fbpx

Стендапер Зарринахон. Чӣ тавр як ҷавондухтар дар Хуҷанд ҳаҷвнигор шуд?

Зарринахон дар Инстаграм наздики 30 ҳазор обуначиёни худро дорад ва баромадҳояшро он ҷо мегузорад.


0

Зарринахон Ҷумъабоева 22 сол дорад ва ӯ ба жанри стендапи ҳаҷвнигорӣ машғул аст.  Ӯ ҳоло дар гурӯҳи ҳаҷвнигории “Территория Юмора” шоуи занонаи “Fenomen”  фаъолият мекунад ва дар баромадҳояш аз мушкилоти занон ва оиладорӣ мегӯяд. Ба ғайр аз ин Заррина омӯзгор аст ва дар Коллеҷи санъати Хуҷанд дарс мегӯяд.

Ӯ ба Your.tj дар бораи чӣ гуна ҳаҷвнигору шудану фаъолияти омӯзгориаш қисса кард.

Чанд соли охир яке аз жанрҳои нави ҳаҷв ва ҳамзамон мураккаб – стендап дар кишвари мо ҳам иҷрокунандагон ва ҳаводорони худро пайдо намудааст. Як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба ин жанр машғул шуданд ва то андозае маъруфият касб карданд. Ҳоло аз ҳисоби духтарон дар кишвар яке аз стендап-комикҳои шинохта Зарринахон Ҷумъабоева мебошад.

Оғози фаъолияти ҳаҷвӣ

Тавре Зарринахон нақл мекунад, пайвастанаш ба ҳаҷв аз соли 2018, аниқтараш аз таъсиси лоиҳаи машҳури “Дугонаҳо” сарчашма мегирад. Ӯ продюсери ин лоиҳа чанд ҳамкурсро ҷамъ карда, гуруҳи “Дугонаҳо”-ро ташкил кардааст ва метавон гуфт, ки то андозае он лоиҳа миёни мардум маъруфият пайдо кард.

“Мо ҳамроҳи духтарҳо дар лоиҳаи “Дугонаҳо” корро дар самти ҳаҷв оғоз намуда, бо суръати баланд ҳаводорони зиёд пайдо кардем. Аммо ман барои як муддат ба Маскав рафтам ва бо ҳамин ҳамкориям дар “Дугонаҳо” қатъ шу”, – мегӯяд, ҳаҷвнигор.

Заринахон аз ҳамон соли 2018 қисми зиёди вақташро ба омӯхтан ва таҷриба гирифан дар соҳаи ҳаҷв сарф.

Ҳаҷвнигори ҷавон мегӯяд, ки бисёр хоҳиши аъзои лоиҳаи машҳури “Территория юмора” шуданро дошт ва замоне расид, ки Далер Камилов, яке аз фаъолони гуруҳ ӯро даъват мекунад. Ҳоло Заринахон дар ин лоиҳа фаъолият дорад.

“Ростӣ, ман бисёр хушҳолам, ки якумин ва ягона духтар дар лоиҳаи “Территория юмора” ҳастам. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мушкил аст барои духтар дар миёни писарон фаъолият кардан, вале ман баръакс ҳеҷ душвориеро пайхас намекунам, зеро аъзоёни гуруҳ ҳамагӣ бо ман муносибати хубу бародарона доранд”, – илова мекунад Заринахон.

Дар лоиҳаи “Территория юмора” Заринахон ҳам ҳамчун стендап-комик баромад мекунад ва ҳамчунин дар саҳнаҳои ҳаҷвии ҳамкоронаш нақш мебозад.

Ба ғайр аз ин Зарринахон дар Шоу ҳаҷвии занона “Fenomen” низ фаъолият мекунад.

Заринахон бо ҳаҷвҳояш чӣ гуфтан мехоҳад?

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки навиштани ҳаҷвро аз Далер Камилов омӯхтааст ва ба фикрест, ки на ҳама ҳаҷвнавису ҳаҷвнигор шуда метавонад. Ӯ мегӯяд, барои ҳаҷвнигор шудан ё дард доштан лозим ва ё дарду мушкилотро ҳис кардан тавонистан. Ҳамчунин, бояд дар таълифу иҷрои ҳаҷв эҳтиёткор бошад, то ки мухотабони худро таҳқир накунад.

“Ҳаҷв бисёр нозук ва мушкил аст. Агар ҳаҷвнигор дар гуфтораш андаке андеша накунад, метавонад ба сари худ бало орад. Ҳаҷв таҳқирро намеписандад, вале аз эҳтимол дур нест, ки дар вақти баромад ҳаҷвнигор бо луқмае ё ҳаракате ба изати нафси касе бирасад.

Яъне, гуфтаниям, ки ҳаҷвнигорро мебояд ҳамеша ба рафтору гуфтораш диққат диҳад, зеро сухани гуфтаро дигар ба қафо баргардонида намешавад”, – илова мекунад, Заринахон.

Стендапери ҷавон мавзӯъҳои баромадҳояшро аз кӯча, миёни мардум ва умуман ҳаводису воқеоти замон пайдо мекунад. Аз ҳама мавзӯи наздик ба ӯ ин оиладорӣ мебошад, ки муносибати калонҳои хона дар оиларо бозгӯ мекунад.

“Агарчи бисёр шӯхиҳои ман бо ҷумлаи “ҳоло ҳам шавҳар накардаам” оғоз мешаванд, вале бо стендапҳоям гуфтаниям, ки духтарҳо набояд дар 18-солагияшон шавҳар кунанд, балки таҳсил намуда, зиндагиро то андозаи даркорӣ дарк намоянд. Ман кӯшиш маекунам мавзӯъҳои оиладори ва мушкилоти занҳоро аз ҳаёти воқеӣ ба риштаи ҳаҷв бикашам ва ба мардум бирасонам”, – мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Заринахон ба фикрест, ки ҳарчанд ҳоло дар кишвари мо жанри стендап то андозаи бояду шояд рушд накардааст, вале муносибати мардум нисбат ба ҳунараш мусбат аст.

Ӯ мегӯяд бисёр дӯст медорам вақте ки бо шӯхиҳоям сабаби хандаи даҳҳо нафар мешавам ва аслан вазифаи ҳаҷвнигор ҳам ҳамин аст, ки мушкилоти замонро ба таври ҳаҷв ба мардум расонад.

Иловатан, мардум аз стендапер будани як духтар истиқболи гарм мегиранд ва Заринахонро дастгирӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки ӯ дар саҳифаи Инстаграми худ наздики 30 ҳазор обуначиёни худро дорад.

Омӯзгорӣ

Қаҳрамони мо Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм карда, ҳоло дар ин даргоҳ фаъолияти омӯзгорӣ дорад ва ҳамзамон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам мебошад.

“Омӯзгорӣ аз аввал барои ман як касби муҳим барои ҷомеа буд ва аз аёми мактабхонӣ орзу мекардам, ки омӯзгор шавам. Пас аз хатми коллеҷ устодон дпешниҳод карданд, ки ҳаминҷо бимонам ва ба донишҷӯён дарс бигӯям”, – нақл мекунад, Заррина.

Заррина Джумабаева

Инчунин, Заррина мегӯяд, ки новобаста аз он, ки ӯ ҳаҷвнигор асту шогирдонаш баромадҳояшро тамошо мекунанд, ҳангоми дарс бо шогирдон хеле ҷиддӣ аст.

“Шояд барои шогирдон бисёр аҷиб бошад, ки чӣ гуна ман дар саҳна як шахси шӯху бепарво ҳастаму бо онҳо ҷиддӣ.  Лекин онҳо ба дарсҳоям бо тайёрӣ меоянд ва лексияҳоро бо диққат гӯш мекунанд”, – мегӯяд, Зарринахон.

Заррина мегӯяд, ки барои ба ҳаҷв машғул шуданаш на волидон на наздикон пеши роҳашро нагирифтанд, балки ӯро дастгирӣ мекунанд. Қаҳрамони мо орзу дорад, ки дар оянда жанри стендапро дар Тоҷикистон рушд диҳад ва дар Хуҷанд, Душанбе ва ҳатто дар кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон консерти яккаи худро дар доираи жанри стендап барпо кунад.

Фирдавс Тоҳиров


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
6
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend