fbpx

Тоҷике аз Сурхондарё барои наҷоти кӯдакон аз саг дар Русия қадрдонӣ шуд

Ӯ мегӯяд, дар ҷои ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсол буд ва ҳар сеи онҳоро наҷот додааст.


0
Муҳоҷире ки дар Русия кӯдаконро аз саг наҷот дод
Шокирҷон Раҳматов (аз чап)

Шокирҷон Раҳматов, тоҷики зодаи Ӯзбекистон дар шаҳри Калугаи Русия таксӣ меронад. Номи ӯ пас аз наҷот додани кӯдаке аз газидани саги ҷангӣ расонаӣ шуд. Корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз қаҳрамонии ӯ тавсиф карданд.

Шокирҷон дар суҳбати кӯтоҳе бо Your.tj аз ҳодисаи рухдода ва қадрдонии раиси шаҳри Калуга ёдовар шуд.

Рӯзи 9-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ҳамлаи як саги ҷангӣ ба духтараки тахминан 10-сола сабт шудааст ва марде омада, сагро меронад ва ноболиғи дар тарс афтодаро муҳофизат мекунад. Баъдан расонаҳои русӣ аз марди наҷотдода Шокирҷон Раҳматов ном бурданд.

@your_tjВ Калуге водитель такси из Центральной Азии Шокиржон Рахматов спас ребёнка от бойцовской собаки, сообщают местные СМИ. По словам Шокиржона, прибыв на место нового заказа, он увидел, как собака кусает ребёнка за ноги. «Люди стояли, никто не помог, все на телефон снимали. С шестого этажа одна женщина кричала», – рассказал он. Рахматов добавил, что после того, как отбил пострадавшую девочку от собаки, он посадил ее вместе с подругой в свой автомобиль. Он хотел сам отвезти школьницу в больницу, однако к месту случившегося подоспел отец девочки, который забрал ее и отвез в медицинское учреждение. «Конечно, жалко. Детям надо помогать. У меня четверо детей… Без намордника нельзя отпускать собак», – добавил Шокиржон. #россия #центральнаяазия #таджикивроссии #помощь #спасение #дети #собака #новости #события #происшествия #yourtj @your_tj♬ оригинальный звук – Your.tj

Ӯ мегӯяд, замоне аз ҳодиса хабар ёфт, ки мусофирашро мефаровард. Садои фиғони кӯдаку аккоси сагро шунида ба он сӯ мешитобад.

“Ҳангоми фаровардани мусофир овози кӯдакро шунида, дидам, ки саг ба духтараке ҳамла мекунад. Давида ба он тараф рафтам ва ба кӯдак ёрӣ расонидам”,– зикр намуд Шокирҷон.

Ин муҳоҷир мехост духтараки саг газидаро ба бемористон барад, вале падари духтар омада, худаш ба маркази тиббӣ бурдааст.

“Ман хостам кӯдакро ба беморхона барам, вале падари кӯдак бо телефон гуфт, ки маро интизор шав ва худам ба бемористон мабарам. Дар ҷои ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсол буд ва ман ҳар сеи онҳоро наҷот додам”,– нақл кард қаҳрамони мо аз ҳодисаи рухдода.

Одамон тамошобин буданд

Қаблан Шокирҷон Раҳматов ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки дар атроф одамони зиёде буданд, вале кӯмак намекарданд. Дар наворҳои нашршуда низ дида мешавад, ки нафаре ҳодисаро сабт дорад, вале кӯмак намерасонад.

“Одамон дар он ҷо истода буданд, касе кӯмак накард, ҳама ба телефонҳои худ сабт мекарданд. Як зан аз ошёнаи шашум дод мезад”,- гуфт ӯ.

Раиси шаҳри Калуга Шокирҷон Раҳматовро барои ин шуҷоаташ қадрдонӣ кардааст. Ӯ гуфт аз дасти раиси шаҳр танҳо ифтихорнома гирифтам.

Муҳоҷирон – қаҳрамон, вале ҳамеша зери фишор

Шокирҷон Раҳматов 27-уми ноябр 41 сола мешавад ва аз тоҷикони Ӯзбекистон аст. Ӯ ва оилааш дар маҳаллаи Лутфкори ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд. Давоми 10 сол аст, ки Раҳматов ба муҳоҷират рӯ овардааст ва дар шаҳри Калуга таксӣ меронад.

Дар ҳоле, ки давоми шаш моҳи охир мақомоти Русия фишору таъқибро нисбати муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон бештар карданд, аммо номи муҳоҷирон ҳамчун қаҳрамон дар расонаҳо зуд-зуд зикр мешавад.

4 моҳ пеш муҳоҷири тоҷик Манучеҳр Расулов зану кӯдакеро аз оташ наҷот дод ва Your.tj бо ӯ низ суҳбате анҷом дода буд.

Идибеки Саид


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend