fbpx

Ба Тоҷикистон ваксинаи коронавирус оварданд, аммо он барои тоҷикистониён нест

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи newyork.forumdaily.com

Тоҷикистон аз COVAX 1.8 миллион доза ваксинаи COVID-19 дархост кардааст

Вазорати тандурустии кишвар аз Бунёди COVAX ваксинаи коронавирусро дархост кардааст. Як манбаъ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Your.tj гуфт, ки мақомоти кишвар аз Фонд 1,8 миллион доза ваксин талаб кардаанд, ки метавонад 20% аҳолии кишварро таъмин кунад.

Механизми глобалии паҳнкунии ваксинаҳои COVID-19 – COVAX, як навъ фонди назди Созмони Ҷаҳонии Тандурустист, ки ваксинаҳоро харидорӣ намуда, ба кишварҳои ниёзманд тақсим мекунад.

Фонди COVAX имрӯз 189 давлати дунёро дар бар мегирад. COVAX ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2021 барои ҳадди ақал 20% аҳолии кишварҳои ба он шомил 2 миллиард доза ваксина гирад.

Қабл аз ҳама, ваксина ба кормандони соҳаи тиб, сарҳадбонон, беморони гирифтори диабети қанд ва гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, инчунин барои пиронсолон гузаронида мешавад.

Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон ваксинаи зидди COVID-19 овардаанд

Низомиёни Русия дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус дарёфт карданд. 1100 воя (доза) ваксинаи COVID-19 тавассути ҳавопаймо аз Русия ба пойгоҳи 201 расонида шудааст.

Хадамоти округи ҳарбии марказӣ мегӯяд, дар навбати аввал ваксина ба кормандони тиббӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд ва ҳайати фармондеҳӣ гузаронида мешавад.

Эмкунӣ ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад. Қабл аз он ба хидматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсири эҳтимолии он маълумот дода мешавад.

Дар Тоҷикистон мехоҳанд блогеронро андоз банданд

Кумитаи андози Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани “андоз аз Google” ба огоҳ кардани блогнависони тоҷик шурӯъ намудааст, ки ба наздикӣ онҳо низ аз даромади шабакаҳои иҷтимоиашон андоз месупоранд. Онҳо инчунин мехоҳанд аз даромади YouTube-канали корбарон низ андоз ситонанд.

«Дар ҳоли ҳозир, барои аксари блогерҳо, Instagram ягона манбаи даромад аст. Аз ин рӯ, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки муҳтавои нав пешниҳод кунанд, то муштариёни бештарро ҷалб кунанд. Ороишгарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муштарӣ пайдо мекунанд. Онҳо намунаи кори худро мегузоранд, то ки ҳарчи бештар муштарӣ ҷамъ оваранд. Дар мавзӯъҳои гуногун гурӯҳҳои мухталиф таъсис дода мешаванд, ки пас аз ҷалби муштарӣ аз ҳисоби таблиғ пул кор мекунанд ”, гуфт яке аз блогерҳо ба Your.tj.

Блоггер ҳайрон аст, ки чӣ гуна Кумита аз онҳо андоз ситонидан мехоҳад, атрофи тағиротҳои нав ба Кодекси андоз саволҳои зиёде мавҷуданд.

«Мақомоти андоз аллакай дӯстони блогери маро барои суҳбат даъват кардааанд. Аз онҳо дар бораи арзиши таблиғ дар Instagram ва даромадашон аз YouTube-каналҳо пурсон шудаанд. То ҳол мо намедонем, ки он чӣ гуна хоҳад буд. Мо қонунҳоро вайрон карданӣ нестем, танҳо худи механизмро пурра дарк намекунем, – мегӯяд блогер.

Охири ҳафтаи гузашта Усмонҷон Мирзомуродов, ки масъули саҳифаи Tojikonshow бо шумори 508 ҳазор пайравон дар Instagram аст, ба унвони Кумитаи андоз муроҷиатномаи видеоӣ нашр карда, дар бораи огоҳиҳои кумита аз андозбандии блогерон хабар дод.

Хатнаи ройгони наздик ба 85 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар соли 2020 бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 694 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, дар онҳо 84 ҳазору 848 нафар кӯдакро ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузарониданд.

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуда буд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Ҳабибулло Абдураззоқовро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд

Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ чанд сол боз бемор буд ва рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ҳамкоронаш фавти ҳунарманди шинохтаро барои соҳаи фарҳанги Тоҷикистон талафоти ҷиддӣ номиданд. Қурбони Собир, ҳунарпешаи тоҷик, ки дар чанд филму намоишҳои театрӣ якҷо бо Ҳабибулло Абдураззоқов нақш офаридааст, мегӯяд, ӯ пеш аз ҳама ба кори худу дигарон сахтгир буд, чизе, ки ҳоло камтар дида мешавад.

“Ҳабибулло Абдураззоқов аз он ҳунармандоне нест, ки варақ занем, аз куҷое пайдояш кунем. Бойгонии “Тоҷикфилм”-ро бинед, дар ҳамаи филмҳои хеле хуб дар иҷрои нақшҳои аввал Ҳабибулло Абдураззоқов буд. Ҳайф, ки аз миёни мо рафт”, — гуфт Қурбони Собир.

Бори соҳибкорони тоҷик моҳҳо боз дар Чин банд мондааст

Баъзе аз соҳибкорони тоҷик шикоят доранд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва бештари молҳои ниёзи мардумро аз онҷо меоранд.

Абдулло, соҳибкори тоҷик, чанд сол аст, ки аз Чин мол меорад. Ӯ гуфт, аз моҳи октябри соли гузашта ба ин тараф мунтазири омадани бор аз Чин аст.

“Мавсими пойафзолҳои зимистона, ки қарор буд тирамоҳ вориди бозор мекардем, алакай гузашт, аммо ҳанӯз аз борҳо дарак нест. Коршарикон аз Чин мегӯянд, ба далели баста будани роҳ наметавонанд борро ба Тоҷикистон фиристанд. Агар бор расад ҳам, мавсим гузашт, шояд соли оянда бо ин нарх фурӯхта натавонем”, — гуфт ӯ рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Тоҷирон аз он нигаронанд, ки бо идома ёфтани вазъ тиҷораташон бо хатари муфлисшавӣ мувоҷеҳ мешавад. Дар умум, дар пайи пандемияи коронавирус ва маҳдуд шудани равуо ба хориҷ, зимистони имсол ҳам дар бозорҳои кишвар ба фарқ аз солҳои пеш интихоби молу коло васеъ нест. Бисёре аз тоҷирон имсол маҷбур шуданд, бо моле, ки аз солҳои гузашта дар анбор мондааст, корро идома диҳанд.

Ҳаво дар охири ҳафта 10 дараҷа хунуктар мешавад

Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз пойин рафтани ҳарорати ҳаво дар ин ҳафта хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар миёнаҳои ҳафта дар тамоми қаламрави кишвар пойин рафтани шиддати гармии ҳаво пешгӯйӣ мешавад.

20-уми январ бориш нест, вале то 2-3 дараҷа пойин рафтани ҳаво дар назар аст. 21-уми январ ҳам дар бештари қисматҳои кишвар бориш нест. Ҳаво нимабрӣ хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво дар  водиҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ  12-17 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 3-8 дараҷа тахмин мешавад.

Аз 22-юми январ хунукиҳо пешбинӣ мешавад, далелаш зиддисиклони сарде гуфта мешавад, ки хунукиву барфро ба кишвар бармегардонад.  Дар ин рӯз дар тамоми кишвар барф пешгӯйӣ мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриву вилояти Хатлон борон ба барф табдил меёбад.

Дар Душанбе баъди гармиҳои 14-16-дараҷаи ҳаво то 0-2 дараҷа сардӣ пойин мефарояд. 22-январ дар Хуҷанд барф меборад, рӯзона ҳаво 3-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар вилояти Суғд дар маҷмуъ хунукӣ аз 2-7 дараҷа дар назар аст.

Дар ин рӯз ҳаво дар ВМКБ 6-8 дараҷаи зери сифр ва дар Мурғоб 16-18 гуфта мешавад.  Дар ғарби вилоят аз 0-5 то 4-9 дараҷа хунук ва дар шарқ рӯзона аз 11-16 то 19-24 дараҷа сардӣ (дар минтақаи Блункӯл аз 26-28 то 31-33 дараҷа хунукӣ) мешавад.

Дар Бохтар, гармтарин минтақаи кишвар ҳам ҳаво хунук мешавад ва дар дараҷаи -1+1 хоҳад буд. Дар вилоят ҳавои -3+2 гуфта мешавад.

23 январ бориш дар назар нест, аммо ҳаво хеле хунук пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар тамоми кишвар хунук гуфта мешавад, ки нисбат ба аввали ҳафта то 8-10 дараҷа пойинтар хоҳад буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend