fbpx

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ бо гумони ғорат ва дуздии хонаи як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини ноҳияи Восеъ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, 19-уми апрели имсол соати 04.00 субҳ ба хонаи истиқоматии як зани сокини Хуҷанд ворид шуда, аз он ҷо “2-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11 Промакс» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

ВКД зарари расидаро 54 ҳазору 900 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар хабарномае, ки сайти ВКД нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноӽияи Восеъ, ки пеш бо моддаҳои 32 қисми 3, 138 қисми 1, 339 қисми 1 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”.

Дар ҳоли ҳозир аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд

Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли тайёраҳои бесарнишини эронӣ – Абобил 2 боз шуд. Ин корхона имрӯз бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ дар шаҳри Душанбе ба кор пардохт.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бораи расман иттилое нашр накардааст.

ИРНО хабар медиҳад, ки ин корхона дар “ростои тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомии байни ду кишвар, бо ҳиммат ва талоши мутахассисони вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон” бунёд шудааст.

Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Боқирӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки “имрӯз дар ҷойгоҳе ҳестем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст дар ҷиҳати афзоиши амният ва сулҳи пойдор, таҷҳизоти низомӣ содир кунем”.

Дар ин маросим калиди рамзии ифтитоҳи корхона ва гувоҳиномаи давраи омӯзишӣ ба фармондеҳ ва кормандони Неруҳои ҳавоиии Тоҷикистон эҳдо шудааст.

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳи корхонаи тавлиди Абобил-2-ро дар Тоҷикистон нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар унвон кардааст.

“Дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳо ва робитаҳои бештар дар тамоми сатҳҳои дифоию низомии ду  кишвар – Эрону Тоҷикистон хоҳем буд”,- гуфтааст Боқирӣ.

Аммо дараи иқтидори истеҳсолии ин корхона ҷузъиёт дода нашудааст.

Ҳамчунин Боқирӣ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ростои ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ ва марзбонӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд

Дар Душанбе байни минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва ширкати TBA AlShatri-и Миср дар бораи таъсиси корхонаи муштарак дар бахши хидматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре ки дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санад рӯзи 14 май дар доираи баргузории ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Миср имзо шудааст.

Дар бораи чӣ гуна корхона будан ва ба кадом фаъолият машғул шудани он маълумот дода намешавад.

Ҳамоиши тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби сафари ҳайати сармоягузорон ва соҳибкорони Миср ба Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар он зиёда аз 30 нафар соҳибкорони Тоҷикистон ва беш аз 10 нафар намояндагони ширкатҳои Миср аз соҳаҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, дорусозӣ ва  дигар бахшҳо ширкат варзиданд.

Пас аз имзои санадҳо байни соҳибкорон ва сармоягузорон дар шакли BxB вохӯриҳои дуҷониба баргузор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ҳайати сармоягузорони Миср зимни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор доштанд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшонро боз кунанд.

Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд

Ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократии Узбекисистон дар Палатаи қонунгузории Шӯрои олии он кишвар пешниҳод кард, ки ҷараёни воридсозии тағйирот ба Конститутсия шуруъ шавад. Ин масъала дар ҷаласаи рӯзи 16 майи Шӯро баррасӣ гардид.

Дар ҷиноҳи Ҳизби либерол-демократӣ аз пешниҳоди президенти Узбекистон ёдовар шуданд, ки “дар Рӯзи Конститутсия аз зарурати ислоҳи Конститутсия” гуфта буд.

Дар изҳороти расмии ҳизби мазкур омадааст, баъди ислоҳот дар Узбекистон зарурати воридсозии тағйирот ба Қонуни асосӣ пайдо шудааст.

Конститутсияи Узбекистон 8 декабри соли 1992 қабул ва то кунун ба он 16 тағйирот ворид шудааст. Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев низ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карданд.

Аз ҷумла соли 2017 барои таҷдиди низоми додгоҳӣ ва соли 2019 барои “демократисозии ҳукумат ва ҳисоботдиҳанда будани он” ба Конститутсияи Узбекистон тағйирот ворид шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend