fbpx

Маҳсулоти “нархсоз” каме арзон шуд, роҳкирову нархи бозор чӣ

Баъди поён фаромадани нархи газ ҳам "таксиҳои 5-сомона" аз 10 сомонӣ арзон нашуданд.


1
1 point
Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Акс: Your.tj

Дар Тоҷикистон аз моҳи август инҷониб нархи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ боло рафт ва пас аз чанд моҳ то андозае арзон шуд. Вале нархи роҳпулии таксиҳову маҳсулоте, ки бо баҳонаи гароншавии газ боло бурда буданд, поён нафаромаданд, ки ин боиси нигаронии мардум гардидааст.

Мақомот сабаби қимат шудани гази моеъро ба кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд, ки коршиносон низ инро таъкид мекунанд.

Нигарониҳо аз гароншавии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 60% нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунад, боло рафтани нархи ин сӯзишворӣ боиси гарон шудани нархи роҳкиро ва баъдан бозор мегардад, чун мусофиркашонӣ ва интиқоли молу маҳсулот дар кишвар асосан тариқи нақлиёти заминӣ сурат мегирад.

Пас аз чанд рӯзи якбора гарон шудани нархи сӯзишворӣ, сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани нархи мусофирбарони хусусӣ шикоят намуданд.

Масалан, дар шаҳри Душанбе нархи мусофирбарони хусусӣ, ба қавле “таксиҳои 5-сомона” аз 7 ба 10 сомонӣ дакка хӯрд. Ин дар ҳолест, ки зимистони соли 2022-2023 низ пас аз то 8 сомонӣ боло рафтани нархи гази моеъ нархи ин намуд таксиҳо аз 5 ба 7 сомонӣ гарон шуда буд.

Таксищо дар Душанбе

Вале пас аз чанд моҳ, ки гази моеъро ҳатто арзонтар аз 4 сомонӣ пайдо кардан мумкин буд, нархи таксиҳо бетағйир монд.

Сафар Ҷоматов, ронандаи яке аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аст. Ӯ аз гароншавии нархи гази моеъ нигарон аст.

Ба гуфтаи ӯ аз оғози боло рафтани нархи газ аз баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литри газро то 8,20 сомонӣ харидорӣ кардааст.

“Субҳ ба умеди дарёфти ризқ ба кор мебароем. Бо ин нарх ман дар як рӯз 350-370 сомонӣ газ пур мекунам, дар поёни кор ҳисоб мекунам, фоида кам аст,” – иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Акбарҷон, ронанда аз шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ба ғайр аз гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ гарон шудааст.

“Мошини ман бо бензин ҳаракат мекунад. Бензин ҳам қимат шуд, вале назар ба газ камтар”, – зикр намуд ӯ зимни суҳбат бо Your.tj.

Донишҷӯдухтаре бо номи Таҳмина мегӯяд нархи роҳкиро ба самти Душанбе – Кӯлоб нисбат ба пештара хеле гарон шудааст.

“Пештар роҳкиро 50 сомонӣ буд. Ҳоло ба 70-80 ва ҳатто 90 сомонӣ боло бардоштанд”,- шарҳ дод вай.

Газ дар Тоҷикистон

Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сокинон дар хона аз балонҳои газӣ истифода мебаранд. Махсусан, дар зимистон, ки лимити барқ ҷорӣ мешавад.

Як сокини деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз он шикоят намуд, ки аз як ҷониб лимити барқ ҷорист, аз ҷониби дигар нархи газ, ки барои хонаводаҳо зарурист, боло рафтааст.

“Пештар газ 4 сомонӣ буд, бар ивази 100 сомонӣ балони газро пур мекардем, барои як моҳ мерасид. Ҳоло ҳамон миқдор газро ба 180-200 сомонӣ пур мекунем”, – зикр намуд ин сокини шаҳри Кӯлоб.

Ба гуфтаи ӯ талаботи мардум ба гази моеъ барои рӯзгор, асосан дар фасли зимистон бештар мегардад, махсусан дар деҳот, ки лимити барқ ҷорист.

Истифодаи балони газ дар Тоҷикистон
Истифодаи балони газ. Акс Your.tj

“Дар деҳаи мо рӯзона аз соати 8:30 то соати 17-и бегоҳ барқ хомӯш аст. Шабона низ аз соати 11:30 – 12:00 хомӯш мешавад. Аз ин хотир, барои пухтани хӯрок, тайёр намудани чою оби гарм ё аз газ истифода мебарем, ё аз чӯб”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Нимаи дуюми моҳи август дар Тоҷикистон нархи як литр гази моеъ аз 8 сомонӣ убур кард. Ин дар ҳолест, ки дар аввали моҳи август нархи як литри ин маҳсулот камтар 4 сомонӣ буд.

Аз нимаи дуюми моҳи декабр нархи газ рӯ ба арзоншавӣ овард. Ҳоло нархи як литр гази моеъ дар аксарияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 6,70 сомонӣ аст.

 

Нархи сӯзишворӣ

Дар минтақаҳо, вобаста ба дурӣ ва дастрасӣ ба газу сӯзишворӣ нархҳо андаке фарқ мекунанд.

Пас аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ боло рафт.

Мақомоти ин вилоят хабар доданд, ки ин тасмим дар дар асоси хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ гирифта шудааст.

Баланд шудани нархи сӯзишворӣ омили асосии гирифтани ин тасмим гуфта мешавад.

Шурӯъ аз 2-юми ноябри соли 2023 нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии хурди хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва дар автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ боло рафтааст.

Қаблан муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода гарониву сифати пасти сӯзишвории ба вилоят воридшуда изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар пайи боло рафтани нархи маводи сӯхт дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атрофи он ҳаракати автобусҳо тақрибан як моҳ қатъ шуд.

Сабаби асосиро гарон шудани қимати сӯзишворӣ гуфта буданд.

Бозори сӯзишворӣ озод аст, ё зери монополия қарор дорад?

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ниҳоди танзимкунандаи нарх дар Тоҷикистон) “сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ, ин давоми нимсолаи аввали соли 2023 ноуствор будани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад”.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки давоми нимсолаи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон беш аз 451 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 320 млн доллар ворид шудааст. Маҳсулоти нефтӣ аз бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ, равғанҳои молиданӣ, сӯзишвории реактивӣ ва керросин иборат аст. Ба иттилои ин ниҳод нархи миёнаи воридотии сӯзишворӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 назар ба соли гузашта 11,7 фоиз арзонтар шудааст.

Маҳсулоти нефтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Федератсияи Россия (85,4%), Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Ӯзбекистон (2,6%), Белорусия (1,4%) ва боқимонда (1,1%) аз дигар давлатҳо ворид мешавад.

Каме мунтазир шавед

Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои воридоти бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 42 ва гази моеъ 14 субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд ва таҳти назорати зиддиинҳисорӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, “бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рақобатпазир буда, ҳолати маҳдудкунӣ ва инҳисорӣ (монополия) намудан дар ин сегменти бозори молӣ ба мушоҳида намерасад”.

Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 169 ҳазору 251 тонна гази моеъ бо маблағи бештар аз 68 миллион доллар ворид кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022, 11,7 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки гази моеъ бо нархи миёнаи 403 доллар барои як тонна ворид шудааст, ки нархи он нисбати соли гузашта 73 доллар ё 15 фоиз арзон шудааст. Дар ин сурат мебоист нархҳо арзонтар мешуд, вале нашуд.

Ба Тоҷикистон 73,5%-и гази моеъ аз Қазоқистон, 24,6% аз Русия ва 1,8% аз Ӯзбекистон ворид мешавад.

Каме мунтазир шавед

Дар Тоҷикистон ширкатҳои “Темур ойл”, “Аллат”, “Газпромнефт Тоҷикистон”, “Эмом импорт экспорт”, “Ғайрат 82” ширкатҳои калони воридкунандаи гази моеъ ва “Газойл”, “Се ганҷ”, “Аллат”, ”Суғднефт”, “Роҳи сомон”, “Ориё” ширкатҳои калони воридкунанда ва яклухтфурӯши маводи сӯзишворӣ маҳсуб мешаванд.

Каме мунтазир шавед

Вазъият дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Айни ҳол дар Қазоқистон манъи содироти газ амал мекунад.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон содироти газро тавассути роҳи автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муддати шаш моҳ манъ кард. Ин тасмим аввали моҳи ноябр эълон шуд.

Қаблан 7 октябри соли равон вазорати энергетикаи Қазоқистон тибқи фармоне содироти газро тавассути нақлиёти автомобилӣ ба муҳлати се сол манъ карда буд.

Қарори мазкур бо сабабҳои “ҷилавгирӣ аз содироти ғайриқонунии гази моеъ ба хориҷи кишвар ва ҷилавгирӣ аз норасоии газ дар бозори дохилӣ, бинобар фарқияти номутаносиб байни нархҳои тасдиқшудаи дохилӣ ва нархҳои содиротӣ” равона гардидааст.

Тоҷикистон, ки қисми бештари гази моеъ ва маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ворид мекунад, ҳар дигаргуна дар системаи нафту гази ин кишвар ба Тоҷикистон бетаъсир намемонад.

Ӯзбекистон аз моҳи октябри соли равон 9 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз ба воридоти гази Русия оғоз кард.

Ҳоло ин кишвари Осиёи Марказӣ ният дорад, ки дар 2 – 3 соли оянда ба истиқлолияти комили нефтӣ бирасад.

Дар шаҳри Бойсуни Ӯзбекистон сохтмони комплекси гази кимиёвӣ идома дорад, ки дар сурати ба кор даромадан ин корхона қодир хоҳад буд, ки солона 5 миллиард метри кубӣ газ истихроҷ кунад.

Коршинос: Гази моеъ маҳсулоти “нархсоз” аст

Ба назари коршинос Дилшод Шариф сабаби баланд шудани нархи чаканаи гази моеъ дар Тоҷикистон аз гарон шудани қиматаш дар Қазоқистон вобаста аст.

“Намояндагони хукумати ин кишвар охири моҳи ноябри соли гузашта чунин ҳушдор дода буданд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 80 дарсади ин навъи маводи сӯхт аз Қазоқистон ворид мешавад. Албатта, гарон шудани нархи гази моеъ метавонад сабаби баланд шудани дигар нархҳои истеъмолӣ гардад, чунки сузишвории асосии автомобилӣ дар кишварамон мебошад ва аз ин лиҳоз маводи “нархсоз” аст”, - зикр намуд ӯ зимни суҳбат бо Your.tj.

Дар хусуси монополия будани бозори маҳсулоти сӯхт, ӯ мегӯяд, мо мувофиқи маълумоти расмӣ дар бозори гази моеъ ширкати дорои мавқеи ҳукмфармо вуҷуд надорад.

“Албатта имконият дорад, ки чанд ширкат дар асл як соҳиб дошта бошанд, вале сабти давлатӣ бо ному муассисҳои гуногун шудаанд. Аммо мо чунин маълумоти асосноку далел надорем ва аз ин сабаб наметавонем гуфт, ки чунин бошад ё не”, - чунин меҳисобад ҳамсуҳбати мо.

Ба назари коршинос сӯзишвории автомобилӣ маҳсулоти нархсоз аст, аз он сабаб, ки барои бурда расонидани ҳамаи молу маҳсулот, аз бозори яклухт то бозорҳои чакана ҳар савдогар нақлиёт истифода мебарад ва ҳаққи хидмати боркашон нархи аслии молу маҳсулотро баланд мегардонад.

Ӯ мегӯяд мо барои доду гирифт бо дигар кишварҳо имконият дорем, вале тарс дар он аст, ки боиси “тиллоӣ” шудани нархҳо мегардад.

“Тоҷикистон бо ин кишварҳое, ки ҳоло додугирифт дорад, гузаштаи ҳамзистӣ дошт, ки роҳу дигар инфрасохтори зарурии даҳсолаҳо санҷидашуда фароҳам овард. Умуман, мо бо кишварҳои болозикр тафаккури наздику ҳамдигарфаҳмии хуб дорем ва фикр мекунам, ҳар гуна ҳамкориямон бояд пеш аз хама бо ин кишварҳо бошад, зеро дар бисёр масоил гузашт карданд ва хоҳанд кард”, - хулоса намуд Дилшод Шариф.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend