fbpx

Дар Тоҷикистон кӯдакон бештар аз ҷониби наздиконашон таҷовуз мешаванд

Тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон шаш нафар кӯдакон ба далели пинҳон кардани таҷовуз бераҳмона кушта шудаанд.


1
1 point
Таҷовузи духтари ноболиғ
Акси марбута аз avatars.mds

Солҳои ахир дар Тоҷикистон мавридҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон бештар ба мушоҳида мерасад. Аниқтараш оиди чунин ҳолатҳо дар расонаҳо бештар менавиштагӣ шуданд. Тибқи мушоҳидаҳо, сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ танҳо дар солҳои охир дар бораи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номуси ноболиғон ба таври фаъол хабар медиҳад. Ва расонаҳои мустақил танҳо дар бораи ҳодисаҳое хабар медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расман хабар додаанд.

Танҳо дар солҳои 2019-2020, тибқи гузориши вижаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, 402 мавриди зӯроварии ҷинсӣ алайҳи кӯдакон сабт шудааст.

Зӯроварии ҷинсӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад: таҷовуз ба номус, ҳаркатҳои бадахлоқонаи хусусияти шаҳвонӣ дошта, алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси то 16-сола, ҳаркатҳои бадахлоқона.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон зикр шудааст, дар се соли охир (2019-2021) дар Тоҷикистон 45 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ ва додаҳои шахсии мо, ки бар асоси мавдҳои дар расонаҳо ва сомонаҳои сохторҳои қудратӣ нашр шуда, ҷамъоврӣ шудаанд, дар соли 2021 ҳолатҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон коҳиш ёфтааст.

Аммо, намунаи ҳолатҳо каманд  ва бо назардошти мушкилоти ҷамъоварии додаҳо, арзёбии тамоюлҳо душвор аст.

Мо тавонистем аз манбаъҳои боз маълумотҳоро дар бораи 37 ҳолати таҷовуз ба номуси кӯдакон дар тӯли 4 сол, аз ҷумла аз соли 2018 то 2021, ҷамъоварӣ кунем. Додаҳо ба он ишорат мекунанд, ки шумораи бештари ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар Душанбе рух додаанд.

Як лаҳза мунтазир шавед то харита кушода шавад

Ҳамчунин, додаҳо аз манбаъҳои кушод нишон медиҳанд, ки кӯдакон бештар аз ҷониби афроди наздик ба онҳо дучори зӯроварии ҷинсӣ мешаванд.

Масалан, моҳи сентябри соли гузашта дар Ҳисор як мард бародарзодаи ноболиғи худро, ки таҳти парасторияш буд, таҷовуз кардааст. Падару модари духтарак дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштаанд ва духтаркро ҳамроҳи амакаш гузошта будаанд. Маълум нест, ки ин ҷиноят чӣ гуна фош шудааст, аммо баъдан ин мардро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Чунин фоҷеа бо Умедаи 16-сола аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ рух дода буд. Модараш барои пардохти қарзи шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт ва кӯдаконро дар хона бо ӯ гузошт. Аммо ин мард аз набудани занаш истифода бурда, муддати тӯлонӣ духтарашро таҷовуз намуда, таҳдид кардааст, ки агар ба касе бигӯяд, ҷазо мегирад. Аммо духтар ба ин зӯроварӣ тоб наоварда, як рӯз аз хона баромада меравад ва ба хешовандони модараш ҳодисаро нақл мекунад. Сипас ба пулис аз амалҳои падараш шикоят мебарад.

Баъдан модари духтар бо хабарнигорон дар тамос шуд ва гуфт, ки ба далели мушкилоти молӣ маҷбуран ба муҳоҷират рафтааст ва интизор надошт, ки шавҳараш бо духтараш ин корро кунад. Баъди ин,  мард боздошт шуд, аммо аҳволи духтар ва умуман ин хонавода чӣ шуд, маълум нест. Тибқи баъзе гузоришҳо, онҳо он минтақаро тарк кардаанд.

Аз сабаби он, ки омори расмӣ дар бораи ҳодисаҳои зӯроварии ҷинсӣ вуҷуд надорад, бораи чаро ва кӣ кӯдаконро озор медиҳад, хулосаи муаян баровардан ғайриимкон аст.

Аммо ҳолатҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар оила низ метавонад боиси таҷовуз ба номуси фарзандон аз ҷониби хешовандон гардад, зеро кӯдакон ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд.

Тибқи додаҳое, ки аз манбаъҳои боз ҷамъоварӣ шудаанд (асосан сомонаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва васоити ахбори омма), инчунин бо такя ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ки бо парвандаҳои таҷовуз ба номус кор мекунанд, дар 4 соли охир қариб нисфи кӯдаконроро ашхоси наздики худ — хамсояхо ва ё хешу таборашрон тачовуз кардаанд.

Ғояи иллюстратсия аз Александра Титова

Ба гуфтаи равоншиносон, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои хушунат ба кӯдакон бояд фаҳмонд, ки зӯроварии ҷинсӣ чӣ аст ва дар чунин мавридҳо чӣ гуна бояд рафтор кунанд. Волидон бояд бо фарзандон муносибатҳои хуби дӯстона дошта бошанд, то кӯдак дар бораи ҳар чизе, ки бо ӯ рӯй дод, нақл карда тавонад.

«Кӯдакон метавонанд дар ҳолатҳои гуногун – дар хона, дар кӯча, мактаб ва ғайра мавриди озори ҷинсӣ қарор гиранд. Кӯдакро наздикони худаш ва ҳам бегонагон фиреб дода, метавонанд бо пул ё дигар чизҳои болаззат ҷалб кунанд. Аз ин рӯ, волидайн бояд бо фарзандашон дар чунин мавзӯъҳо сӯҳбат кунанд, то ин гуна ҷиноятҳо пешгирӣ шаванд. Кӯдакон набояд битарсанд,аз он, ки ба волидайни худ дар бораи "чизе ба ин монанд"”, – нақл кунанд, шарҳ медиҳад яке аз равоншиносони кӯдакон аз созмони ҷамъиятии "Корвони умед".

Бисёре аз волидайн намехоҳанд бо фарзандони худ дар бораи дахлнопазирии ҷинсӣ сӯҳбат кунанд, зеро фикр мекунанд, ки онҳо хурданду дар чунин мавзӯъҳо суҳбат кардан, барвақттар аст. Аммо ин нодуруст аст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто кӯдакони хурдтарин мавриди озори ҷинсӣ қарор мегиранд.

Равоншиноси ин созмон, ки ба қурбониёни зӯроварии ҷинсӣ кӯмаки равонӣ мерасонад, мегӯяд, "мо бояд ба кӯдак фаҳмонем, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки бидуни иҷозати худи ӯ ба ӯ даст расонад".

Равоншиносон ҳамчунин мегӯянд, ки наздик шудан ба кӯдак пас аз ҳолатҳои таҷовуз ба номус хело миҳим аст. Агар волидайн аз ин ҳодиса пешгирӣ карда натавонанд, бояд ояндаи кӯдакро бисозанд. Дар чунин ҳолатҳо волидайн ба танҳоӣ аз ӯҳдаи муошират ва кӯмак ба кӯдак баромада наметавонанд ва бояд ба мутахассисон муроҷиат кунанд.

«Баъд аз таҷовуз кӯдак осеби ҷиддии равонӣ мегирад. Агар волидайн бо кӯдак муносибати дӯстона надошта бошанд, пас ӯ метавонад дар ҳодисаи рухдодаро нақл накунад ва ғами ин фалокатро дар таҳои бихӯрад. Интизор меравад, ки ин метавонад танҳо оқибатҳои бад дошта бошад. Сабаби ин метавонад тарс, нофаҳмиҳо, ноамнӣ, стресс ва ғайра бошад.

Падару модар бояд кудакро хифз кунанд, то ӯ дигар тачовузкорро набинад. Бояд кӯдак боварӣ ҳосил кунад, ки шумо ӯро новобаста аз он ки чӣ мешавад, муҳофизат хоҳед кард, то ки ӯ аз зиндагӣ аз дилсард нашавад ва амалҳои фалокатовар даст назанад. Дар чунин ҳолатҳо волидайн дар танҳоӣ аз ӯҳдаи дастгирии кӯдак баромада наметавонанд, аз ин рӯ, зарур аст, ки бо равоншинос, агар лозим бошад, ҳатто бо психотерапевт муроҷиат кунанд», - шарҳ медиҳад, равоншинос.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои бо кӯмаки созмонҳои мухталиф ба ҷабрдидагон аз таҷовузи ҷинсӣ ёрии равонӣ мегиранд. Ба ташкилоти ҷабрдидаҳоро ҳамон табибон, адвокатҳо ва ташкилотҳое, ки дар ин самт кор мекунанд, мефиристонанд. Аммо волидайне, ки мустақилона ба равоншинос муроҷиат кунанд, хеле каманд.

«Волидайн, оиди чунин ҳолатҳо тамоан хомӯш буданд - ҳама кӯшиш мекарданд, ки воқеаи рӯйдодаро фаромӯш кунанд, хусусан вақте ки таҷовузкор хеши ҷабрдида бошад. Мардум танҳо барои он, ки хонаводаро дар назди дигарон шарманда накунанд, зиндагии кӯдаконро хароб карданд. Ва дар баъзе мавридҳо чунин муносибат бо худкушии кӯдак анҷом меёфт”, - нақл мекунад, равоншинос.

Куштор ҳамчун роҳи пинҳон кардани ҷиноят

Вактхои охир тачовузкорон «ҳилаи» нав пайдо кардаанд: онҳо ҷиноятро бо ҷинояти дигар пинхон карданӣ мешаванд.

Дар ду соли ахир шаш кӯдак  аввалан таҷовуз ва сипас кушта шудаанд, ба далели рӯйпуш намудани таҷовуз. Пурсарусаадотарин ва бераҳмонатарин қазия ин таҷовуз ва куштори Руфейдаи 7-сола буд. Тобистони соли 2021 духтарак барои ба ҳоҷатхона рафтан аз хона баромад, аммо дигар ба хона барнагашт.

Дар рӯзи дуюми ҷустуҷӯи ҳамаҷониба, ки ризокорон ва тамоми мардуми ғамхор ба он ҳамроҳ шуданд, ҷасади духтаракро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд.

Тафтишот муайян кард, ки ҳамсояи духтарак дар ҳолати мастӣ ҳангоми баромадан аз хона духтарро бо роҳи фиребба хонааш дароварда аввал таҷовуз кардааст ва сипас барои пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш духтаракро кушта, пора-пора карда, дар халтаҳо андохта, ба ҳоҷатхонаи ҳамсояи дигар партофтааст.

Ин қазия туфони хашму ғазаби ҷомеаро ба бор овард. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз хукуматдорон талаб кард, ки чинояткорро сахт чазо дихад — ӯро ба зудӣ ба ҳабси якумра маҳкум карданд.

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ чунин фоҷеат бо як духтараки 9-сола рух додааст, ки ӯро марди ношиносе ба зӯр ба хонааш бурда, таҷовуз кардааст. Пас аз ба ҳуш омадан, духтар гиря карда гуфтааст, ки ҳодисаро рафта ба модараш мегӯяд, мард барои пинҳон кардани ҷиноят духтарро буғӣ карда мекушад, баъдан ҷасадро ба ҷӯйбори назди хонааш мепартояд. Ӯ низ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Исботи таҷовуз хеле мушкил аст.

Тавре ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мушкилтарин чиз дар парвандаҳои таҷовуз ба номус исботи далели таҷовуз аст.

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 4 модда мавҷуд аст, ки ҷавобгариро барои амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғон пешбинӣ мекунад:

  • Моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) аз 7 то 12 сол ва дар сурати такрори ҷиноят аз 12 то 25 соли ҷазоро пешбинӣ мекунад.
  • Моддаи 139 (Амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) аз 7 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
  • Кирдорҳои ношоиста нисбати ноболиғон тибқи моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси то 16-сола) тасниф мешаванд. Бо ин модда ҷазо аз 2 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
  • Моддаи 142 (Амалҳои бадахлоқоноа) - ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ Гулчеҳра Раҳмонова, ҳама парвандаҳои таҷовуз ба номуси "кӯдак" тибқи моддаи 141 «Алокаи чинси бо шахси то 16 сола», ки ризоияти ноболиғро ба олоқаи ҷинсӣ дар назар дорад, кушода мешаванд, ҳатто агар тамоми далелҳо таҷовузро нишон диҳанд.

Муҷозоти тибқи ин модда хеле сабук, яъне то 8 соли зиндон. Агар нисбати ҷинояткор қонуни афвро татбиқ кунанд, метавонад аз толори додгоҳ комилан озод шавад.

Чунин ҳодиса, соли 2020 рух дод, вақте ки духтари 12-сола аз ҷониби холабачаи 42-солаи худ муддати тӯлонӣ таҷовуз шуда буд. То он даме, ки шиками духтар дар мохи ҳафтуми хомиладорӣ намоён нашуд, ин ҳолатро касе аз аъзоёни хонаводаи духтар пай набурд.

Аз беамалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амаки духтар ба Раҳматилло Зоиров, раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократ муроҷиат кардааст. Танҳо пас аз он ки сиёсатмадор ин ҳодисаро дар Фейсбук навишт, дар ҷомеа сару садоҳо баланд шуд ва дар ниҳоят мақомот парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Аммо бо вуҷуди ин парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 142-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳаракатҳои бадахлоқона» баррасӣ шуд, ки дар асл маънои розигии тарафайнро дорад.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ба адвокати ҷабрдида муяссар гардид, ки парвандаро аз моддаи 142 ба моддаи 138 қисми 3 «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Таҷовуз ба номус) тасниф намояд, аммо ҷинояткорро тибқи моддаи 141, қисми 1 КҶ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16 нарасида) ҷазо доданд. Гунаҳкор ба 5 соли зиндон маҳкум шуд, аммо бар асоси қонуни авф аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ҷониби дифоъ бо ин тасмим розӣ набуд, зеро бо назардошти синни духтару тафовути синну солӣ бо таҷовузгар, чунин парванда бояд ҳамчун таҷовуз ба номус эътироф шавад.

Ҷомеа низ аз ҳомиёни ҳуқуқи башар пуштибонӣ кард: озод шудани таҷовузгар дар толори додгоҳ мавҷи норозигиҳоро ба вуҷуд овард, мардум аз мақомот адолат талаб карданд.

Сипас Прокуратураи генералӣ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ фиристод ва ташхис муайян кард, ки духтар ҳангоми рух додани ҳодиса дар ҳолати оҷизӣ қарор доштааст. Ниҳоят ин мард бар асоси моддаи 138 "Таҷовуз ба номус" гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Гулчеҳра Раҳмонова, раиси созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» мегӯяд, онҳо бо пешниҳод ба порлумон муроҷиат кардаанд, ки синни ризоият барои алоқаи ҷинсӣ дар Кодекси ҷиноӣ аз 14 солагӣ муқаррар шавад. Дар ин ҳолат ҳама гуна алоқаи ҷинсӣ бо кӯдаки то 14-сола ҳамчун таҷовуз ба номус маҳсуб мешавад ва муҳим нест, ки ризоият буд ё не.

«Ҳоло, ҳатто дар ҳолатҳои бо кӯдаки 9-10-сола рух дода, тафтишот имкон дорад, ки парвандаро бва далели он ки гӯё кудак барои алоқа розӣ буд тибқи моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф кунанд. Аммо дар ин синну сол аз чӣ гуна розигӣ ҳарф задан мумкин аст? Кӯдак дар ин синну сол наметавонад оқибатҳои чунин амалро пурра дарк кунад.

Тафтишот танҳо хулосаи равоншиносро асос гирифта, як саволро ба миён мегузорад: оё ҷабрдида дар ҳолати нотавон буд ё на?

Агар натиҷаи хулоса «ҳа» бошад, парванда бо моддаи 138-и КҶ боз мешавад ва агар «не» бошад, бо моддаи 141. Дар асл, ин як ҳиллаест, барои гурехтан аз ҷазои сахттар дар ҳолати содир анмудани ҷинояти таҷовуз ба номус”, - шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос Гулчеҳра Раҳмонов.

Тибқи маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2019-2020, 402 ҳолатии зӯроварии ҷинсӣ нисбати ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи ин маълумотҳо дар ду сол 29 ҳолати таҷовуз ба номус (м. 138), 97 ҳолатии ҳаркатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139), 166 ҳодисаи «алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16 нарасида» ба қайд гирифта шудааст, (м. 141) ва 110 парванда ҳамчун ҳаракатҳои бадахлоқона алайҳи кӯдакон (моддаи 142).
Методология

Агар барои вакилони дифоъ дар Тоҷикистон мушкилтарин кор исботи далелҳои таҷовуз нисбати кӯдакон бошад, пас барои рӯзноманигорон дарёфти омор дар бораи таҷовуз ба номуси кӯдакон аст.

Барои инъикоси мавзӯъи таҷовуз ба номуси кӯдак мо ба панҷ ниҳоди давлатӣ, ки бояд дар бораи теъдоди ҳодисаҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон маълумот дошта бошанд, дархостҳои расмӣ ирсол кардем, аммо аз ҳеҷ кадоми онҳо ин маълумотро дарёфт карда натавонистем.

Масалан, дар посух ба дархости мо дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ба онҳо маълумотеро, ки мо дархост кардаем, пешниҳод накардаанд ва омори умумии ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак моро ба Вазорати корҳои дохилӣ равон кард, ҳарчанд дар маърӯзаи солонааш маълумоте, ки ба мо лозим буд, барои ду сол бо истинод ба Прокуратураи генералӣ, зикр шуда буд. Дар Прокуратураи генералӣ низ моро ба Вазорати корҳои дохилӣ фиристоданд.

Дар ВКД ду маротиба дархости моро гум карданд ва баъд ёфтанд, вале онҳо “огоҳ карданд”, ки ба мо маълумоти зарурӣ намедиҳанд.

Додгоҳи олӣ низ ин маълумотро пешниҳод накарда, ба Агентии омор бозпас фиристодааст ва қайд кардааст, ки онҳо тамоми маълумоти солонаи омориро ба онҳо пешниҳод мекунанд.

Дар ниҳоят, мо аз ягон сохтори дахлдор маълумоти расмӣ гирифта натавонистем ва сайъ кардем, ки маълумотҳоро аз ВАО ва сомонаи Прокуратураи генералӣ оиди таҷовузи ноболиғон ҷамъоварӣ намоем.

Мо дар бойгонии сомонаҳои расмии ниҳодҳои давлатро аз назар гузаронида, хабарҳоро аз дигар ВАО ҷамъ карда, омори дусола оиди зӯроварии ҷинсӣ аз маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пайдо кардем, ки бо ёрии онҳо танҳо қисман тавонистем, он пардаи даҳшатборро , ки аб таҷовузи кӯдакон вобаста аст.

Суроға ва рақамҳои ташкилотҳое, ки ба кӯдакони ба зӯроварии ҷинсӣ дучор омада, кӯмак мерасонанд:

1313 – телефони боварии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, № 137, утоқ. 505. Тел: 934187007 (ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон)

Маркази бӯҳронии "Гулрухсор", Хуҷанд, кӯч. Набиева Р., No111, тел.: 927804074, 987504074, 8342260510.

«Корвони умед»: Душанбе, к. Н.Хусрав, №11, тел: 905 05 38 56

Маркази «Фемида»: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, № 137, тел.: 935016292

Маркази бӯҳронии «Гамҳорӣ»: вилояти Хатлон, Бохтар, к. К.Абдурахимова, №1, тел.: 8-322227879, 902308595

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend