fbpx

Дар Душанбе забони олмониро дар куҷо омӯхтан мумкин

Дар Тоҷикистон ният доранд, ки марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонии Институти Гётеро боз кунанд.


1
1 point
Акси марбута

Забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои маъмултарин дар Аврупо аст, ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо дар Олмон, балки дар Австрия ва Швейтсарияи ҳамсоя, ки дар он ҷо низ мақоми расмӣ дорад, таҳсил карда тавонед.

Илова бар ин, барои аксари барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар Олмон, донистани забони олмонӣ бартарии бузург хоҳад буд ва имкони гузаштан аз шартҳои озмунро зиёд мекунад.

Ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо котиби кулли Институти Гёте Йоҳаннес Эберт дар бораи имкони ифтитоҳи марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳони Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои Тоҷикистон гуфтугӯ карда буд.

Мо тасмим гирифтем, ки рӯйхати хурди марказҳои забономӯзиро дар Душанбе ба шумо пешинҳод намоем, ки дар он ҷо шумо метавонед забони олмониро омӯзед ё такмил диҳед, то дар оянда бомуваффақият ба донишгоҳҳои Олмон, Австрия ё Швейтсария дохил шавед.

Институти Гёте созмони ғайриҳукуматии олмонист, ки ҳадафаш таблиғи забони олмонӣ дар хориҷи кишвар ва пешбурди ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад. Муҳимтарин вазифаи ташкилот омӯзиши забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ мебошад.

DEX Душанбе

Суроға: кӯчаи Аҳрорӣ 140/1, блоки 1, ошёнаи сеюм, бинои Пойтахт-80 (ҳудуди ҷойгиршавӣ – “Амфитеатр”, мағозаи “MEXX”)

Телефон: +992 988 44 88 99

Instagram: @dex.dushanbe

Маъмурияти марказ аз душанбе то шанбе аз соати 9:00 то 18:00 (танаффус аз 13:00 то 14:00) кор мекунад.

Шумо бояд нахуст сабти ном шавед, ки он ба таври қатъӣ дар санаҳо ва вақтҳои муқарраршуда гузаронида мешавад. Онҳое, ки қаблан забони олмониро омӯхтаанд, вале мехоҳанд таҳсили худро дар DEx идома диҳанд, бояд имтиҳони муайянкунии дараҷаи забондониро супоранд.

Нархи курс 800 сомониро ташкил медиҳад (барои ҳар як дараҷаи забон). Ба он инчунин китобҳои дарсӣ ва маводи иловагӣ дохил мешаванд.

DSW Duschanbe – Deutsche Sprachwelt

Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 55/1, ошёнаи сеюм (ҳудуди ҷойгиршавӣ – Дом печат Белла Питса)

Телефон: +992 887 70 01 02

Instagram: @dsw_dushanbe_

Ба ғайр аз машғулиятҳо барои хонандагони марказ маҳфилҳои суҳбат бо забони олмонӣ ташкил карда, рӯзҳои якшанбе ба забони олмонӣ филм тамошо мекунанд.

Ҳамаи донишҷӯён бо маводи таълимӣ таъмин карда мешаванд.

Машғулият аз душанбе то шанбе аз соати 10:00 то 20:00 гузаронида мешавад.

SLZ Душанбе

Суроға: кӯч. Пӯлодӣ, 4

Телефон: +992 116 11 33 77

Facebook: SLZ Duschanbe

SLZ Duschanbe шарики расмии Институти Гёте дар Тошканд мебошад.

Нархи курсҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон:

Дараҷаҳои А 1.1 то В 1.2 – 1000 сомонӣ

Дараҷаҳои В 2.1 то В 2.3 – 1100 сомонӣ

Арзиш барои шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои ҷаҳон:

Дараҷаи А 1.1 то В 2.3 – 1500 сомонӣ

Маҷмӯи китобҳои дарсӣ бо дискҳо, инчунин ҳама варақаҳо ва нусхаҳо ба пардохт дохил карда мешаванд.

TMC Education

Суроғаҳо:

кӯчаи Айнӣ, 14 (ҳудуди ҷойгиршавӣ: “Голубой экран”), тел: 98 773 2727

Хиёбони Рӯдакӣ, 6А (ҳудуди ҷойгиршавӣ: Садбарг), тел: 93 602 3636

кӯчаи Фирдавсӣ, 25/1 (ҳудуди ҷойгиршавӣ: Саховат), тел: 93 503 2727

Хиёбони Неғмата Қарабоев, 120 (ҳудуди ҷойгиршавӣ:Саховат), тел: 231 25 03

Instagram: @tmc.education

TMC Education инчунин курсҳои дигар забонҳо ва курсҳои омодагии TOEFL/IELTS пешниҳод мекунад.

Маркази IML

Суроға: кӯчаи Дӯстии халқҳо 47, гипермаркети «Ашан», ошёнаи 4, ҳуҷраи 25

Тел: 93 505 5245, 50 189 0152

Сомона: https://modernlanguages.center/

Нарх: 250 сомонӣ

Маркази IML инчунин барои TOEFL ва IELTS омода мекунад.

MBO Professional Ёдгир

Суроға: кӯч. Бухоро 25 (ҷойгиршавӣ – мағозаи ALFEMO)

Тел: +992 (44) 60 11 221

Сомона: mbo.tj

Арзиш (дар як моҳ):

Курсҳои интенсивӣ: 379 сомонӣ

Курсҳои доимӣ ва ниминтенсивӣ: 279 сомонӣ

Курсҳои интенсивӣ – дарсҳо ҳар рӯз аз душанбе то шанбе (ҳафтае 6 маротиба) барои ду соат.

Курсҳои доимӣ ва ниминтенсивӣ ҳафтае се маротиба гузаронида мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend