fbpx
0

Полиси шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон бори дигар масъулиятро барои риояи оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдрас намуд.

Тавре аз мақомоти милитсияи пойтахт иттилоъ дода шуд, тибқи моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вайрон кардани оромӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад.

Ба чунин амалҳо доду фарёд, ҳуштаккашӣ, сурудхонии баланд, навохтани асбобҳои мусиқӣ, истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, инчунин истифодаи техника ва дигар дастгоҳҳои садобарор, ки боиси халалдор шудани оромии шаҳрвандон мегарданд, дохил мешаванд.

Таъкид мешавад, ки риояи оромӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва хобгоҳҳо махсусан дар вақти шабона — аз соати 23:00 то 06:00 ҳатмӣ мебошад.

Барои вайрон кардани ин талабот ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст:

барои шахсони воқеӣ — огоҳӣ ё ҷарима аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

барои шахсони мансабдор — аз 5 то 7 нишондиҳанда;

барои шахсони ҳуқуқӣ — огоҳӣ ё ҷарима аз 10 то 20 нишондиҳанда.

Ҳамчунин, барои паҳн намудани маводи дорои мазмуни экстремистӣ ё таҳқиркунанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима таъин мегардад:

барои шахсони воқеӣ — аз 3 то 5 нишондиҳанда;

барои шахсони мансабдор — аз 5 то 8 нишондиҳанда.

Дар сурати такрори чунин қонуншиканӣ дар давоми як сол, ҷазо сахттар мешавад: барои шахсони воқеӣ то 7 нишондиҳанда, барои мансабдорон то 15 ва барои шахсони ҳуқуқӣ то 30 нишондиҳанда.

Мақомоти милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, ба ҳуқуқи дигарон ба истироҳату оромӣ эҳтиром гузоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend