fbpx

Хонандаи тоҷик соҳиби $ 1 млн. грант шуд. Ӯ метавонад дар яке аз 8 донишгоҳи бонуфузи дунё таҳсил кунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати афзоиши кумаки башардӯстона ба Афғонистонро таъкид кард

Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону ИА ибрози андеша намуда, масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд.

“Дар ин зимн сатҳи баланди ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба арзишҳои умумибашарӣ хавфи ҷиддиро ба бор овардаанд, таъкид гардид”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба онҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид кард ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кӯмак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор дошт.

Хонандаи тоҷик соҳиби $ 1 млн. грант шуд. Акнун ӯ метавонад дар яке аз 8 донишгоҳҳои бонуфузи дунё таҳсил кунад

Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби шоҳҷоиза – гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 миллион доллари амрикоӣ гардид ва имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфузи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.

Тибқи иттилои манбаъ Алишер Қосимов дар чанд озмуни донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза шуд ва якбора ҳашт донишгоҳ — Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) изҳор намуданд, ки маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд.

Донишгоҳҳои зикршуда ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомиланд ва 5 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Алишер Қосимов аз омилҳои ба ин муваффақият дастёбии худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ меҳисобад. Ӯ гуфтааст, ки дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур давоми ду моҳ эссеро бо забони англисӣ навиштаву пешниҳод намуда, ғолиб шудааст.

Худи Алишер ният дорад, ки ҷарроҳи асаб шавад ва барои амалӣ гардонидани мақсади худ ба яке аз донишгоҳҳои зикршуда дохил мешавад.

Додгоҳи ҳарбӣ як сержантро барои марги ҳамхидматаш 13 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи ҳарбӣ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги сарбоз Миралӣ Боқиев айбдор дониста ӯро ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Дар ин бора пайвандони сарбози кушташуда хабар дода гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 5-уми апрел дар қисми ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ ва он ҷое, ки Боқиев хидмат мекард, доир шуд.

Зариф Зарипов, амаки Миралӣ Боқиев, гуфтааст, ки додгоҳ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги мармузи ҷиянаш айбдор дониста, ӯро равонаи зиндони низомаш сахт кард. Вай гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ ба Саъдуллоев 14 солу 8 моҳ хост, вале додгоҳ ҳукми ниҳоиро 13 сол таъин кард.

Бино ба гуфтаи ӯ дар робита ба марги Миралӣ Боқиев, сарбози неруҳои марзбонӣ алайҳи боз се нафар, ду командир ва як сарбози қисми ҳарбии Ҳамадонӣ парванда боз шудааст. Ба хонаводаи Боқиевҳо гуфтаанд, онҳо ҳам ҷазо мегиранд.

“Яке аз командирон баромада гап зада гуфт, ки ҳангоми латукӯби Миралӣ дар ҷойи ҳодиса нафарони зиёд буданд. Суд пурсид ту ҳам будӣ, бале будам гуфт. Вақте пурсиданд, ту чаро халос накардӣ, гап назад”,-мегӯяд, Зариф Зарипов.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб моҳи феврал  гуфта буд, ки пас аз анҷмои тафтишот командирҳои Боқиев ва Саъдулоев ҳам муҷозот хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, Миралӣ Боқиев аз сӯйи ҳамхидматаш, сержант Сиддиқ Саъдуллоев лату кӯб мешавад ва пас аз ду зарбаи мушт дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад.

“Инро хулосаи ташхиси судӣ ҳам тасдиқ мекунад. Худи гумонбар Саъдуллоев ҳам тасдиқ мекунад, ки Боқиевро бо мушт ду зарба задааст ва ӯ баъди зарбаи дувум ба ҳалокат расид.  Ҳоло ин сержант бар асоси қисми 3-и моддаи 391 Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад”.-гуфта буд, Раҷабзода.

Миралӣ Боқиев, сарбози 20 солаи неруҳои марзбонӣ шаби 17-уми январи имсол аз суйи ҳамхидматаш Сиддиқ Саъдуллоеви 22-сола, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кушта шуд. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурдаанд.

17 варзишгари тоҷик дастгирии молиявии олимпиро дарёфт карданд

Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 тасдиқ кард.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд.

“Дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024” ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 7500 доллар маблағ ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ба ин тариқ, 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 бархурдор мешаванд:

ҶУДО

  1. Темур РАҲИМОВ, 800 доллари ИМА
  2. Сомон МАҲМАДБЕКОВ, 800 доллари ИМА
  3. Беҳрӯз ХОҶАЗОДА, 800 доллари ИМА
  4. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ, 400 доллари ИМА
  5. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА, 250 доллари ИМА

БОКС

  1. Баҳодур УСМОНОВ, 800 доллари ИМА
  2. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ, 800 доллари ИМА
  3. Миҷгона САМАДОВА, 250 доллари ИМА
  4. Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА, 250 доллари ИМА
  5. Нилуфар БОБОЁРОВА, 250 доллари ИМА

ТАЕКВОНДО

  1. Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ, 300 доллари ИМА
  2. Мӯниса ОЙМАТОВА, 250 доллари ИМА
  3. Моҳру ҲАЛИМОВА, 250 доллари ИМА

ГУШТИН

  1. Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ, 400 доллари ИМА
  2. Ватансултон ШАКАРШОЕВА, 250 доллари ИМА

ҚАЙИҚРОНӢ – КАНОЭ

  1. Шаҳриёр ДАМИНОВ, 400 доллари ИМА

ШИНОВАРӢ

  1. Екатерина БАРДАЧЕВА, 250 доллари ИМА

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend