fbpx

Эквилибристика. Чӣ тавр Муҳаммад ягона ҳунарманди ин жанр дар Тоҷикистон шуд

Гарчанде, ки ба Муҳаммад маслиҳат медиҳанд, ки эвилибристика жанри мушкил асту ҳар кас наметавонад аз уҳдааш барояд, аммо ӯ интихобашро кард, чун дар сирки Тоҷикистон ягон нафар бо ин жанр баромад намекард.


0
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Муҳаммад Шарифзода.

Муҳаммад Шарифзода 24 сол дорад ва ӯ ягона эквилибристи Сирки давлатии Тоҷикистон аст. Эквилибристика – жанри сиркиест, ки ҳунарманд дар ҳолати ноустувори бадан мувозинатро нигоҳ медорад. Муҳаммад 5 сол аст, ки бо ин жанри сиркӣ дар Тоҷикистон ва хориҷа ҳунарнамоӣ мекунад ва соҳиби ҷоизаҳои байналмиллӣ низ шудааст.

Ӯ ба Your.tj дар бораи интихоби ҳунар ва фаъолияташ дар сирк ҳамчун эквиблирист нақл кард.

Тавре қаҳрамони мо нақл мекунад, ӯ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба сирк омада ба омӯзиши ақробатика машғул мешавад ва баъди чанде дар саҳнаи сирк ҳунарнамоӣ мекунад. Истеъдоду завқи баланди Муҳаммад аз назари роҳбарияти сирк дур намемонад ва онҳо тасмим мегиранд, ки ӯро барои таҳсил ба Русия бифиристанд. Пас аз хатми мактаби миёна Муҳаммад соли 2014 ба Мактаби давлатии сирк ва эстрадии Маскав ба номи М.Н.  Румянцев (ГУЦЭИ) дохил мешавад ва пас аз чор соли таҳсил ба сирки Тоҷикистон бармегардад.

Жанри мушкил ва заҳматталаб

Дар соли дуввуми таҳсил вақте интихоби равия ва жанрҳои сиркӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибристикаи дастиро интихоб кард. Гарчанде, ки ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки ин жанр мушкил асту ҳар кас наметавонад аз уҳдааш барояд, аммо Муҳаммад интихобашро кард, чун дар сирки Тоҷикистон ягон нафар бо ин жанр баромад намекард.

“Замони таҳсил дар Русия ба мо устодони хуби жанри эквилибристика таълим медоданд. Вақте бори аввал онҷо ҳунарнамоии эквилибристонро дидам ба ман хеле писанд омад. Устодон ва ҳамсабақон аз қалб маро огоҳ карданд, ки ин жанр хеле нозук ва заҳматталаб аст, барои ҳамин нафарони кам онро интихоб мекунанд. Бояд ҳамеша вазъи ҷисмонӣ, мушакҳои дасту по ва тавозуни ғизоиро нигоҳ дорӣ. Танафус миёни машқҳо хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ 1-2 рӯз метавонад бошаду халос.

Аммо ҳам ин жанр писандам омаду ҳам фикр кардам, ки дар сирки мо касе аз ин намуд баромад намекунад ва новобаста аз таъкидҳо интихобаш кардам”, – нақл мекунад, Муҳаммад.

Парҳези махсус

Чун дар эквилибристика мувозинат нақши асосиро мебозад, ҳунарманд бояд мувозинати ғизоӣ ва вазни баданро дар як меъёри муаян нигоҳ дорад. Муҳаммад мегӯяд, ки гарчанде дар аввал барояш мушкил буд, аммо ҳоло ӯ одат кардааст, ки аз хӯрокҳои серғизо парҳез кунад.

“Ман барои нигох доштани шакли бадан танҳо аз маҳсулоти табии бидуни кимиё, ки аз сафеда иборат аст, масалан “творог”, тухм, “гречка”, “макарон” ва маҳсулоти монанд ба ин истеъмол мекунам.

Гарчанде, ки гӯшт ва хӯрокҳои аз он омодашударо хело дӯст медорам, аммо хӯрдани онро ба худам иҷоза дода наметавонам. Вале дар баробари парҳез мунтазамии машқҳо хеле муҳиманд. Агар пайваста машқ накунам парҳез ҳеҷ фоида надорад”, – мегӯяд, Муҳаммад.

Ӯ мегӯяд, ки агар парҳезро бишиканад, пас аз он чанд соат машқ мекунад, то каллорияи хӯрдаашро ҳазм намояд. Аз ин рӯ дар бисёри ҳолатҳо худро медорад ва парҳезро намешиканад.

“Гоҳо бо дӯстон якҷо мешинем, метавонам ба худам ягон хуроки ғайри ратсионӣ иҷозат диҳам. Аммо пас аз он чанд соат машқ мекунам то шикасти парҳезро ҷуброн намоям. Дар бисёри ҳолатҳо бошад машқи чандинсоата ба хотирам меояду аз шикастани  парҳез худдорӣ мекунам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Муҳаммад гарчанде ҳунари интихобнамудаашро дӯст медорад, иқрор мешавад, ки дар вақти тамринҳо борҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст. Аммо ин чиз сабаби дилхуникии вай аз касбаш шуда натавонист.

“Ҷароҳат сабаби ба саҳна набаромаданам шуда наметавонад”

Тавре Муҳаммад нақл мекунад замони омодагиҳо ба яке аз фестивалҳои байналмиллалӣ  ӯ мувозинаташро гум карда, ба замин меафтад ва аз китфаш ҷароҳати вазнин мебардорад. Барои барқарор шудани ҷароҳат моҳҳо лозим буд, вале дар пеш фестивали бузург меистоду Муҳаммад бояд ба саҳна мебаромад.

“Пеши бинанда ва аъзоҳои ҳакамон ба худам мегуфтам, ки ман рӯҳи шикастнопазир дорам ва ин ҷароҳат наметавонад садди роҳи ман барои муаррифии кишварам гардад. Бояд мардумро мутақоид мекардам, ки шоҳи ин саҳна манам ва бубинед, ки дар ин ҳунар ба чӣ қодирам.

Дар саҳна маро ҳаяҷон фаро мегирифт, вале ин баракс хуб буд ва ба ман нерӯ мебахшид то тамаркузамро комил кунам. Ангезаи асосӣ ва қавӣ барои ман муаррифии кишварам дар саҳнаи касбӣ, миёни давлатҳои дигар буд. Хушбахтона баромадамро бо мувафақият анҷом додам”, – нақл мекунад, эквилибристи тоҷик.

Ҷоизаҳо ва иштирок дар фестивалҳои байналмиллалӣ

Муҳаммад дар чандин фестивалҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ширкат карда сазовори ҷоизаҳои гуногун гаштааст. Танҳо дар як сол ба панҷ давлати дунё бо ин равия ҳунарнамоӣ карда, сирки тоҷикро муаррифӣ кардааст. Дар маҷмуъ дар зиёда аз 12 давлати дунё дар бузургтарин фестивалҳои байналмилалии сиркӣ дар Украина, Испаня, Беларусия, Ветнам, Португаля, Фаронса, Россия, Қазоқистон ва ғайра ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаву парчами давлати худро дар рӯи саҳнаи сиркҳои ҷаҳон бардоштааст.

Ӯ соли 2018 дар ҷашнвораи байналмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон барандаи ҷойи аввал шуда барои иштирок дар фестивали ҷаҳонии сиркӣ дар Ветнам роҳхат мегирад. Дар Ветнам қаҳрамони мо миёни 100 нафар сиркбозон аз 20 давлати дунё соҳиби медали биринҷӣ мешавад.

Муҳаммад мегӯяд, ки барояш аз ҳама муваффақияти бузург ҳунарнамоӣ дар VIII-умин Ҷашнвораи байналмилалии сиркии “Фили тиллоӣ” мебошад, ки соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид.

“Бори аввал дар ин ҷашнвора ман барандаи ҷоизаи вижаи ҳакамон «Спецкритика» шудам. Бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Русияро сазовор гашта”, – нақл мекунад Муҳаммад.

Муҳаммад мегӯяд, ки аз касби интихобнамудааш мефахрад ва аз наздиконаш минтадор аст, ки на танҳо сади роҳи интихобкардааш нашуданд, балки ӯро доимо дастгирӣ мекунанд.

Муҳаммад айни ҳол бо сафари ҳунарӣ дар Олмон қарор дорад. Ӯ ният дорад баъди ба ватан баргаштан аз паи омода намудани шогирдон дар жанри эквилибристика шавад.

Муборак Қосимзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend