fbpx

Як мард дар Роғун модарашро бо корд зада куштааст. Ӯро ба ҳабси якумра маҳкум карданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Тоҷикистон ҳам “Байрақтар” мехарад? Душанбеву Анқара созишномаи низомӣ имзо карданд

Душанбе ва Анқара ба хотири рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи тавофуқии дифоъ имзо карданд. Ин созишномаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳангоми сафараш ба Туркия бо ҳамтои туркии худ Хулуси Акар ба имзо расонидааст.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо як сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад.

Хабаргузории туркӣ менависад, ки ба хотири ташрифи вазири тоҷик ба Анқара ва дидораш бо вазири мудофиаи Туркия Горди фахрии вазорати дифои ин кишвар саф оростаанд.

Манбаъ гуфтаст, ин ташриф бо даъвати вазири мудофиаи Туркия анҷом ёфт ва дар ҳошияи он миёни вазирони дифои Тоҷикистону Туркия бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории дифоъ ба имзо расид.

Ба навиштаи ин расонаи туркӣ, вазири тоҷик бо ҳайати ҳамроҳаш бо Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро низ баррасӣ кардаанд.

“Хулуси Акар таъкид кардаст, ки Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак доранд. Вай гуфтааст, ки Анқара ба мубодилаи таҷриба бо Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди терроризм омода аст”.

Ҳарчанд манбаъ дар бораи ҷузъиёти созишнома чизе нагуфтааст, вале солҳои ахир кишварҳои минтақа ба паҳпод (тайёраҳои бесарнишин)-ҳои истеҳсоли Туркия, ки бо номи “Байрақтар” маъруфанд, таваҷҷуҳи хос доранд.

Вазири мудофиаи Туркия ҳамзамон муҳимияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро дар соҳаи таҳсилоти низомӣ арзёбӣ кардааст.

Пас аз истиқболи расмӣ, Хулуси Акар ва Шералӣ Мирзо ба макони фармондеҳии қуваҳои заминии Туркия ворид шуда дар ин ҷо мавзуйҳои марказиро баррасӣ кардаанд.

Як мард дар Роғун модарашро бо корд зада куштааст. Ӯро ба ҳабси якумра маҳкум карданд

Суди олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Роғунро барои куштори модараш ба ҳабси якумра маҳкум кард, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Қосимов М.  ҳамроҳи падару модар ва зану фарзандонаш дар хона зиндагӣ мекардааист. Аз сабабе ки  вақтҳои охир дар ягон  ҷой кор намекардааст, ӯро модараш насиҳат карда, мегуфтааст, ки дар ягон ҷой кор кунаду зиндагии зану фарзандашро таъмин намояд.

Ин суханҳои модар боиси қаҳру ғазаби Қосимов М. мешаванд ва ӯ мунтазам бо модараш бо ҳар баҳона муноқиша мекардааст. Ниҳоят ӯ як шаб корди хоҷагидориро гирифта ба синаи модараш чанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа модараш ба ҳалокат мерасад.

“Шаби 30 – юми апрели соли 2021 Қосимов М. тахминан соати 01:50 аз хоб бедор шуда, пинҳонӣ аз ҳамсараш бо мақсади куштори модараш аз ошхона  кордро гирифта, ба ҳуҷраи хоби падару модараш рафта, бо бераҳмии махсус бо корд ба  қафаси синаи модараш мезанад. Модараш Маҳмудова З. Ғ. аз зарбаи корд аз хоб бедор шуда, кушиши хестанро мекунад, вале ӯ ба модараш чунин имкониятро надода, бо корд пай дар пай се маротибаи дигар зада, ӯро ба қатл мерасонад”, – омадааст дар хабари додситонӣ.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13.04.2022 сол Қосимов М. Я. бо моддаи 104 қисми 2 банди “в, е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш махсус таъйин карда шудааст.

Дар 20 рӯз нақшаи даъват ба артиш 50 дар сад иҷро шудааст

Вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 20-уми даъвати баҳорӣ ба артиш аз иҷрои 50 дарсади нақшаи даъват ба артиш дар кишвар хабар медиҳад.

Маркази матбуотии вазорат бо пахши хабарномае навиштааст, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 60 дарсад, вилояти Хатлон беш аз 50 дарсад, вилояти Суғд ҳудуди 40 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тақрибан 60 дарсад иҷро шудааст.

Дар рӯзи аввали даъвати ҳарби ВМКБ нақшаи давъати баҳории ҳарбиро пурра иҷро намуда буд.

– Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои нақша пурра гузориш доданд, – менависад Вазорати дифоъ.

Қаблан, дар рӯзи 10-уми даъвати ҳарбӣ вазорати дифоъ хабар дода буд, ки нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст

Иҷрои то 50 дарсади нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир навори боздошти ҷавонон дар кӯчаву бозор ва фурудгоҳҳо пахш мешавад, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш аст.

Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Боришоти шадид дар Тоҷикистон: селу обхезӣ ва сангрезаву роҳбандиҳо

Боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок боис гардида, дар натиҷа рӯзҳои 20-21 апрел ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуданд,

Ба иттилои манбаъ, соати 06:30 дақиқаи субҳи имрӯз дар километри 94-96-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи Ҳамаланго лойқа фаромадааст.

“Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуда, лекин айни замон тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд”, – хабар доданд дар Кумита.

Зикр шуд, ки шабонарӯзи гузашта ба Хадамоти зидди жолаи Кумита муяссар шудааст, ки кишти зироатҳои кишоварзиро аз зарари жола ҳифз намояд.

“Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ёрии партоби мушакҳои зидди жола ду қисмати хавфноки абрҳои жолаовар безарар гардонида шуданд”, – хабар медиҳад Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селии хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ба сурати умум то 25 апрел дар саросари кишвар боридани борону ба амал омадани раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохуш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.

Кумита ба сокинони деҳоти кишвар тавсия медиҳад, ки ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода кунанд. Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намуда, ба ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend