fbpx

“Барқи тоҷик”: То кай давом ёфтани “лимит” дақиқ нест

Ин дар ҳолест, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.


0
Акс аз Радиои "Озодӣ": Маҳмадумар Асозода

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13 – уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дақиқ намедонад, ки маҳдудият барқ ба сокинони минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад.

Ин дар ҳолест, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст.

“Ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад”, шарҳ дод раис. Ба таъкиди ӯ “Барқи тоҷик”, бо назардошти ин ҳолат, ҳоло дақиқан гуфта наметавонад, ки “лимит” – и барқ кай аз байн бардошта мешавад.

Моҳи январи имсол давоми чанд рӯз фармони аз байн бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ амал кард. Сабаби дубора ҷорӣ шудани “лимит” – ро раиси “Барқи тоҷик” чунин шарҳ дод:

“Дар январи соли ҷорӣ, ки сардиҳои зиёд шуд, дастур шуда буд мардумро ба таври шабонарӯзӣ пурра бо барқ таъмин кунем. Аммо вобаста ба он, ки ҳаво сард буд, истифодаи барқ бениҳоят зиёд шуд… Бо беҳтар шудани ҳаҷми резиши об, барқ ба пуррагӣ таъмин мегардад”.

Изҳороти раиси “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки ин шабу рӯз шикоятҳо аз маҳдудияти барқ бештар шуда, сокинон мепурсанд, ки ин вазъ то кай давом мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend