fbpx

Боз тирпаррони дар марзи Тоҷикистону Қирғистон. Ин дафъа дар Ворух

Мақомоти Тоҷикистон айни ҳол ҳодисаро расман шарҳ надоданд.


0
Акс аз хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, дар мавзеи “Пули Офтобруӣ”, 10-километрии маркази ин ҷамоат миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ ба амал омадааст. Хабар медиҳад Азия плюс бо такя ба манобеи худ.

Ба иттилоъи манбаъ задухӯрд баъди ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик буда, гузаштани марзбонони қирғиз, оғоз шудааст. Марзбонони тоҷик онҳоро ҳушдор додаанд, ки хати марзро убур накунанд, аммо марзбонони қирғиз саркашӣ кардаанд, ки дар натиқа задухӯрдӣ мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар ба амал омадааст.

Дар мавзъе, ки задухӯрд ба амал омадааст хати алоқаи телефонӣ қатъ шудааст. Аз ин рӯ маълум нест, ки ягон нафар маҷруҳ шудааст ё не.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як баёния ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳодиса муттаҳам кардааст.

«Дар ҷараёни хидмат дар мавзеи Булоқ-Боши вилояти Бодканд отряди марзбонии Қирғизистон сарҳадбонони Тоҷикистонро, ки ғайриқонунӣ хатти марзии шартӣ убур намуда, вориди қаламрави Қирғизистон шудаанд, ошкор карданд

Марзбонони тоҷик ба талабҳои қонунии хуруҷ аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон беэътиноӣ карда, ба сӯи низомиёни қирғиз оташ кушоданд. Дар миёни нерӯҳои марзбонии ду кишвар задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон аз миномёт истифода кардааст”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар гуфта мешавад, ки имрӯз директори Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон генерал-майор У.З. Шаршеев ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳмоналӣ Р суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12 апрел дар ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд рух дода буд. Дар ин тирпарронӣ як марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Сайдумаров кушта шуда буд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон он замон ҳам марзбонони тоҷикро ба убури амиқ аз марз ба қаламрави ин кишвар муттаҳам карда буд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи муноқиша расман изҳори назар накардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend