40 ҳазор сомонӣ ба ҳар як оилаи қурбонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ барои осебдидагони тарма дар ВМКБ
Ба ҳар оилаи қурбонӣ 40 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ барои осебдидагони тарма дар ВМКБ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ин вилоят хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ҳамчунин, барои ҳар як оилаи зарардида кӯмаки яквақтаинаи президент Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Гуфта мешавад, ки расонидани кӯмакҳо 17 – уми феврал оғоз гардид. Онро гурӯҳи кории ҳукумати ВМКБ ба оилаҳо супориданд.
Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон имрӯз, 20 – уми феврал, аз шаҳри Хоруғ дидан кард. Ба иттилои КҲФ дар шаҳри Хоруғ котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода, раиси КҲФ Рустам Назарзода, вазири саноат Шералӣ Кабир, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва нақлиёт низ ҳузур доранд.
Ба гуфтаи вай, аъзои ҳайати ҳукуматӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маркази маъмурии ВМКБ шинос шуданд.
Онҳо инчунин шаҳрвандони маҷрӯҳшударо дар беморхона аёдат карданд.
Сарвазир пас аз шиносоӣ бо корҳои барқарорсозӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонии ба нақша гирифташударо барои бесарпаноҳон ҳарчӣ зудтар анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафароии рӯзи 15 – уми феврал дар ВМКБ 18 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони қурбониён таслият изҳор намуда, комиссияи вижаеро барои бартараф намудани хисорот таъсис дод.
Фавти се кӯдак аз як оила аз дуди ангишт дар Исфара. Модарашон бистарӣ аст
Дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара се ноболиғи 6, 10 ва 13 – сола аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд.
“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Тайбидин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар ин бора менависад.
Ба гуфтаи манбаъ, кӯдакон ба беморхона интиқол наёфта, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.
Номбурда афзуд, танҳо модарашон Гулрухсор Яҳёхӯҷаева дар бемористон бистарӣ буда, зери табобати духтурон аст ва вазъи саломатиаш вазнин аст.
Азизов Абдухолиқ, роҳбари Кӯмаки аввалият тибии санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Исфара гуфтааст, кӯдакон сокинони ҷамоати деҳоти Навгилем буда, онҳоро 19 – уми феврал дар оромгоҳи Тӯхтақули Исфара ба хок супурданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар хонаи модари Гулрухсор Яҳёхӯҷаева, дар деҳаи Чорқишлоқи Исфара рух додааст. Муслиҳиддин, падари хонавода дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт.
Тоҷикистон дар моҳи январ аз фурӯши барқ 4,3 млн доллар даромад гирифт
Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4,3 млн доллар нерӯи барқ фурӯхтааст. Ин омор қариб 50% зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омор.
Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон дар муқоиса бо моҳи декабри соли гузашта ба андозаи беш аз 1,3 млн доллар зиёд шуд.
Раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки мутобиқи шартномаҳои имзошуда, дар мавсими тирамоҳу зимистон барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизот, нерӯи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.
Аммо 19 январи ҳамин сол хадамоти матбуоти “Шабакаҳои барқии минтақавӣ”-и вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шароити сармои шадид барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо барқ, “интиқоли иловагии барқ” аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистон оғоз гардид.
Баъдан, 14 феврал раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки дарвоқеъ ҳам моҳи январ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, инчунин Қирғизистон дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ содир шуд.
Инро ӯ омода кардани низоми энергетикии Тоҷикистон барои пайваст шудан ба Низоми муттаҳидаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ маънидод кард.
Ба гуфтаи ӯ, барои барқарор кардани фаъолияти муштараки низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми минтақавӣ талаботи муайян вуҷуд дорад. Қаблан Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дод, ки ҷараёни ҳамроҳшавии шабакаҳои барқи қисмати марказии Тоҷикистон ба низоми минтақавӣ тариқи хатҳои интиқоли барқи Ӯзбекистон на дертар аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз аз аввали давраи тирамоҳу зимистон интиқоли барқ ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Ширкати “Барқи тоҷик” муддати тӯлонӣ ҳар гуна маҳдудиятро рад мекард, аммо дар охири моҳи январ хабар дод, ки бинобар сабаби норасоии захираҳои обу энергетикӣ, аз 1 феврал интиқоли барқ маҳдуд мешавад. Дар хабар зикр шуда буд, ки маҳдудият ба шаҳрҳои нисбатан калони ҷумҳурӣ дахл надорад.
Роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” як ҳафта пеш дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба шароити обуҳаво ва захираҳои об вобаста аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 106 млн доллар нерӯи барқ содир шудааст, ки 10,6% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
15 ҳазор шикоят аз зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати 3 солу 8 моҳ дар кишвар бештар аз 15 ҳазор шикоят аз зӯроварӣ дар оиларо сабт кардаанд.
Бино ба омори Вазорати умури дохилӣ, аз соли 2019 то 8 моҳи соли 2022 ба ин вазорат ҳазорон шикоят аз латукӯб, бераҳмӣ ё бадрафторӣ бо занон, мардон ва наврасону кӯдакон ворид шуд.
Дар ин миён бештар аз 12 000 шикоят аз зӯроварӣ ба занон шудааст. Зиёда аз 2700 шикоят аз зӯровариву бадрафторӣ ба мардон.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои аз байн бурдани хушунат дар оила кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Ҳомиёни ҳуқуқи занон бовар доранд, ҷабру зулму зӯроварӣ ба зан дар кишвар як “расми маъмул” аст. Талоши ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот кофӣ нест.
Давоми 5 рӯз дар Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст
Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст додаанд.
Чунончи, 19 – уми феврали соли 2023 дар километри 327 – уми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз, километрҳои 425, 426, 427, 447, 448 – уми роҳи Кӯлоб – Дарвоз – Ванҷ, километри 554 – уми роҳи Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, ҳамчунин дар километри 12 – уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъаи ВМКБ тарма ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа роҳҳо муваққатан баста шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо ҷалби техникаи махсус дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон оқибатҳои тарма бартараф карда шуда, корҳо дар ноҳияҳои Дарвоз ва Роштқалъа идома доранд.
“Аз 15 то 19 – уми феврали соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 200 ҳодисаи лағзиши тарма, 7 ярч ва 6 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи лағзиши тарма 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд”,- меафзояд манбаъ.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 21 – уми феврали соли равон хатари омадани тарма, резиши сангу рег ва ярч боқӣ мемонад.