Як қадам то медали тилло: Шоира Зулқайнарова ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии бокси ҷаҳон расид
Шоира Зулқайнарова, муштзанбонуи тоҷик ва намояндаи вазни – 63 кг Тоҷикистон дар рақобатҳои қаҳрамонии бокси занони ҷаҳон дар шаҳри Истанбули Туркия дирӯз муқобили варзишкори куриёӣ Чеон Хи Дун пирузӣ ба даст овард ва роҳии марҳилаи чаҳорякниҳоии ин мусобиқот шуд.
Қарор аст Шоира дар ин марҳалаи чаҳорякниҳоӣ, имруз 16 май бар муқобили намояндаи Ҳиндустон Парвин Худай мубориза кунад.
Аз ин пеш, Шоира дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд.
Дар сурати пирӯзӣ, Шоира метавонад корномаи Мавзуна Чориеваро такрор кунанд ва шумораи медалҳои бонувони муштзани тоҷикро аз қаҳрамонии ҷаҳон ба 2-то бирасонад.
Ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.
Варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар қувваозмоии дувумаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб гашт. Руҳафзо дар даври аввал бар Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуда буд. Мавзуна бар пайи ин, соли 2012 дар Бозищои олимпии Лондон низ медали ириныиро ба даст овард.
Қаблан дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик – Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал қувваозмоиро ба Севда Асенова (Булғористон) бохт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Иштироки беш аз 320 ҳазор кас дар рӯзи дав дар Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯнд, дар рӯзи дав, ки 15-уми май дар саросари кишвар баргузор шуд, беш аз 320 ҳазор нафари син ва касбашон гуногун иштирок кардаанд. Ин маърака ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23-юми май таҷлил мегардад, бахшида шуд.
Дави миллӣ бори аввал 20-уми майи соли 2007 баргузор шуда буд.
Дар дави имсола, ки бори 15-ум доир гашт, дар шаҳри Душанбе беш аз 45 ҳазор нафар ширкат варзиданд. Инчунин, дар марафони велосипедронӣ ё дучархасаворӣ беш аз 1300 нафар иштирок карданд.
Рӯзи дав ва марафони велосипедронӣ дар масири маҳаллаи Чорбоғ – “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, баргузор шуд.
Расонаҳои Афғонистон аз даргирии “Толибон” бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд
Расонаҳои Афғонистон аз як даргирии чорсоатаи “Толибон” бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо ин даргирӣ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак дар наздикиҳои Шерхонбандар сурат гирифтааст.
Ба навиштаи Афғонистон Интернейшнл даргириро аввал “Толибон” оғоз кардаанд. Ин тирпаронӣ бар пайи як таниши лафзӣ, шаби шанбе ба якшанбеи 15-уми май оғоз шудааст ва неруҳои “Толибон” нахуст тирпарониро шуруъ кардаанд.
“Гуфта мешавад, ки нахуст неруҳои “Толибон” ба сӯйи Тоҷикистон тирандозӣ кардаанд ва сипас марзбонони Тоҷикистон” ба нуқтаи сафари марзӣ ҳамла кардаанд”,- навиштааст Афғонистон Интернейшнл.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Гурӯҳи “Толибон” ҳам то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст.
Минтақаи Шерхонбандар дар шимоли Афғонистон, дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз бо ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар ин ҷо бар болои дарёи Ому аз сӯйи Тоҷикистон пули мошингузар бунёд шудааст, ки ду кишвар тавассути ин пул молу маҳсулотро аз кишварҳои дигар ва кишварҳои дигари минтақа мекашонанд.
Пас аз расидани “Толибон” ба қудрат дар Кобул дар моҳи августи соли гузашта, ин нахустин бор аст, ки неруҳои ин гурӯҳ бо марзбонони Тоҷикистон дар Шерхонбандар даргир мешаванд. Дар гузашта, ронандагону тоҷирон ва ҳатто мансабдорони вилояти Хатлон аз бархӯрди неруҳои “Толибон” дар ин гузаргоҳи марзӣ ситойиш карда буданд.
Хабаргузории “Спутник Афғонистон” ҳам бо такя ба манобеи худ аз сар задани ин даргирӣ хабар додааст.
Афғонистон Интернейшнл ҳамчунин навиштааст, ки дар ин даргирӣ аз силоҳҳои сангину сабук истифода шудааст.
“Ин даргирӣ пас аз гуфтугӯҳои мақомҳои марзбонии ду тараф поён ёфтаааст, аммо “Толибон” пас аз ин даргирӣ ба марз неруҳои бештар фиристодаанд”,-навиштааст манбаъ.
Дар бештар аз як ҳафтаи ахир, бори дувум аст, ки миёни марзбонони Тоҷикистону неруҳои “Толибон” тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 7-уми май бархе расонаҳо хабар доданд, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифтааст. Гурӯҳи ДОИШ бо нашри як баёния иддао кард, ки ба Тоҷикистон ҳамла кардааст. Аммо баъдар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ин иддаҳоро рад кард.
КДАМ Тоҷикистон дар изҳороташ рӯзи 8-уми май гуфт, ки неруҳои Толибон бо ДОИШ даргир шудаанд ва дар натиҷаи ин даргирӣ чанд “тири тасодуфӣ” ба сӯйи Тоҷикистон гузаштаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати муваққати “Толибон” пас аз ин ҳодиса гуфта буд, ки онҳо талош мекунанд омилони ин ҳамла ба Тоҷикистонро пайдо ва ба муҷозот бикашанд.
Пас аз ин даргирии рӯзи 7-уми май, дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон роҳҳои боркашонӣ ва равуои мошинҳои муваққат баста шуда буд.
Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо ба таври автоматӣ шаҳрвандӣ дода шавад
Як узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо новобаста аз он ки аз куҷо ҳастанд ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии Русия дода шавад.
Ин пешниҳодро Евгений Федоров узви кумитаи палатаи поёнии порлумон оид ба буҷет ва андоз ба Думаи давлатӣ додааст ва гуфтааст “чунин тадбир шумораи аҳолии мамлакати моро пурра мекунад”. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо радиои “Говорит Москва” хабар дода? изҳор доштааст, ки шаҳрвандии Русия ба касоне, ки забони русиро донад ва барои ӯ ин забон ҳамчун забони модариаш аст ва новобаста аз он ки ӯ аз куҷост бояд ба таври худкор ё автоматӣ дода шавад.
«Ба мо зарур аст бояд, шумораи аҳолиро пурра кунем. Барои ин фаъолсозии механизмҳои таърихии шахсияти русҳо, ба истилоҳ русикунониро дохил кардан лозим аст. Моҳияти ин механизм дар он мебошад, ки ҳар фарде, ки аз таваллуд ба забони русӣ ҳарф мезанад, рус ҳисобида мешавад ва мувофиқан бояд ба таври худкор шаҳрвандиро бигирад. Набояд санадҳо ҷамъоварӣ кард, агар шахс бо забони русӣ гуфтугӯ кунад, барои ӯ ин забони модариаш аст, бояд ӯ ба таври автоматӣ новобаста аз он ки аз куҷост шаҳрвандӣ бигирад”,-пешниҳод кардааст Евгений Федоров
Пешниҳоди ин узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия дар ҳолест, ки бино ба иттилои Оҷонсии омор и Русия “Росстат” коҳиши табии аҳолии ин кишвар дар моҳи январ 89,2 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 21,2% камтар аст. Бино ба маълумоти ин оҷонсӣ, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Русия 192,95 ҳазор кас фавтида, 103,78 ҳазор тифл ба дунё омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт. Дар ҷаласаи СПАД ширкат мекунад
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шаҳри Маскави Русия сафар кард.
Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар вохӯрии сарони кишварҳои СПАД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СПАД ширкат кунад.
Дар ин дидор, ҳамчунин раисони ҷумҳуриҳои Қазоиқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Белорус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат кунанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти сафар маълумот надодааст. Гуфта нашудааст, ки мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоҳояш дар СПАД дар назар ҳаст ё не.
Аммо расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки пас аз нишасти сарони СПАД Владимр Путин бо шуморе аз сарони кишварҳои узви СПАД гуфтушунидҳо хоҳад дошт.
Дар назар аст, ки аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамии СПАД вазъи минтақаи масъулияти созмон, рушди ояндаи онро баррасӣ кунанд ва дар нашри Изҳороти ҷашнии СПАД ширкат кунанд.
Дар соли 2022 садорати СПАД ба Арманистон дода мешавад.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Узбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт.