Ораз Яқутхонов 24 сол дорад, ӯ зодаи ноҳияи Роштқалъа аст. Ораз замони мактабхонӣ бар асари як садамаи фалокатбор ҳарду пойҳояшро аз даст дод, вале аз зиндагӣ ноумед нашуд. Ҳоло ӯ ҳам табиб ва ҳам варзишгар аст. Гарчанде бо пойҳои сунъи мегардад, дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.
Ӯ ба Your.tj дар бораи чӣ гуна аз даст додани пойҳояш ва чӣ тавр оғоз кардани зиндагии наву ноумед нашудан, нақл кард.
Садама
Ораз дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада бошад ҳам дар Душанбе ба воя расидааст. Ӯ замони мактабхонӣ, ҳамеша ҳангоми таътил ба зодгоҳаш мерафт. Дар яке аз чунин таътилҳо, ки ӯ 12 сол дошт ба садамаи фалокатборе дучор меояд ва пойҳояшро аз даст мегирад.
Ораз дар ин масъала бисёр оромона ҳарф мезанад ва ҳамачизро бо ҷузъиёташ дар хотир дорад.
“Рӯзи 28-уми август буд бо фаро расидани дарсҳоям бо амак ва рафиқам бояд ба Душанбе бармегаштем. Деҳаи мо дар баландии 1000 метр ҷойгир аст ва роҳаш печу хамиҳои зиёд дорад. Мо он роҳро бояд пиёда тай мекардем, вале ҳамроҳонамон хостанд бо мошини боркаше, ки ба самти ноҳия ҳаракат мекард биравем.
Дар дили ман эҳсоси нооромӣ пайдо шуд, гуё ман медонистам, ки чӣ ҳодисае рӯй медиҳад ва аз онҳо хостам пиёда равем, ҳам бороямон варзишӣ ҷисмонӣ мешавад, вале рафиқам қабул накард. Ҳамин тавр мо дар пушти мошини боркаш нишастем”, – ба хотир меорад, Ораз.
Ба нақли ӯ мошини онҳо аз баландии 1000 метр ба поён меафтад ва онҳо аз дохили мошин ба замин меафтанд. Ораз баъди чанде ба ҳуш омада, ҳамроҳонашро дар атрофаш хобида мебинад. Вақте ба худаш назар мекунад, мебинад, ки пойҳояш шикаставу хуншор шудаанд, вале фикр намекард, ки осеби ҷиддӣ дида бошад, чун он дардеро эҳсос намекард.
Ноумедӣ ва зиндагии пас аз садама
Ораз танҳо пас аз се рӯзи дар беморхона бистарӣ шудан ба ҳуш меояд. Вақте мебинад, ки ҳарду пояшро буридаанд, дунё ба назараш тираву тор менамояд. Охир ӯ ҳоло кӯдак буду дар дил орзуҳои зиёде мепарварид.
“Ман ба ҳуш омадаму дидам, ки пойҳоямро буридаанд. Ин бароям ҳолати шок буд. Падарам, он вақт дар муҳоҷират дар Русия буд, вале он дам ӯро болои сари худ дидам. Лаҳзаҳои душвортарини зиндагии ман дар беморхона буд, ки ман 40 рӯз он ҷо бистарӣ будам. Фикр мекардам, ки ҳаётамро, орзуҳоямро тамоман аз даст додам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.
Ораз, ки бачаи фаъол буд ҳам дар мактаб хуб таҳсил мекард ба дарсҳои иловагӣ мерафт ва ҳам ба варзиш машғул буду мехост варзишгар шавад. Ӯ мегӯяд, ки пас аз садама дигар умед надоштам, ки дубора роҳ мераваду ба варзиш машғул мешавад. Аммо волидонаш нагузоштанд, ки писарашон аз зиндагӣ ноумед бошад ва барои хушҳолии ӯ ҳама корро мекарданд.
“Ман ҳамсолони худамро медидам, ки онҳо роҳ мерафтанду бозӣ мекарданд, ҳаёт дар назарам торик менамуд. Вале фикр мекунам, ки дарди ман барои падару модарам аз ман дида, душвортар буд. Ман медидам ки онҳо чи гуна азоб мекашиданду барои ман ғам мехурданд, ин бароям боз ҳам сахттар буд”, – мегӯяд, Ораз.
Баъди аз беморхона баромадан Ораз шаш моҳи дигар дар зодгоҳаш мемонад. Дар ин ҷо муаллимони деҳа ба хонаашон меомаданду ба Ораз аз ҳамаи фаеҳо дарс мегуфтанд, то ки ӯ аз ҳамсолонаш қафо намонад.
Дар ҷустуҷӯи пой
Баъди чанде волидонаш боз тасмим мегиранд, ки ба Душанбе баргашта барои ӯ пои сунъӣ ёбанд, то ки мустақил бошад. Барои ин онҳо ба чандин ташкилотҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд. Ҳатто ба Олмон ҳуҷатҳояшро барои ёфтани пои сунъи равон мекунад. Мутахассисон омада, пои Оразро аз санҷиш мегузаронанд ва мегуянд, ки хушбахтона дар шаҳри Душанбе имкони пайдо кардани чунин пойи сунъӣ вуҷуд дорад ва ба ӯ дар муддати кутоҳ пойи сунъи медиҳанд.
“Бо пои сунъи ман дар аввал оҳиста-оҳиста бо асо роҳ мерафтам. Хушбахтона, мактаб дар наздикии хонаамон буд ва ҳар рӯз ҳамсинфонам омада маро ба макбат мебурданду баъди анҷоми дарсҳо то хона гуселам мекарданд. Ман акнун хушбахт будаму ба зиндагӣ дилгарм”, – нақл мекунад, Ораз.
Дар ин баробар ба хонаи Ораз волонтиёрони хадамоти Оғохон дар Душанбе омада, аз фанҳои гуногун ба ӯ дарсҳои иловагӣ мегуфтанд. Ин барои Ораз тавоноии дучанд бахшид ва ӯ пеши худ мақсад гузошт, ки ҳар нафаре ки барои рушди ӯ талош кардааст ноумед намекунад ва барои мувафақ шудан дар зиндагӣ тамоми кӯшишу қувваи худро низ ба кор мебарад.
Орзуҳои нав
Ораз мактаби миёнаро бо мувафақият хатм мекунад. Гарчанде, ки ӯ дар хурдӣ аз намуди варзиши муҳорибаи тан ба тан тамрин мекарду мехост дар оянда варзишгар шавад. Аммо пас аз садама тасмимаш дигар шуд, ӯ акнун мехост духтур шаваду ба беморон хизмат расонад. Ӯ мегӯяд, ки орзуи духтур шуданро дар дили ӯ таббибоне, ки тӯли 40 рӯз дар беморхона хоб буданаш хизмат расониданд, ҷо карданд.
“Ман новобаста аз он, ки хурдсол будам, вале тӯли ин 40 рӯз дидам, ки чӣ гуна табибон барои наҷоти ҷони одамон талош мекунанд. Ин дар дили ман меҳрро нисбати ин касб ҷо кард. Акнун орзу мекардам, ки табиб шавам, то мисли ин табибон ман ҳам харидори ҷони касе бошам”, – мегӯяд, Ораз.
Ҳамин тавр ӯ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду онро бо мувафақият хатм кард. Худи Ораз иқрор мешавад, ки таҳсил дар ин донишгоҳ барояш осон набуд, вале ӯ устувор монд то орзуи кӯдакиаш амалӣ шавад. Ҳоло Ораз як табиби ҷавон ва донишманд аст. Ӯ ба ҳайси табиб – радиолог дар Маркази милли тибии ҶТ (Қараболо) кору фаъолият менамояд.
Чӣ гуна Ораз дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ғолиб шуд?
Ораз бисёр мехост дар соҳаи варзиш рушд кунад. Худро дар чандин намуди варзиш, шиноварӣ ва тирпаронӣ месанҷад. Вале билохира ӯ ба намуди варзиши грэпплинг (Грэпплинг як навъи варзиш аст, ки шеваҳои тамоми риштаҳои гуштиро бо маҳдудиятҳои ҳадди ақали истифодаи усулҳои дардовар ва нафасгиркунанда дар худ муттаҳид кардааст) машғул мешавад. Ӯ на танҳо аз ин намуди варзиш тамрин мекунад балки дар мусобиқаҳо иштирок намуда соҳиби ҷоизаҳо низ мешавад.
“Ман дар мусобиқаҳо бо одамони солим дар рақобат будам ва аввалин бор шикаст додани ҳарифам бароям бисёр мушкил буд, фикр мекардам аз уҳдааш намебароям. Вале садои одамон ва кафкубиҳои онҳо, ки маро дастгирӣ мекарданд, бароям тавоноӣ ва нерӯъ мебахшид ва ман кӯшиш кардам, ки ғолиб шавам”, – нақл мекунад, Ораз.
Ҳоло Ораз се карт қаҳрамони Тоҷикистон оид ба грепплинг аст. Ӯ сабаби ғолибияташро дар варзишгоҳ бо одамони гаронвазн тамрин намудан медонад. Ӯ мегӯяд, ки вақте бо одамони гаронвазн тамрин мекуунад қувва ва бовариаш ба худ зиёд мешавад ва ҳангоми мусобиқа бо ҳамвазни худ рақобат кардан шикаст додани онҳо барояш осон мешавад.
Ораз дар Федератсияи Грэплинг дар Душанбе зери роҳбарии устоди варзиш Комил Боймуродов тамрин мекунад. Ӯро барои тамрин дар ин федератсия дӯстонаш ташвиқ кардаанд.
“Ман худамро маъюб эҳсос намекунам”
Қаҳрамони мо мегуяд, ки сад дар сад аз зиндагии худ розӣ аст ва ба он назар аст, ки маҳз ҳамин садма ҳаёти ӯро дигар намудааст. Ӯ тамоман худро маъюб эҳсос намекунад ва кӯшиш мекунад, ки ин барояш баҳонае барои даст кашидан аз ин ё он кор набошад.
“Ман худро танҳо дар ҳуҷҷати расмӣ маъюб мебинам, тамом. Ин садама ҳаёти маро ба пеш ва пас ҷудо кард. Бисёр мушкил буд дубора ба зиндагӣ дил бастану ҳам чизро аз нав оғоз кардан. Дар асл аз ин гуна садамаҳо касе дар амон нест, аз ин рӯ муҳим аст, ки ҳаёту зиндагии худро қадр кунем. Ба ҳама он нафароне, ки аз зиндагӣ ноумеданд, гуфтаниам, ки ҳеҷ гоҳ ноумед набошанд ва ҳама чизро аз нав оғоз кунанд. Агар бихоҳанд ҳамачӣ хуб мешавад”, – мегӯяд, Ораз.
Ҳоло Ораз ба чемпионати ҷаҳон, ки аз тирамоҳи имсол дар Дубай шурӯъ мешавад, омодагӣ дида истодааст. Ҳамчунин ӯ ҳамсафари зиндагии худро алакай интихоб кардааст. Дӯстдухтари ӯ дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад ва баъди хатми донишгоҳаш онҳо ният доранд бо ҳамдигар издивоҷ кунанд.
Муборак Қосимзода