Наврӯза Эратова дар ҶСК «Ангишт», кони «Шӯроб»-и шаҳри Исфара ба ҳайси машинисти борбардори № 1 кор мекунад. Шояд ба назари аввал ин «кори мардона» намояд, аммо Наврӯза собит сохт, ки ҳар бону машинисти хуб шуда метавонад.
Ӯ дар давоми 3 рӯз идора кардани дастгоҳе, ки барои поён ва боло баровардани кормандони зеризаминии кон, интиқоли молу маводи зарурӣ хизмат мекунад, омӯхт. Ҳоло вай дар ин кон ягона бонуест, ки сари фармон (руль) – и мошинаи борбардор мешинад. Шояд кори ин бону ба назари дигарон танҳо пахши чанд тугма ва идораи фармони мулоим тобад, лекин барои Наврӯза ҳар қадами корӣ масъулияти калонеро мемонад.
Муаллифи Your.tj бо Наврӯза Эратова дар бораи махсусияти кор дар кони ангишт, нозукиҳои идора карда тавонистани мошинаҳои борбардор, ҳангоми кор омӯхтани забони чинӣ, нодурустии ба ҷинсият ҷудо кардани касб ва муҳимияти дастгирии ҳар бону дар фаъолияти касбӣ ҳамсуҳбат шуд.
Вақте боз кони ангишти “Шӯроб” фаъол шуд?
Аслан, Наврӯза Эратова дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ба воя расид. Маҳз дар ин ҷо мактаби миёнаро хатм карда, ба омӯзишгоҳи касбӣ техникии шаҳрак дохил шуда, касбҳои дӯзандагиву машинистиро омӯхт.
– Аз таҳсилам дар он ҷо солҳо гузашт. Кони ангишти “Шӯроб” боз ба кор даромад. Ман соли гузашта ба кор дохил шудам. Дар аввал на чун машинист, балки ба ҳайси ошпаз қабул шудам. Зеро таҷҳизоте, ки имрӯз кон истифода мебарад, аз таҷҳизоти қаблан омӯхтаам пурра фарқ дошт. Боз бар замми ин бисёре аз нишонаҳо ва навиштаҷоти дастгоҳҳо бо забони чинӣ буданд. Забони чиниро надонистанам низ як мушкили дигар аст, – ба ёд овард Наврӯза.

Пас аз 3 рӯзи таҷрибаомӯзӣ дар сари фармон
Ӯро дар кон чун ошпазӣ хушкор шинохтанд. Баъд роҳбарият лаёқату хоҳиши ӯро дида, пешниҳод кард, ки ки се моҳ аз таҷрибаомӯзӣ гузараду санҷад, ки аз уҳдаи иҷрои кори машинистӣ мебарояд, ё не. Наврӯза бо хурснадӣ розӣ шуд.
“Вақте ба сари чанбарак нишастам, як мутахассиси чинӣ дар паҳлуям буд. Ман ба ҳаракатҳои ӯ нигоҳ мекардам ва меомӯхтам, ки дастгоҳро чӣ гуна идора мекунад. Аввалин чизе, ки бояд меомӯхт, тормоз ва идораи суръати дастгоҳ буд. Он рӯзҳо ин кор ба назарам хеле душвор намуд. Шубҳа доштам, ки ёд гирифта наметавонам”, – рӯзи аввали таҷрибаомӯзиашро қисса кард ҷавонзан.

Дар се рӯзи аввал ба назараш чунин намуд, ки кори дастгоҳ бисёр мураккабу душвор аст. Ғайриинтизор пас аз 3 рӯзи таҷрибарӯзӣ, Наврӯза, аллакай сари чанбараки мошни нишаста, ба идораи он пардохт.
– Сардор дид, ки равиши корро хуб ёд гирифтам, пас аз 7 рӯзи таҷрибаомӯзӣ маро ба басти кории машинистӣ монд. Зеро ман нағз фаҳмида будам, ки барои машинист, асосан, ду намуд сигнал меояд, якум барои интиқоли кормандон бо лифт ба таги замин ва дуюмӣ барои кашонидани бор (партов; санг, оҳан) ва ангишт бо қуттии боркашон (ваганетка). Яъне, идора кардани дастгоҳҳо барои кашонидани одам дигар асту барои бор дигар, – иброз дошт бонуи машинист.
Вақте машинисти навкор усто шуд
Наврӯза имрӯз бо кадом суръат кашонидани ҳамкорони зеризаминашро ё молу маводи заруриро чун ному насаби худ азёд кардааст.
– Мисол, сигнал мефиристанд, ки кормандонро бояд бо лифт ба қаъри кон 350 – 400 метр поён ё боло баред. Дар ин вақт суръати 250 – 300 лозим меояд. Агар ваганеткаро кашонидан лозим бошад, суръатро ба 400 – 500 мемонам, ки дар давоми 2 -3 минут онро ба таги замин мефарорад, – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Вақте басти корӣ оғоз мешавад, ҳатман сари кор ду навбатдор меистад. Наврӯза ва як нафар ҳамкори чиниаш ҳар ду соат ҳамдигарро дар кор иваз карда меистанд. Ин барои он аст, ки ба як корманд сарбории зиёд нашавад.
– Хушбахтона, то имрӯз дар навбатдории ман ягон садама рух надод. Ё ягон ҳаракати ноҷо, ки боиси сар задани ҳодисаи хавфбор шуда бошад, рух надод, – бо масъулиятшиносӣ гуфт ҷавонзан.
Дар мизи кории онҳо дастгоҳҳои назоратӣ, идоракунанда насб шудааст, ки иборат аз беш аз 20 тугмаи гуногун мебошад. Албатта, ҳар кадоме вазифаи муайян дорад.

– Аз онҳо 10 тугмаро бештар кор мефармоем. Дар утоқи корӣ монитори 4 камера фаъол аст. Тавассути онҳо ҳаракати лифту қуттиҳо, вазъияти қаъри конро назорат мекунам. Пеш аз ҳар ҳаракат ба сигналҳо ва нишондиҳандаҳо диққат медиҳам. Дар чунин кор як дақиқаи саҳлангорӣ, мисол, лаҳзае бо тамошои экрани телефон саргарм шудан боиси сар задани мушкилии ҷиддие мешавад, – фаҳмонид машинисти борбардор.
Як рӯзии кории бонуи машинист дар кони ангишт
Дар сехе, ки Наврӯза фаъолият дорад, кор дар бастҳои рӯзонаву шабона ба роҳ мондаанд. Қаҳрамони мо агар дар як басти шабона кор кунад, то 100 ваганетка борро, ки ба 200 тонна вазн баробар аст, аз зери кон ба боло мекашонад.
– Қариб ҳар рӯз 100 – 200 нафар коргари конро бо суръати 250 – 300 таги замин мефарорем. Агар як лаҳза ба кори худ беаҳамиятӣ кунем, ҷони онҳоро дар хатар мегузорем. Ҷойи корамро на фақат барои тозаву озода будан дӯст медрам, боз ба он хотир, ки кормандон зиёд ба мо боварӣ доранду ба меҳнати мо эҳтиром мегузоранд , – афзуд ӯ.

Забономӯзӣ ҳангоми кор
Муҳити сермиллатии коргоҳаш барои Наврӯза писанд аст. Ӯ аз муомилаи хуби мутахассисони чинӣ изҳори хушнудӣ мекунад.
– Ман тадриҷан калимаҳо ва ибораҳои зарурии забони чиниро аз ҳамкорон омӯхтам. Вақте аз таги кон чиние занг зада, ба ман бо забони худаш сигнал медиҳад, ки “коргаронро ба боло барор”, бе ягон мушкилӣ мефаҳмаму корро иҷро мекунам, – иброз дошт машинист.
Ҳатто Наврӯза то имрӯз дар қатори ҷавонони маҳаллӣ ба як мутахассиси ҷавонтари чинӣ низ касби машинистиро ёд дода, шогирдни хуб тарбия кард. Аз шогирди чиниаш ҳам машинисти хуб баромад, ки баъзан устою шогирд дар як баст навбатдор мешаванд. Ба бовари қаҳрамони мо, маҳз кор сабаб шуд, ки ин забонро камубеш омӯзад.

”Корро ба мардонаву занона ҷудо накунем”
Агар аз Наврӯз пурсанд ,ки дар куҷго фаъолият дорад, ӯ бо ифтихор мегӯяд: “Дар кони ангишти «Шӯроб, ҳамчун машинисти борбардори №1». Баъзеҳо ба як бор намефаҳманд, ки касби вай чисту аз кадом корҳоро иҷро мекунад.
– Баъд мефаҳмонам, ки дар кони ангишт мошинаҳоеро идора мекунам, одамон ва борҳоро аз таги кон ба боло мебарорам. Бисёриҳо дар ҳайрат монда, шубҳаомез мегӯянд, ки ин касби занона нест. Вале ман ба ҳайрат мондани онҳо кайҳо одат кардам. Дар муддати 7 моҳи корӣ фаҳмидам, ки касби машинистиро танҳо кори мардон донистан нодуруст аст.
Ин корро зан ҳам ба шарте, ки дӯст дорад, ба хубӣ иҷро карда метавонад, – мефаҳмонад Наврӯза.

Вай ба духтароне, ки аз интихоби касбҳои техникӣ ва кор дар муҳитҳои сангин меҳаросанд, маслиҳат медиҳад, ки “натарсед, кор он вақт душвору тарсовар мешавад, ки агар ба худ бовариро гум кунед, ё зеҳну ёдро дар як ҷо монда навтавонед”.
Қаҳрамони мо дар аввали фаъолият то 3 – 4 ҳазор сомонӣ маош мегирифт. Ҳоло моҳонааш ба 5 ҳазору 160 сомонӣ расидааст. Барои ҷавонзане, ки ба танҳоӣ ду фарзандашро ба воя мерасонад, доштани маоши баланду доимӣ ҳатмист. Ӯ сарфи назар аз он, ки дар бораи касбаш дигарон чӣ фикр доранд, бояд корашро сидқидилона иҷро кунад, зеро дар оила ӯ ягона таъмингар аст.
“Ягона мададгорам – модарам”
Нофаҳмиҳо дар оила сабаб шуд, ки Наврӯза аз шавҳараш ҷудо шавад. Ҳоло ӯ ҳамроҳи модари меҳрубонаш Кимсаной Ҳусейнова ду фарзандро, ки яке дар синфи 9 – ум асту дигаре боғча мерававд, ба воя мерасонад. Наврӯза аз шавҳараш ҷудо шудааст ва ду фарзанд дорад. Духтараш ҳоло дар синфи 9 таҳсил мекунад.
– Зиндагӣ осон нест. Бояд ба ҳама мушкилиҳо сабр кард. Ҳангоми ба кор баромадан дар сменаҳои шабона нигоҳубини фарзандонро бар дӯши модарам гузошта меравам. Умрашон дароз бошаду роҳнамои мо бошанд, – таманно дорад ҷавонзан.

Сафи коргаррони маҳаллӣ дар кон меафзояд?
Дар кони №8-и ҶСК «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб ба ғайр аз Наврӯза боз 5 зани дигар кор мекунад.
– Дар татбиқи лоиҳаи азнавбарқарорсозии кон зиёда аз 700 нафар фаъолият доранд ва тибқи нақша шумораи кормандон, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ марҳила ба марҳила афзоиш дода мешавад. Дар оянда ҳаҷми истихроҷи ангишт тадриҷан зиёд гардида, соли 2026 ба 200 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд, – гуфт зимни суҳбат Ҳаким Маҳмудзода, муовини директори ҶСК «Ангишт».

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти истихроҷи ангишт дар кони «Шӯроб» миёни ҶДММ «Талант»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба амалӣ намудани ҳамкории сармоягузорӣ барои ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд. Корҳои барқарорсозӣ ду сол идома ёфт.

– То имрӯз ҳаҷми сармоягузории воридшуда ба 60 миллион доллар расид. Мо талош дорем, ки истихроҷи ангиштро, аллакай, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра ба роҳ монем. Дар солҳои оянда ният дорем, ки ҳаҷми истеҳсолотро ба 1 миллион тонна расонем. Фикр мекунам, ки он гоҳ дар Тоҷикистон норасоии ангишт эҳсос нахоҳад шуд, – афзуд директори генералии ширкати сармоягузории чинии China Pingmei Shenma Ли Ван Ли зимни суҳбат бо мо.
Файзуллохон Обидов, махсус барои Your.tj








