fbpx

Хатмкардаи донишгоҳи тиббӣ дар Чин ва табиби маркази тиббӣ дар АМА. Табиби тоҷике, ки мехоҳад табобати бемориҳои чашмро дар Тоҷикистон дастрас намояд

Ӯ мехоҳад дар Душанбе клиникаи бемориҳои чашмро бо шароити муосир ва мутахассисони баландихтисос таъсис диҳад.


2
2 points
Табиби тоҷик ҳангоми кор
Ин ва дигар аксҳо аз хазинаи шахсии қаҳрамони мақола дастрас гардид.

Додхудои Бойназар, ҷавони тоҷике аз ноҳияи Восеъ қариб як сол мешавад дар Маркази тиббии Royal NMC, дар шаҳри Рас Ал – Хаймаи Аморати муттаҳидаи Араб ба ҳайси табиби чашм фаъолият дорад. Ӯ бо дархост ба як ширкати хайриявии арабӣ нақша дорад ба Тоҷикистон омада, ба ҳамватанонаш хизмати ройгон расонад.

Додхудо соҳиби ду диплом аст. Ӯ дар бораи чӣ тавр ба ин зинаҳо расиданаш ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Амалиёти ҷарроҳии чашм бо табиби тоҷик
Додхудо ҳангоми амалиёти ҷарроҳии чашм

Пизишки забондон

Қаҳрамони мо дар оилаи духтур ба дунё омадааст. Падараш Бойназар Тағоев чандин сол сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон будааст. Додхудо низ пайравӣ ба падар намуда, аз хурдсолӣ мақсади духтур шуданро мекард.

Вале айёми мактабхонӣ фикри ӯ тағйир меёбад. Ҳангоми экскурсияи мактаббачагон дар шаҳри Кӯлоб бо шароити Литсейи туркӣ дар ин ҷо ошно мешавад. Қаҳрамони моро забондонии хонандагони литсей ба ваҷҳ меорад. Дар пеши худ мақсад мегузорад, ки забонҳои хориҷиро бояд омӯзад.

“Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дохил шудам. Дар факултети забонҳои шарқ ихтисоси мутахассиси забони чиниро хатм кардам. Дар баробари ин ба таври иловагӣ забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва туркиро низ омӯхтам”,– нақл кард Додхудо.

Донишҷёни тоҷик дар Чин
Донишҷён донишгоҳи тиббӣ дар Чин

Аз паси орзуҳо ба сӯйи Чин

Вале орзуи табиб шудан аз нав дар дилаш зинда мешавад. Акнун барои ӯ имкон бештар буд. Зеро чор забони хориҷиро азхуд карда буд.

Ҳамин тавр, ба Додхудо муяссар мегардад, ки соли 2011 тибқи квотаи давлатӣ ба Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Синьцзян) – и Ҷумҳурии мардумии Чин дохил шавад.

Ба гуфтаи ӯ падараш маслиҳат додааст, ки табиб шуданӣ бошад, табиби чашм шавад.

“Падарам маслиҳат дод, ки духтури чашм шавам. Ӯ собиқаи зиёди корӣ дорад ва медонад, ки дар мамлакати мо духтурони чашм каманд. Насиҳат кард, ки пизишки хуб шуда, ба халқ софдилона хизмат намоям”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.

Тибқи квотаҳои Донишгоҳи тиббии Шинҷон аз Тоҷикистон довталабон аз рӯйи 25 ихтисос ба зинаи бакалавр ва аз рӯйи 17 ихтисос ба зинаи таҳсилоти академӣ дохил шуда метавонистанд. Додхудо то соли 2016 дар бахши ҷарроҳии умумӣ таҳсил кард. Давоми солҳои 2017 – 2021 бошад аз рӯйи ихтисоси духтури бемориҳои чашм таҳсилро идома дод.

Донишҷӯёни тоҷик
Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи тиббӣ дар Чин

Табибони оянда – муаррифгари фарҳанг

Додхудо айёми таҳсил дар донишгоҳи мазкур дар чорабиниҳои гуногун борҳо урфу одат ва расму оинҳои миллати тоҷикро муаррифӣ намудааст.

“Соли 2014 ҳангоми таҳсил дар курси 3 ҷашни 60 – солагии донишгоҳамонро таҷлил кардем. Дар он зиёда аз 36 давлати дунё меҳмонон ҳузур доштанд. Мо – гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик рақс ва либосу хӯрокҳои миллиро пешниҳоди беш аз 800 нафар меҳмонони хориҷӣ гардонидем. Хушбахтона намоиши мо соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар ин ҳол намояндаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ иштирок дошт, наздамон омад ва гуфт: – “Аҳсан ба шумо, номбардорони миллати тоҷик”. Ин аз беҳтарин хотироти даврони донишҷӯиям буд”,- нақл кард Додхудо.

Парчами Тоҷикистон дар дасти донишҷӯёни тоҷик дар Чин

Кӯмак ба ҳамватанон

Баъди хатм низ қаҳрамони мо робитаашро бо донишгоҳ накандааст. Ӯ барои дохил шудани ҳамватанони ҷавонаш кӯмак мекунад ва ин корро танҳо барои дастгирӣ бе ягон музд анҷом медиҳад.

“Ҳамасола дар ҳамкорӣ бо донишгоҳе, ки худам таҳсил кардам, ба 10 нафар довталаб аз Тоҷикистон кӯмак менамоям ки ба он ҷо дохил шаванд. Донишгоҳи тиббии Шинҷон ҷойи хоби ройгон ва стипендияи моҳона баробар ба зиёда аз 4000 сомониро таъмин мекунад”,- афзуд қаҳрамони мо.

Дар ҷустуҷӯйи худ

Қаҳрамони баъди ба ватан баргаштан чанд муддат дар Беморхонаи шаҳри Кӯлоб кор кард. Вале барои гирифтани таҷрибаи бештар борҳо кӯшиши дарёфти кор дар беморхонаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷа кард.

Чандин маротиба имтиҳону суҳбат гузаронид ва ниҳоят моҳи августи соли 2022 ба мақсади худ расид. Ӯро ба Маркази тиббии Royal NMC, дар шаҳри Рас Ал – Хаймаи Аморати муттаҳидаи Араб ба кор гирифтанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “Маро молу сарват не, меҳру муҳаббат ба кор ва барқарор кардани биноии чашми беморон хушҳол мекунад. Аз ин рӯ, хостам донишу таҷрибаамро дар яке аз беморхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон сайқал диҳам.

Ҳоло  қариб як сол мешавад дар Маркази тиббии Royal NMC, дар шаҳри Рас Ал – Хаймаи Аморати муттаҳидаи Араб кор мекунам. Мехоҳам таҷрибаҳои перафтаи ҷаҳониро азхуд кунам ва ба ватан барам”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Dodhudo Tagoev (@dr.tagoev_d)

“Омодаи хизмати тиббии ройгон ба ҳамватанон ҳастам”…

Ба ин беморхона беморон аз тамоми гӯшаву канори дунё ҳамарӯза муроҷиат мекунанд. Додхудо мегӯяд, омода аст ҳамватанонеро, ки хоҳиши табобат дар ин беморхонаро доранд, дастгирӣ намояд ва ҳатто ройгон табобат кунад.

Ҳоло қаҳрамони мо талош дорад, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои хайриявии арабӣ тибқи барномаи махсус ба Тоҷикистон барои муолиҷаи беморони чашм ояд.

табиби тоҷик бо либоси тиббӣ

“Аризаи ман дар яке аз ширкатҳои хайриявии арабӣ қабул гардидааст. Дар асоси он метавонам ба Тоҷикистон сафар намуда, дар беморхонаҳои мамлакат дар муддатҳои муайян ба беморон хизмати ройгон расонам. Дар ҳоли ҳозир интизори тендер ҳастам ва интизор меравад ба наздикӣ ҳал шавад”,- шарҳ дод Додхудо.

Бемориҳои чашмро соҳаи махсуси тиб — офталмология меомӯзад. Тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғайра, инчунин ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои силсилаи асаб ва рагҳо, авитаминоз ва ғайра метавонанд муҷиби бемориҳои чашм шаванд.

“Ин гуна бемориҳо аз таъсири зарбу лат, гармӣ ва рӯшноӣ низ сар мезананд. Андаке бепарвоӣ ва беэҳтиётӣ сабаб мегардад, то шахс қобилияти биноияшро аз даст диҳад. Аз ин рӯ ҳар як шахсро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад”,- тавсия дод табиби ҷавон.

Табиби тоҷик дар давраи пандемия

“Дигар намехоҳам ҳамватанам барои табобат ба хориҷа равад”…

Ба гуфтаи қаҳрамони мо дар Тоҷикистон набудани шароити хуб барои табобати бемориҳои чашм ва бетарафии беморон нисбати саломатиашон кори пизишконро мушкил мекунад. Махсусан беморони диабети қанд зуд ба бемории чашм гирифтор мешаванд,

Додхудо дар ояндаи наздик нияти дар Тоҷикистон кушодани клиникаи бемориҳои чашм бо муосиртарин таҷҳизот ва лавозимоти табобатиро дорад.

“Мехоҳам дигар беморони мо барои табобат ба хориҷа нараванд. Аз ин рӯ, ният дорам дар шаҳри Душанбе як клиникаи бемориҳои чашм кушоям”,- афзуд қаҳрамони мо.

Абдураҳмони Фаррух


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
12
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
7
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend