fbpx

Қирғизистон гуфт, “гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон суръати бештар мегиранд”,  вале чаро бо пули мансабдорон бесарнишинҳои нав мехарад?

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point

Вазифаи нави раиси барканоршудаи ноҳияи Ёвон

Собиқ раиси ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ аз ин вазифа озод гардида буд, имрӯз, 18-уми январ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Собиқ раиси ноҳияи Ёвон
Ҷамшед Саидзода

Тавре маълум гардид, имрӯз, 18-уми январ, дар анҷумани навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки муовини якуми раиси ҲХДТ ва раиси тозатаъини вилоят Давлаталӣ Саид баргузор шуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Қиёмиддин Миралиён аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Ҷамшед Саидзода раиси нави  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ интихоб шудааст.

Маълум нест, ки раиси ҳамакнун, собиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ба кадом вазифае таъин гардидааст ё не.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод ва бюа ҷойи ӯ Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин гардида буд.

Қирғизистон гуфт, “гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон суръати бештар мегиранд”,  вале чаро бо пули мансабдорон бесарнишинҳои нав мехарад?

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев дар рафти бриффинги онлайнӣ гуфт, ки соли 2022 “аз душвортарин давраи муносибатҳо бо Тоҷикистон буд. Ӯ афзуд, ки гуфтушунидҳо дар соли 2023 бо “суръати бештар” идома мекунанд, хабар дод АКИпресс.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон
Акс аз АКИпресс: Жээнбек Кулубоев

Ба гуфтаи ӯ ҳодисаҳои сентябрӣ вазъиятро ноором карда, баъди он гуфтугӯҳои пӯшида тӯл кашиданд.

“Айни замон вазъ каме сабуктар шуд. Ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст, аз ҷониби мо ҳаст, ки ба ҳар ҳоле бояд гуфтугуҳои марзӣ ба поён расонида шаванд”, – гуфт Кулубоев.

Вай ҳамчунин илова кард, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон “суръати бештар гирифтаанд”.

Дар ҳамин ҳол 24.kg гузориш медиҳад, ки дар Қирғизистон барои харидани ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ пардохти мукофотпулиҳо ба хизматчиёни давлатӣ боздошта шудааст.

Бесарнишинҳои Қирғизистон

Ба гуфтаи Дайирбек Орунбеков, раиси Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон, пардохти мукофотпулӣ дар охирҳои соли гузашта мутаваққиф шуда буд.

“Чаро чунин тасмим гирифта шуд? Пас аз задухӯрд дар Бодканд ба таҳкими нерӯҳои мусаллаҳ ва дифоъ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад. Ҷоизае, ки ба хизматчиёни давлатӣ дода мешавад, ба таҳкими амнияти давлат нигаронида шудааст.

Қаблан ҳавопаймоҳои бесарнишинҳои “Байрактар”, “Аксунгур”, “Акинҷи” ва “Анка” харидорӣ ва ба Қирғизистон оварда шуданд. Агар давлат бехатарии худро таъмин карда натавонад, мукофоту ёрдампулиҳо ҳам лозим нестанд. Аз ин рӯ, норозигии бархе ҳамкасбон аз маҳрум шуданашон аз мукофотпулӣ ҷоиз нест”, – навиштааст дар Фейсбук Дайирбек Орунбеков .

Марзи муштараки ду кишвар 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 682 км муайян ва 290 км дигар баҳсӣ боқӣ мондааст. Дар робита ба баҳсӣ будани марзи муштарак миёни сокинони наздимарзии ду кишвар ва сарҳадбонони ду тараф низоъ сурат мегирад.

Яке аз калонтарин низоъҳо дар марзи ду кишвар рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 рух дод.

Боздошти блогери навбатӣ дар Душанбе

Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти як блогери дигар хабар дод.

Ин ниҳод рӯзи 17-уми январ дар хабарномае гуфт, Ҳабибулло Ҳимматзода, як блогери 21-сола “дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул аст.”

Назари Ҳимматзода ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот маълум нест. Маълум нест, ки ӯ дар саҳифаи худ дар Инстаграм чӣ гуфтааст. Мақомот дар ин бора ҷузъиёт надоданд.

Ба иттилои расмӣ, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин блогерро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст. Дар моҳҳои ахир мақомот чандин блогерро ба гуфтаашон барои истифодаи алфози қабеҳ ва бадахлоқона боздошт карданд. Аксари онҳо 10 то 15 рӯз дар ҳабс монданд.

Боздошти блогерон баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Як гурӯҳ аз ин амалкарди мақомот тарафдорӣ карданд, аммо гурӯҳи дигар онро нақзи ҳуқуқи инсон гуфтанд.

Тоҷикистон ду нафарро, ки дар ватанашон таҳти пайгард қарор доштанд, ба Қазоқистон истирдод кардааст

Тоҷикистон ба Қазоқистон ду нафарро, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноят, дар ватанашорн мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, супорид.

Тоҷикистон ду шаҳрванди Қазоқистонро ба ватанашон супорид.
Акс аз сомонаи boets-shop.ru

Ба иттилои Прокуратураи генералии Қазоқистон, Ирсалӣ О. ва Исабеков Б., ки барои куштор дар ҳолатҳои вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон дар ҷустуҷӯ буданд, аз Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Прокуратураи генералӣ дар доираи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ ҳамкориҳоро бо давлатҳои хориҷӣ фаъолона инкишоф дода истодааст.

Заминаи муқарраршудаи ҳуқуқии байналмилалӣ ва робитаҳои барқароршуда бо шарикони хориҷӣ имкон дод, ки дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамкории зичтар ба роҳ монда шуда, принсипи ногузирии ҷазои ҷинояткорон таъмин карда шавад.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2022 давлатҳои хориҷӣ 50 дархости истирдоди афроди мавриди ҷустуҷӯро қонеъ кардаанд.

Ба Қазоқистон истирдоди боз чанд ҷинояткори хатарнок аз Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва Шоҳигарии Баҳрайн низ сурат гирифтааст.

То имрӯз мақомоти Қазоқистон бо 34 кишвари хориҷӣ дар соҳаи қонунгузории ҷиноӣ 72 созишномаи дуҷониба бастаанд. Онҳо ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, истирдоди афроди дар ҷустуҷӯ қарордошта ва интиқоли маҳкумшудагон марбутанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend