Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо», ки дар ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи телевизион ва радио таҳия шудааст, дар фестивали байналмилалии «Astana Eco Film Festival 2026» сазовори ҷоизаи Best Impact Storytelling Award гардид.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ин филм дар коргардонии Усмон Юсуфов таҳия шуда, ба масъалаҳои ҳифзи табиати Тоҷикистон, аз ҷумла ҳифзи бабри барфӣ ва гуногунии биологӣ бахшида шудааст.
Ба арзёбии ҳайати доварон, филми мазкур бо мазмуни баланд, паёми қавии экологӣ ва сифати касбии наворгирӣ фарқ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival» чорабинии байналмилалии синамоӣ буда, 22-23 апрели соли 2026 дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар кинотеатри «Chaplin Mega Silk Way»-и шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид. Ҳадафи фестивал тавассути санъати синамо ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти глобалии экологӣ ва ҳифзи табиат мебошад.









