logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар 5 моҳ ба Тоҷикистон қариб 13 ҳазор мошини барқӣ ворид шудааст

Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни соли 2025 ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.

Your tj

14:2717.07.2025

Дар 5 моҳ ба Тоҷикистон қариб 13 ҳазор мошини барқӣ ворид шудааст

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 мошини барқӣ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта қариб ду баробар бештар аст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ним соли аввали соли 2024 ба кишвар 5 ҳазору 266 электромобил ворид гардида буд. Ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ҳамагӣ дар панҷ моҳ ба таври назаррас афзуда, шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни соли 2025 ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон мақсад доранд, ки то соли 2028 ҳудуди 30% мошинҳои истифодашаванда дар кишвар барқӣ бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023–2028 қабул гардида, якчанд тадбирҳои муҳим пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла:

  • таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли электромобилҳо ва ҷузъҳои онҳо;
  • бунёди инфрасохтори таъмини барқ ва нигоҳдории электромобилҳо;
  • таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо;
  • додани имтиёзҳои иловагӣ ба ронандагони мошинҳои барқӣ,
  • ҳавасмандгардонии рушди соҳа.

Ҳоло дар кишвар корхонаи ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба истеҳсоли автобусҳои барқӣ машғул аст.

Ғайр аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ин навъи нақлиёт, воридоти мошинҳои барқиро ба муҳлати даҳ сол аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то 1 сентябри соли 2025 тамоми мошинҳои такси дар пойтахт барқӣ бошанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ