Вақтҳои охир дар атрофи ваксинаҳо бар зидди бемориҳои сироятии кӯдакон, баҳсҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба амал омада истодааст. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки ин муҳофизати зарурии кӯдакон аз вирусҳои хатарнок мебошад, қисме ба он боваранд, ваксина ба суст шудани бадани кӯдак оварда мерасонанд.
Инчунин волидон шикоят мекунанд, ки баъзе табибон ҳангоми эмгузаронӣ ба саломатии кӯдак аҳамият намедиҳанд.
Танҳо 0,5-1% аҳолӣ аз иммунизатсия даст мекашанд
Дилором Ҷононова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар клиникаи маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳамаи кӯдакон бояд бар зидди бемориҳои бемории фалаҷ, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва ғайра, эм карда шаванд: «Ман се фарзанд дорам, пас аз ваксина кардани ду писари калониам, онҳо хеле гиря карда, чанд рӯз таби баланд доштанд. Дар аввал ман аз эмгузаронии духтари хурдиам даст кашидам, аммо табибони клиника талаб карданд, ки аризаи рад нависам ва дар ҳолати ба ягон беморӣ гирифтор шудани кӯдак, онҳоро айбдор накунам. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ин қарор додам, ки духтарам ба иммунизатсия фаро гирифта шавад”.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи назди Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 95-96% аҳолӣ бо ваксина фаро гирифта шудаанд. Танҳо 0,5-1% аҳолӣ аз иммунизатсия даст мекашанд ва дигарон бо сабаби бемории кӯдакон ин корро намекунанд.
Ба гуфтаи Саида Бобоназарова, мудири шӯъбаи арзёбӣ ва мониторинги Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, ваксина организмро водор мекунад, то фикр кунад, ки ба ӯ ҳамла оварда истодаанд. Организм силоҳро ҳосил мекунад ва дар мавриди рух додани бемории воқеӣ кӯдакро ҳимоят мекунад: «Ҳамчунин ваксина барои системаи масуният монанди курси таълимӣ мебошад. Ваксина организмро барои мубориза бурдан бар зидди сироят омода мекунад ва аз пайдо шудани нишонаҳои хатарнок, ки ба беморӣ оварда мерасонад, муҳофизат мекунад».
Табибон қайд мекунанд, ки гирифтани ваксина бояд дар ҳолати пурра кор кардани бадани кӯдак гузаронида шавад, дар акси ҳол мушкилот имконпазир аст. Ба гуфтаи коршиносон ҳамасола ваксинаҳо аз 2-3 миллион ҳаётро наҷот медиҳанд ва дар як сол то 1.5 миллион кӯдакон бо сабабе, ки онҳо иммунизатсия нашуда буданд, мефавтанд. Аммо баъзе волидон мегӯянд, ки ҳангоми риояи ҷадвали эмгузаронӣ, баъзе педиатрҳо ба саломатии кӯдак аҳамият намедиҳанд.
Тақвими миллии иммунизатсия чӣ аст?
Ба тақвими миллии иммунизатсия бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2020, №78 Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 2014, №643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда» тағйиротҳо ва иловаҳо ворид гардиданд.
Тақвими миллиии иммунизатсия
Намуди ваксина Муҳлати иммунизатсиякунӣ
ОПВ-0, В-1 | Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд
|
БСЖ | Дар рӯзҳои 3-5-уми баъд аз таваллуд |
Пентавалент-1 (АКДС-1, Hib, ГВ-2), ОПВ-1, Рота -1, ВПК-1 | Дар 2 моҳагӣ |
Пентавалент-2 (АКДС-2, Hib, ГВ-3), ОПВ-2, Рота -2, ИПВ | Дар 3 моҳагӣ |
Пентавалент-3 (АКДС-3, Hib, ГВ-4), ОПВ-3, ВПК-2 | Дар 4 моҳагӣ |
СБГ-1, ОПВ-4, ВПК-3 | Дар 12 моҳагӣ |
АКДС-4 | Дар 16-23 моҳагӣ |
СБГ- 2, АДС, БСЖ-2 | Дар 6 солагӣ |
АДС-М, БСЖ-3 | Дар 16 солагӣ |
АДС-М – 2, 3, 4, 5 | Баъди ҳар 10 сол (26,36,46,56 сол)
|
Саида Бобоназарова, мудири шӯъбаи арзёбӣ ва мониторинги Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика мегӯяд, мутобиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар кишвар иммунизатсияи тамоми кӯдакони ҷумҳурӣ бар зидди 11 бемориҳои сироятии асосӣ (бемории фалаҷ, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, гепатити В, бемории сирояти гемофилии типи b, сурхча, гулафшон, сил, сирояти ротавирусӣ, баногӯшак) гузаронда мешавад.
Мавзуна Лоиқова, сокини яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки иммунизатсия метавонад боиси сироят ёфтани кӯдак бо ягон намуд вируси дигар гардад: “Ман метарсам, ки кӯдаконамро ваксина кунам. Мо бисёр вақт мехонем, ки қисми зиёди наврасон ё кӯдакон ба ВИЧ ё Гепатит сироят меёбанд. Яъне, волидон солиманд ва фарзандон вирус доранд. Аз ин рӯ, ман намехоҳам фарзандонамро ваксина кунам”.
Ҳатто сару садо миёни мардум аст, ки гӯё дар таркиби ваксинаҳо аз хуни хук истифода мебаранд, вале мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ин ҳамаро рад карда мегӯянд дар таркиби ваксинаҳо:
- Моддаҳои ёридиҳанда: – ин моддаҳое мебошанд, ки махсус ба таркиби ваксина барои баланд бардоштани бехатарӣ, самаранокӣ ва устувории ваксинаҳо ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодабариашон, ворид карда мешаванд,
- Адювантҳо – ин моддаҳое мебошанд, ки коркарди масунияти ҷавобиро зиёд мекунанд,
- Антибиотикҳо – онҳоро ҳангоми истеҳсолкунии ваксинаҳо барои пешгирӣ намудани заҳролудшавии бактериявии култураи ҳуҷайраҳои бофта истифода мебаранд (масалан, канамицин, неомицин),
- Консервантҳо – ин моддаҳои химиёвие мебошанд, ки ба дохили ваксинаҳо барои нагузоштани афзоиши микробҳо, бактерияҳо, замбурӯғҳо, вирусҳо ва муҳофизати ваксинаҳо аз заҳролудшавии токсинҳои бактериалӣ, инчунин пешгирии заҳролудшавии зарфҳои бисёрвояга ҳангоми исифодабарии ваксинаҳо (мисол, тиомерсал, формалдегид), дохил карда мешаванд.
“Дин зидди эмкунӣ нест”
Ҷамолиддин Хомушӣ, сармутахассиси Шӯрои исломии Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, агар тибби илмӣ исбот кунад, ки ваксинаҳо ба саломатӣ зараровар нестанд, пас дин зидди эмкунӣ нест: “Албатта, беҳтар аст, ки маводҳои ҳалолро истифода барем, то ин ки барои мусалмонон қобили қабул бошад».
Ба гуфтаи Моҳтоб Бобохонова, сардори Раёсати омори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, яке аз сабабҳои рад кардани иммунизатсия аз ҷониби волидон, ин бемории кӯдакон аст ва онҳо метарсанд, ки пас аз ваксина вазъи тифлонашон бадтар мешавад: “Сабаби дуюми радкунӣ дар он аст, ки одамон ахборот мехонанд ё видеоҳо дар бораи иммунизатсия дар интернет мебинанд, ки он ҷо гузаронидани ваксина ба кӯдаконро хатарнок мегӯянд. Аммо вақте ки мо бо волидон суҳбат мекунему мефаҳмонем, онҳо ба гирифтани ваксина розӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки ингуна мақолаҳо ва видеоҳо дар интернет кори гурӯҳҳои махсуси зидди иммунизатсия мебошанд. Дар Тоҷикистон чунин гурӯҳҳо вуҷуд надоранд, ҳамаи онҳо дар дигар кишварҳо ҷойгиранд ва зидди ваксина тарғибот мебаранд. Аммо дар асл, ягон далели исботшуда дар бораи зарар доштани ваксина барои кӯдак вуҷуд надорад”.
“Ваксинаҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд”
Маъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавридиди сиффатнокӣ ва бехатарии ваксинаҳо мегӯянд, ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, аз ҷониби Шӯъбаи таъминоти ЮНИСЕФ харидорӣ шуда, дорои сертификати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд, ки ин бехатарӣ, иммуногении баланд ва мутобиқати онҳоро ба талаботҳо ва стандартҳои байналмиллалии маводҳои иммунобиологӣ тасдиқ мекунад.
Илова бар ин нигоҳдории занҷири хунукитаъминкунандаи мувофиқ, риояи таҷрибаи тазриқҳои бехатар, назорати ҳамаҷониба ва идоракунии аксуламалҳо ба ваксинаҳо, ҳамчун компонентҳои бехатарии ваксинаҳо, ки дар зери назорати корманди тиб мебошанд, ба ҳисоб мераванд.
Шаҳноза Сабзалиева, сокини Душанбе, ки модари се фарзанд мебошад, бар ин назар аст, ки иммунизатсия ба нафъи мардум мебошад: “Ҳар як модар бояд донад, ки агар ӯ фарзандашро аз бемориҳои гуногун ваксина гирад, ин танҳо ба ӯ фоида мерасонад. Баъзеҳо ба овозаҳои гуногун бовар мекунанд ва аз эмгузаронӣ саркашӣ мекунанд ва бо ин гӯё фарзандони худро муҳофизат мекунанд. Аммо, дар ниҳоят, онҳо корро боз ҳам бадтар мекунанд”.
Саида Бобоназарова, мудири шӯъбаи арзёбӣ ва мониторинги Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика мегӯяд, Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳоло дар он ҷо фалаҷи атфол паҳн шудааст, марзи муштарак дорад: “Аз ин рӯ, мо аз волидон даъват мекунем, ки фарзандони худро саривақт иммунизатсия карда, онҳоро аз бемориҳо эмин доранд. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 мо нақша дорем, ки шумораи кӯдаконеро, ки қаблан ваксинаи полиомиелитро нагирифта буданд, фаро гирем”.
Мижгона Ҳалимова