Зӯҳро Эмомова аз зумраи он бонувоне аст, ки талхии зиндагиашро бо нигоҳубини ҳайвоноти ваҳшӣ омезиш додааст. Бисёр бо ҳайвонҳо робита доштану унс гирифтанро Зӯҳро дар он мебинад, ки аз одамон дида ҳайвонҳо дарду ғами ӯро бештар мефаҳманд. Бинобар ин ҳангоми перешониву ғам ба шеру палангу гургу хирсон роз гуфта гиря мекунаду қалби худро таскин медиҳад.
“Ҳайвонҳо маро ба панҷара наздик шудан намегузоштанд”
“Оғози кор дар “Боғи ҳайвонот” бо шеру палангу хирсу гургон бароям кори хатарнок буд, хусусан се рӯзи аввал, маро ҳайвонҳо ҳатто ба панҷара наздик шудан намегузоштанд. Вақте маро медиданд панҷараҳоро бо чангол мезаданду кушиши шикастани дарҳоро мекарданд, – нақл кард Зӯҳро. – Барои муваффақ шудан дар роҳи ром кардани ҳайвонот ба ман акои Тағой ва Радики русбача, ки он вақт ба нигоҳубини ҳайвоноти ваҳшӣ машғул буданд, кумак карданд.
Инак ман ҳамарӯза 11 шер, 18 сар хирс, 6 сар гург ва 1 паланги осиёимиёнаиро нигоҳубин мекунам. Ҳамарӯза хавф бо ман аст ва ҳеҷ гоҳ наметавон худро аз чанголи даррандагон эмин нигоҳ дошт”.
Ҳаёти нокоми заношӯии духтари деҳотӣ
Зӯҳро Эмомова зодаи деҳаи Миралии минтақаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (он вақт Шӯробод) аст. Муддате пас аз хатми мактаби миёна волидонаш ӯро ба шавҳар медиҳанд ва ӯ ҳамроҳи шаҳараш даҳ сол зиндагӣ мекунад.
Бинобар фарзандор нашудан ҳарду тасмим мегиранд, ки аз ҳам ҷудо шаванд, чун ҳаёти якҷояи онҳо бе насл дигар маъние надошт. Пас аз ҷудоӣ аз шавҳар ҳаёти талхи Зӯҳро оғоз меёбад ва бо дурӣ ҷӯстан аз одамон ба ҳайвонҳои хонагӣ унс мегирад.
Баъди се сол ӯ бо марде аз нав оилавӣ барпо мекунад ва ба амри тақдир пас аз солиёни зиёди умедворӣ соҳиби писарча мегарданду ӯро Ҷаҳонгир ном мениҳанд. Афсӯс, аммо ҳаёти ширини оилавӣ дер давом намекунад ва падари Ҷаҳонгири яксола аз бемории саратон мефавтад.
Нокомии ҳаёти оилавӣ ва вафоти шавҳар барои Зӯҳро вазнин афтид, ягона аламдуркуни ӯ Ҷаҳонгир буд. Сипас бо пешниҳоди волидон Зӯҳро бори саввум бо марде хонадор мешавад ва аз ӯ соҳиби духтарчае мешавад, ки номаш Роҳила аст.
Ин бор низ бахт ба рӯйи ӯ намехандад ва бо сабаби муноқишаҳои пайдарпайи оилавӣ аз шавҳар ҷудо мешавад. Ӯ имрӯз ҳаёт бо ду фарзанд ва ҳайвонҳои ваҳширо ҳамчун хушбахтии зиндагӣ қабул кардааст.
Шерони “Боғи ҳайвонот”-ро аз шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон овардаанд
Қиссаи омадани Зӯҳро ба “Боғи ҳайвонот”-и Душанбе
Зӯҳро баъди ҷудо шудан аз шавҳари якум аз зиндагӣ дилаш сард шуд ва дур аз одамон дарду алами рӯзгорро ба гурбаву саги ҳамсояҳо холӣ мекард. Ин рафтори ӯро ҳамсояҳо мушоҳида карда, тавсияаш медиҳанд то ба “Боғи ҳайвонот” рафта кор кунад.
“Ҳамсояҳо роҳнамоӣ карданд ва ман тасмим гирифтам, ки ба инҷо корҷӯӣ оям. Вақте ба “Боғи ҳайвонот” омадам ва мақсадамро ба роҳбари онвақта рӯшан кардам, дар тааҷҷуб монд ва ҷиддӣ қабул накард. Аммо дар гуфтаам пофишорӣ кардаму 4 рӯз ба кор омада рафтан гирифтам. Баъдан рӯзи охир ба назди раис даромада гуфтам, ки дигар роҳкиро барои омадан надорам, агар маро ба кор қабул кунед, ман омодаам. Диданд, ки дар тасмими кор бо ҳайвонҳо ҷиддаам қабул карданд”. – нақл мекунад, Зӯҳро.
“Модари ҳайвонҳо”
“Ба шарофати кумакҳои акои Тағой ва русбача Радик ман дар муддати се моҳ чӣ тавр ба ҳайвонҳо хӯрок додан, аз як кабина ба кабинаи дигар гузаронидан, тоза кардани ҳуҷраҳо ва шӯстани онҳоро омӯхтам. Заҳматҳо паси сар шуд, вақте фаро расид, ки дигар ҳайвонҳо маро медиданд худ хоҳони зудтар ба наздашон омаданам мешуданд. Унс гирифтани ҳайвонҳоро дида гоҳ-гоҳ Радик бо шухӣ мегуфт, ки “Акнун дигар ҳайвонҳо соҳиби модар шуданд, мо меравем”, – бо як миннатдории хос он лаҳзаро ба ёд меорад Зӯҳро.
Пас аз ду сол ҳамкоронам рафтанд ва ман байни шеру палангу хирсу гургон танҳо мондам. Кор бо ҳайвонҳои ваҳшӣ хеле хатарнок аст, зеро як иштибоҳи ночиз метавонад ба ҳаётат нуқта гузорад. Замоне ки ман алакай ҳуҷраҳои ҳайвонотро тоза мекардам, рӯзе ҳангоми тоза кардани ҳуҷраи паланг, дидам, ки дарро напӯшидаам. Вале хушбахтона паланги осиёимиёнаӣ дар ҷояш қарор дошту ман тавонистам дарро маҳкам кунам”, – бо ҳаяҷон нақл мекунад Зӯҳро.
Мудири ҳайвонҳои ваҳшӣ
Пас аз дидани маҳорати кор ва ҳунари ром кардани ҳайвонот, роҳбарияти боғ соли 2014 тасмим мегирад, ки Зӯҳроро мудири шуъбаи ҳайвонҳои ваҳшӣ таъин кунад.
Айни ҳол аз соати 8-и субҳ то 18-и бегоҳ машғули нигоҳубини шеру палангу гургу хирсҳо мебошад. Дар як ҳафта танҳо рӯзи душанбе истироҳат мекунад ва дар набудани ӯ бачаҳои боғ бо нигоҳ доштани фосила байни ҳайвонот онҳоро нигоҳубин мекунанд.
“Рӯзона ду маротиба – субҳ ва бегоҳ барои шеру палангу гургҳо гӯшт ва ба хирсҳо ҳар гуна маҳсулоти хӯрока медиҳам. Баъдан ба ҳуҷраҳои нигоҳдошти онҳо як-як даромада зери пояшонро тоза мекунам, кӯшиш мекунам, ки ҳуҷраҳояшон тозаю озода бошанд. Шуъбаи мо дорои 13 панҷара аст ва як тои он ҳамеша холӣ аз ҳайвон аст. Пеш аз оғози тозакунии ҳуҷраҳо ман бо тартиб ҳайвонҳои панҷараи дуюмро ба панҷараи якум мегузаронам ва панҷараи ифлоскардаашонро тоза мекунам. Ба ҳамин тартиб якеро паси дигар тоза мекунам. Инчунин бо об онҳоро оббозӣ медораму пушташонро молиш медиҳам, ки ба ҳамаашон ин амал писанд аст”. – бо завқ мегӯяд, апаи Зӯҳро.
Зӯҳро ҳамроҳи писарчааш ҳайвонҳоро номгузорӣ кардаанд: шерҳо – Граф, Матилда, Ҷими, Сину, Мия, Дифоъ, Зӯҳро, Зита, Гита, Анушервон ва Лайло, хирсҳо – Миша, Пачо, Бобоҷон, Умедҷон, Бону ва гургҳо – Чуҷа ва Бач.
Рақси хирсак ва 5000 ҷарима шудани Зӯҳро
Ӯ дар муддати фаъолияти кориаш дар “Боғи ҳайвонот” ба ҳодисаҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, ки асло фаромуш нахоҳад кард.
“Рӯзе зимни бо ҳайвонҳо буданам тамошобине хоҳиш кард – “апа як хирсакатро гӯй рақс кунад” ва ман гуфтам, ки охир ҳайвон аст, гапамро мегирад ё на намедонам. Баъд ба хирсак гуфтам, ки агар ту як бор барои ман рақс кунӣ, бароят чизи хӯрданӣ медиҳам. Ҳамин гапро гуфта будам, ки аз ҷояш хесту ба ду пояш рост истода дастҳояшро ҷунбонда ба рақс даромад, – бо завқ қисса мекунад Зӯҳро.
Ӯ лабхандзанон ба нақлаш идома дод, – Тамошобинон як тараф худам ҳатто дар ҳайрат мондам, ки ҳайвон гапи маро гирифта истодааст. Ҳамин тавр ҳудуди яку ним сол хирсак ба баҳонаи хӯрдани ҳасибчаву қанд барои ман ва мухлисони паси панҷара мерақсиду салто мекард. Чунон ба ишораҳои ман хирсак Миша одат карда буд, ки ҳатто бо як ишораи тамошобинон худ ба рақс кардан медаромад”.
Ҳоло низ Мишаи сенздаҳсола дар боғ паси панҷара бо дигар хирсон зиндагӣ дорад, аммо ҳудуди се сол аст, ӯ дигар рақс намекунад. Кадоме аз тамошобинон аз болои ӯ шикоят менависад, ки “ӯ хирсакро барои водор кардан рақсидан азобу шиканҷа медодааст”.
Аммо ҳарчанд Зӯҳро кушиш мекунад, то ба масъулин ҳақиқати ҳодисаро фаҳмонад, вале онҳо гӯш намедиҳанд. “Ҳар қадаре исрор мекардам, ки охир худ як фикр кунед “Чӣ гуна ман хирсакро мезадааму ӯ боз хоҳиши маро иҷро мекардааст”. Вале суханҳо фоида накард ва оқибат 5000 сомонӣ барои рафтори хусусияти зуроварӣ дошта ба ҳайвон ҷарима карданд, ки он аз ҷониби роҳбарияти он вақтаи боғ Маҳмадалӣ Шарипов, ки инсони бисёр самимӣ буд, пардохт шуд. Инак ҳоло Миша танҳо дар назди худам бидуни иштироки тамомшобинон гоҳ-гоҳ мерақсад”.
Шери маккор ва шербачаи гунаҳкор
То имрӯз ҳодисаи даҳшатноке бо Зӯҳро зимни нигоҳубинӣ ҳайвонот рух надодааст. Аммо боре шере ҳангоми нигоҳубин дар ҳуҷрааш бо ишора аз Зӯҳро хоҳиш мекунад, ки пушт гардонад то бо чанголаш ӯро молиш диҳад. Лекин замоне ки Зӯҳро пушт мегардонад шер бо чанголаш пушти ӯро мехарошаду раҳо мекунад. Нохунҳои тези шер пушти Зӯҳроро захмӣ мекунад, ки пас аз чарнд вақт сиҳат мешавад.
Замоне ки писараш Ҷаҳонгир хурдсол буд, онҳо шербачаеро барои ром кардан ба хоначаи “Боғи ҳайвонот”, ки онҷо иқомат мекунанд, мебаранд. Он вақт аллакай Ҷаҳонгир бисёр ба шербачаҳову хирсчаҳо одат карда буд ва вақти зиёдашро бо онҳо сипарӣ мекард.
“Рӯзе Ҷаҳонгир ҳамроҳи шербача дар хонача танҳо бозӣ мекард. Ман дар берун машғули кор будам, ки ногаҳ овози бачаам баланд шуд. Хонача медароям, ки рӯйи Ҷаҳонгир хуншор асту шербача ӯро бинобар ҳангоми бозӣ ба болояш афтидан бо газидааст. Пас аз ин хеле тарсидам ва бо тавсияи атрофиён тасмим гирифтам, ки ӯро ба ятимхона супорам, – бо алам ва оби дида нақл кард, Зӯҳро. – Бароям хеле вазнин буд, аммо духтарамро низ пас аз гузашти вақт ба ятимхонаи дигар супоридам. Баъд аз ин дили ман се пора шуд, ки якум дар “Боғи ҳайвонот” бо шеру палангу гургу хирс, дувум бо писарам Ҷаҳонгир ва сеюм бо духтарчаам Роҳила, ки он замон хеле хурд буд”, – мегиряд ӯ.
Ҷудоӣ аз фарзандон, мушкили хона ва бемории Зӯҳро
Ҳоло қаҳрамони мо зиндагии мушкилро паси сар мекунад, зеро аз як тараф дурӣ аз фарзандон, аз ҷониби дигар мушкили шароити нохуби хонаи истиқоматӣ ва беморӣ мудом ӯро азият медиҳад. Дар замони падемияи коронавирус ӯ гирифтори ин беморӣ мегардад ва бо душворӣ саломатиашро барқарор мекунад.
Зӯҳро ҳар рӯзи душанбе кӯдаконаш Ҷаҳонгирро ба мактаб-интернати №1 ва Роҳиларо ба хонаи бачагонаи №2-и шаҳри Душанбе мебарад ва рӯзи ҷумъа боз пас рафта мегирад. Бинобар дур будани хонаи истиқоматӣ дар минтақаи Заҳматободи шаҳри Душанбе дар хоначае аз “Боғи ҳайвонот” шабашонро рӯз мекунанд.
“Хонаи ҳавлигии дар кӯчаи Заҳматобод будаамро, ки 1,5 сотиқ аст, бо кӯмаки ёру дӯстону меҳнати худам гирифтам. Аммо як хона дораду ошхонаву ҳаммому ҳоҷатхонааш нотамом боқӣ мондааст. Замоне маблағ пайдо кардам барои ободии хона, аммо афсӯс пул тамом шуд ва кор нотамом монд. Аз ин сабаб ҳоло рӯзамро бо маоши миёна, ки ба рӯзгорам басанда нест, дар ин хоначаи боғ сипарӣ мекунам. Шояд рӯзе фаро расад, ки ман низ соҳиби хона гардаму фарзандонамро аз ятимхона пешам орам”,- бо умедворӣ мегӯяд, Зӯҳро.
Зӯҳро Эмомова инак 14 сол боз ба нигоҳубинӣ даррандагон машғул аст. Ба ӯ дар Сирки давлатӣ пешниҳоди кор карда буданд, аммо вай бо ҳама шароити хуб, хона, кори сабук ва маоши басанда нигоҳ накарда, танҳо дуюним моҳ дар сирк кор мекунад. Зеро ӯ дигар наметавонад аз ҳайвонҳо ҷудо шавад, чун онҳо ба мисли фарзанд ва ӯ ба шеру палангу гургу хирсҳо модар гардидааст.
Нуралӣ Карим