fbpx

Дар яке аз масҷидҳои Қандаҳор ҳангоми намози ҷумъа таркиш рух дод

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Эмомалӣ Раҳмон: Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои ИДМ аст

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар пасманзари тағйири қудрат дар Афғонистон ҳамоҳангии бештари мақомоти амниятӣ дар кишварҳои ИДМ зарур аст.

Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои ИДМ аст, гуфт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод.

“Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кард”, – гуфт раҳбари Тоҷикистон.

Ба андешаи ӯ, ба сари қудрат омадани ҷунбиши Толибон вазъро дар давлати ҳамсояи Тоҷикистон боз ҳам печидатар кардааст.

Дар робита ба ин, ба эътиқоди президент, “ҳамоҳангии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст”.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор дошта буд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогирро таъсис додан шавад ва тоҷикон, ки дар ин кишвар беш аз 46 дарсади аҳолии ташкил медиҳанд, бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Вазъ дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, “Толибон”* ҳукумати қаблиро суқут доданд.

То расидани ҷангиён ба дарвозаҳои Кобул Ашоаф Ғанӣ президенти пешини ин кишвар фирор кард.

Таркиш дар масқиди шиамазҳабони Қандаҳор

Дар масҷиди шиъаҳои “Имомборгоҳ” дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳор таркиш рух додааст.

Гуфта мешавад таркиш дар ҳоле рух додааст, ки мардум масруфи адои намози ҷумъа будаанд.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон ба Тулуънюз гуфтаанд, ки се таркиш пайи ҳам дар ин масҷид, ки яке аз бузургтарин масҷиди шаҳри Қандаҳор аст, намозгузоронро ҳадаф қарор додааст.

Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ, то кунун таркиш ҳудуди 33 кушта ва беш аз 58 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ дар масҷиди шиъаҳои Кундуз низ таркиш рух дода буд, ки дар натиҷа беш аз 200 кушта ва захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи Кундузро гурӯҳи ДОИШ ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Хӯҷанд номгӯ ва содироти молу маҳсулот афзоиш ёфтааст

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз афзоиши номгӯ ва содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ хабар дод.

Қаблан хабар дода шуд, ки теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва истеҳсолот коҳиш ёфтааст.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки маҳсулоти саноатӣ, ба шумули истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

“Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126,0 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад”, – гуфт Маъмури Юсуфзод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 15 корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида ба кор даромаданд. Таъкид шуд, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19 миллилон сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва 164 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

“Ҳудуди 71 адад корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд аст”, – гуфт сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Вай гуфт, дар ин давра номгўи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, ба 130 намуд расид ва аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шуд.

Маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати хориҷӣ, қабл аз ҳама Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда мешавад.

Нархи роҳкиро дар Душанбе гарон шуд

Шурӯъ аз 10 ноябр нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе гаронтар мешавад. Масъулин гароншавии нархро ба болоравии нархи сӯзишворӣ рабт медиҳанд медиҳанд.

Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.

Акнун, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ бо корт ва 2,5 сомони бо пули нақд, троллейбусҳо 1,50 сомонӣ бо корт ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар шудааст.

Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” сабаби гарон шудани роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт медиҳад. Гуфта мешавад, ки нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе бори охир соли 2011 бозбинӣ шуда буд.

“Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам таи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.

Иштироки муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Аз 24 октябр то 6 ноябри соли равон дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ дар чемпионат 650 варзишгар аз 105 давлати дунё ширкат мекунанд, ки бесобиқа аст.

Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар 11-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг).

Гуфта мешавад, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.

Бори аввал дар таърихи бокси ҷаҳон чемпионат аз рӯи 13 вазн баргузор мешавад.

Инчунин ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷоизапулии назаррас тақдим мегардад. Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс-2021 2,6 миллион доллар муқаррар шудааст. Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 100 000 доллар, ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим хоҳад шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend