӯяд, давоми як соли охир ҷамъияти Go Viral бамаротиб афзоиш ёфтааст. Ӯ қайд кард, ки барои баргузории ин фестивал бо ҳамкоронаш заҳматҳои зиёд кашидаанд.

Сафири Go Viral  дар Тоҷикистон Манижа Бобоқулова

“Мо барои тавсеаи ҷомеа, ҷиҳати ҳамкориҳои муфид одамони эҷодкор, коршиносони бахшҳои мухталиф ва ҳамфикронро ба ҳам овардем. Ҷашнвора иде барои як ҷамъияти бузург мебошад. Мо бо ҳамкоронамон хеле заҳмат кашидем, ки ин фестивал дар сатҳи олӣ гузарад ва имрӯз мебинам,ки талошҳои мо беҳуда набуданд, ки ин ҷо ин қадар мардуми зиёд ҷамъ омадаанд”, – мегӯяд, Бобоқулова.

Имсол фестивали минтақавии Go Viral боз ҳам шавқовартар тарҳрезӣ шудааст, зеро дар он беҳтарин мутахассисони соҳаи ВАО, фарҳанг, технология ва бизнес ба шикаткунандагон аз таҷрибаи бойӣ худ нақл мекунанд.

Соли ҷорӣ мавзӯи “Go Viral 2022: Ҷустуҷӯ. Ихтироъ. Роҳҳал” аст. Беш аз 50 сухангӯ бо намояндагӣ аз ширкат ва созмонҳои мухталиф, бо шумули Алиф Бонк, Илмхона, Ташкилоти амонатии қарзи хурди “Ҳумо”, Coca-Cola ва Amazon дар ҷашнвора иштирок мекунанд.

Инчунин, шахсиятҳои шинохташуда ва раҳбарони афкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ – Рафаэл Гулов, Орзу Исоев, Зарнигор Маҳмудова, ва Фаридун Хайруллозода низ суханронӣ ва аз таҷрибаи кории худ нақл хоҳанд кард. Рассом Фаррух Неъматзода, меъмор Оят Шакурӣ, санъатшинос Диана Раҳмонова, Oogway Comics ва наққоши афғон Умар Хамм низ аз ҷумлаи баромадкунандаҳо ҳастанд.

Дар ҷашнвора Далер Назаров, Ҷасур Халилов, DJ Фирдавс Исоев, Мелоди Рангерз, гуруҳҳои афғонии ITCC, The Daze ба таври зинда ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар ин баробар филми “Оҳангҳои замони гумшуда” – и коргардон ва шоираи машҳури тоҷик Аниса Собирӣ ва намоишномаи театрии “Манқурт. Ғуломи абадӣ” – и коргардон Барзу Абдуразоққов ба нмаоиш гузошта мешавад.

Ба ғайр аз ин фестивал барои шиносоӣ бо чеҳраҳои нав дар соҳаҳои зикршуда ва шахсиятҳои шинохта имконият фароҳам меорад.

Темур Темирхонов, муҳаррир ва мутахасиси расонаӣ, соли дуюм аст дар фестивали Go Viral иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар соли гузашта дар ин фестивал бо бисёр чеҳраҳои наву машҳур ошноӣ пайдо кардаву ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

“Иштирокдар фестивал – барои гӯш кардани мутахассисони ботаҷриба, муошират бо ҳамкасбон, ҳавасмандкунонӣ, дарёфти қувваву нақшаҳои нав дар ин замони душвор аз бисёр ҷиҳатҳо, имконияти хубест.

Мебинам, ки  имсол ба фестивал чеҳраҳои нав, мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ хеле зиёданд. Як сектори дурахшони маданият, «тиҷорати»-и пуртаҷриба ва «расонаҳо»-и авангардӣ ташкил шудааст”, – мегӯяд, Темирхонов.

Ӯ ба ҳама нафароне, ки ба соҳаи ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва технология таваҷҷуҳ доранд тавсия медиҳад, ки бо барномаи фестивал шинос шуда, дар он иштирок намоянд ва аз маълумоту маслиҳатҳои муфиди мутахассисон барвар шаванд.

Рассоми ҷавон Манижа Абдуллоева бори аввал аст, ки дар фестивали минтақавии Go Viral иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, ки хеле дар ҳаяҷон аст ва бесаброна рӯзи баромадашро интизор аст. Тавре Манижа мегӯяд, ин фестивал барояш як фурсати хубест, ки дар бораи эҷодиёташ нақл кунад ва аз мутахассисони соҳибтаҷриба чизе биомӯзад.

“Ба назари ман, Go Viral имкон медиҳад, ки шахси эҷодкор баромад кунад, офаридаҳояшро ба дигарон нишон диҳад ва дар бораи худ нақл кунад. Ин як таблиғи ройгон барои мо эҷодкорони ҷавон аст.

Ман барои иштирок дар ин фестивал ҷиддан омодагӣ мегирам ва умедворам, ки дар баромадам ба иштирокунандагон маълумоти муфидеро бирасонам”, – мегӯяд, Манижа Абдуллоева.

Дар Go Viral 2022 на танҳо мутахассисони дохилӣ балки хориҷӣ низ баромад мекунанд ва аз таҷрибаи ғании худ нақл мекунанд. Ташкилкунандагони фестивал маҳз нафаронеро интихоб кардаанд, ки дар соҳаи интихобкардаи худ таҷрибаи чандин сола доранд ва муваффақ низ шудаанд.

Маҳз ҳамин аст, ки дизайнери графикӣ, илюстратор Фаррух Сафарзода дар ин фестивал иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, ки бесаброна интизори баромади мутахассисони варзида асту, худ ҳам кӯшиш мекунад, ки аз таҷрибаи кории худ он чизҳоеро нақл кунад, ки барои насли ҷавон ибратбахшу ҳавасмандкунанда бошад.

“Фестивали Go Viral як имконияти хубест барои такмил додани дониш аз таҷрибадорони дохиливу хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун. Фикр мекунам, формат ва ҷадвали фестивал хеле қулай тарҳрезӣ шудааст: шумо метавонед аз ҷаласаҳои панелии мувозӣ, ки ба технология, ВАО, тиҷорат, ва фарҳанг алоқаманданд, боздид кунед, саволҳои худро ба спикерон аз наздик диҳед, агар шумо бештар ҷалб шудан хоҳед – дар мастер-классҳо иштирок кунед, филмҳои муаллифӣ тамошо кунед, консертҳои зиндаро дар бахши мусиқии фестивал гӯш кунед. Ҳамчунин дар ин фестивал метавон, шиносоиҳои муфид дошт. Аз баромади спикерон қувва ва илҳоми нав гирифт.

Ин фестивали бузур дар як сол ҳамагӣ як маротиба баргузор мешаваду шумораи зиёди мутахассисони чор соҳаи муаянро якбора дар як ҷо ҷамъ меорад. Бо дарназардошти он, ки чунин ҷашнвораҳо дар кишвари мо хеле кам баргузор мешавад, беҳтараш ҷавонон бояд ин фурсатро аз даст надиҳанд”, – изҳор дошт, Фаррух Сафарзода.

Go Viral платформае аст, барои фаъолияти шабакавӣ ва таъсиси ҷамъияти аҳли расонаҳо, намояндагони тиҷорат, фарҳанг ва бахши фановариҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаншвораи солонаи минтақавӣ.

Тарҳи мазкур аз сӯи Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби Маъмурияти дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ меёбад. Шуруъ аз моҳи октябри соли 2021 ин тарҳро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардонад, ки ин созмон дар саросари Осиёи Марказӣ таҷрибаи ташкили барномаҳо ва чорабиниҳоро дорад.

Ҷашнвора аз 13 то 15 май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 26/1 баргузор мешавад.

Аксари семинарҳо, лексияҳо, мубоҳисаҳо ва конфронсҳо онлайн дар саҳифаҳои Go Viral дар YouTube, Facebook Live ва Zoom, инчунин дар барномаи нави мобилии Go Viral, дастрас хоҳанд буд.

Тақвими чорабиниҳои ҷашнвора дар пайванди зер дастрас мебошад: http://festival.goviral.kz.

Барои суолҳои иловагӣ ё дарёфти хабари бештар, лутфан ба Сафири Go Viral дар Тоҷикистон, Манижа Бобоқулова тавассути email-и [email protected] ё рақами телефонии 901-10-79-48 муроҷиат кунед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend