Додаҳо барои рӯзноманигори муосир як захираи муҳими иттилоъ ба ҳисоб мераванд, аммо онҳо набояд танҳо ҳамчун манбаъ, балки ҳамчун абзори қудрат ҳам шинохта шаванд.
Донистани тарзи дурусти истифодаи онҳо ба шумо имконият медиҳад, ки кори рӯзноманигории худро боз ҳам муассиртар анҷом диҳед, чунки додаҳо доираи манбаъҳои хабариро васеъ месозанд, барои пайдо кардани идеяҳои нав мусоидат мекунанд, шахсони муносибро барои мусоҳиба муайян мекунанд ва муҳимтар аз ҳама кӯмак мекунанд, ки суолҳои дурусту баҷову саривақтӣ дода шаванд.
Дар матлаби мазкур оид ба роҳҳои кор бо додаҳо маълумот дода мешавад: аз усули ҷустуҷӯи додаҳо ва санҷиши эътимоднокии онҳо то пайдо кардани ҷавобҳо дар худи арқому маълумот, бо ҳам омехтани чанд датасетҳо ва дар ниҳоят таҳияи матлаб бо забони фаҳмо ва ҷолиб.
Тавлиди идеяҳо барои матолибе, ки дар асоси додаҳо сохта мешаванд
Як маълумоти тоза/арқоми расмии нашршуда барои журналист ҳамеша баҳонаи хуби хабарӣ барои пайгирии ин ё он мавзӯъ мешавад. Дар кор бо додаҳо низ сароғози матлаб метавонад як рақам/маълумоте шавад, ки оммавӣ гаштааст. Баъзан кор дигаргуна ҳам оғоз мешавад, албатта – масалан, дар зеҳни журналист идея пайдо мешавад ва барои рӯшанӣ андохтан ба он ӯ маълумот ҷустуҷӯ мекунад. Яъне ё арқом шуморо сӯйи идеяи нав меорад, ё идея ба таҳқиқи арқоми нав водор месозад.
Дар ин росто пайгирии датасетҳо роҳҳали хуб аст. Ҳамон датасетҳое, ки мунтазам аз ҷониби идораҳои оморӣ ва сохторҳои давлатӣ нашр мешаванд ва тақвими муайяни нашр доранд. Агар чунин тақвим вуҷуд надошта бошад ҳам, ҳадс задани рӯзи нашр душвор нест, чунки датасетҳои нимсолаву солона одатан ҳар 6/12 моҳ дар рӯзи муайян нашр мешаванд – ба худатон ҷое ёддошт кунед, то дар санаи зарурӣ ба датасетҳо дубора баргардед (роҳҳои сохтани ёддоштҳо барои пайгирии маълумот).
Афзалияти чунин маълумот дар он аст, ки онҳо худашон аллакай «хабарсоз» ҳастанд. Яъне шумо метавонед матлабе омода кунед, ки оғозаш метавонад чунин бошад: «Маълумоти нав нишон медиҳад, ки…». Аз кор бо арқоми нав ҳеҷ гоҳ наҳаросед, чун танҳо бо таҳлили онҳо шумо метавонед таҷриба ва боварии худро дар кор бо додаҳо бештар кунед.
Тасаввур кардем, ки мақсади шумо таҳлили амиқи додаҳо нест ва шумо аз пайи ҳамаги чанд арқом ҳастед, то матлабатон босифаттар шавад. Дар ин сурат ҳам ба шумо тавсия дода мешавад, ки боаҳамият рақамҳоро таҳлил кунед. , чун то шумо дар ин мавзӯъ шояд аллакай чизе нашр шуда бошад ва агар чунин аст, пас таҳлили амиқ ба шумо кӯмак мекунад, ки арқом такрор наёбад ё сабку услуби таҳия ҳадди ақал монанд нашавад.
Баъдан, агар касе то шумо воқеъан мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи шуморо аллакай таҳқиқ карда бошад, аҳамият диҳед, шояд макону замонаш дигар аст. Дар ин сурат шумо метавонед озодона аз он ҳамчун шаблон истифода бурда, ба ҳамон тарҳ арқом/макони навро ворид кунеду чизи тозает созед.
Аммо агар корро аз сифр шурӯъ кунед – ба шумо касе мавзӯеро маслиҳат дод ё худатон аз ҳодисаи наве бӯй бурдеду мехоҳед онро аз лиҳози додаҳо бисанҷед – хуб мешавад рӯйи коғаз гипотизаеро нависед ва бубинед, ки ба кадом навъи маълумот/арқом ниёз доред (дар китоби Марк Ли Ҳантер “Story Based Inquiry” тавзеҳоти хеле хуб дар робита ба таҳқиқотҳое дода мешавад, ки дар асоси фарзияҳо сохта шудаанд). Аммо дар сурати пайдо накардани додаҳои лозима барои тағйири идея бояд омода бошед…
Маълумоти бештарро дар ин бора метавонед ин ҷо пайдо кунед.
Барои як матлаб додаҳоро чӣ гуна пайдо кардан мумкин аст?
Агар шумо сари идеяе фикр мекунед, ки барои амалисозиаш ниёз ба додаҳо ҳаст, чанд усул ба шумо дар ин росто кӯмак мекунад, ки дар бораашон дар ин бахш сухан мекунем.
Як маслиҳати сода барои беҳтар кардани натиҷаи ҷустуҷӯ ин илова кардани мафҳумҳои filetype:xlsx ё filetype:pdf ба равзанаи ҷустуҷӯи калимаҳои калидӣ мебошад. Ин усули ҷустуҷӯ натиҷаҳои босифаттар дода, доираи маълумоти пайдомешударо дақиқан то файлҳои Excel ё PDF маҳдуд мекунад. Агар додаҳоеро меҷӯед, ки ба ниҳодҳои давлатӣ дахл дорад, беҳтар мешавад, агар ҳангоми ҷустуҷӯ калимаи site: ва пасон номи сомонаро илова кунед (масалан, site:gov.bg натиҷаҳоро танҳо аз сомонаҳои ҳукумати Булғория нишон медиҳад ва site:mig.gov.bg ҷустуҷӯро дар доираи танҳои сомонаи вазорати мушаххас анҷом медиҳад).
Роҳи дуюми беҳтарсозии натиҷаҳои ҷустуҷӯ и пайгирии лоиҳаҳое мебошад, ки ба “open data” (додаҳои боз) бахшида шудаанд. Онҳо одатан маълумоти ҷолиб хеле зиёд нашр кунанд. Дар сомонаи Data Portals рӯйихати садҳо лоиҳаҳоеро, ки ба додаҳо рабт доранд, аз саросари ҷаҳон пайдо кардан мумкин аст. Ҳамчунин додаҳоро бикӯшед дар кишварҳои дигар ҳам кобед — созмонҳое чун Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ маълумотро дар бораи муомилаҳои иқтисодӣ зиёд нашр мекунанд ва арқомеро, ки ба кишвари шумо рабт дорад, бешак пайдо кардан мумкин аст.
Аммо агар додаҳои зарурӣ ҷое нашр нашуда бошанд, шумо метавонед аз қонуни дастрасӣ ба иттилоъ (Freedom of Information) васеъ истифода баред. Бояд гуфт, аз имкониятҳои ин қонун мешавад бо дилпурӣ на танҳо дар кишвари худ, балки дар кишварҳои ғайр ҳам фаровон истифода кард.
Билохира, метавонед аз маълумоти ғайримустақим ё ивазкунанда (proxy data) ҳам истифода баред ва нишондиҳандаҳоеро, ки ишора ба мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи шумо мекунанд, ҳамчун асос барои таҳқиқ гиред. Масалан, дар давраи пандемия, коҳиши олудагии ҳаво нишондиҳандаи ғайримустақим барои афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Чин буд. Google Trends ҳам одатан метавонад ҳамчун василаи ҷустуҷӯи омори ғайримустақим истифода шавад.
Баҳодиҳӣ ва “тозасозии” додаҳо
Ҳар сарчашма, аз ҷумла додаҳо, бояд бо эҳтиёткорӣ ва як зарра шубҳа таҳлил карда шаванд. Боваринокӣ ва эътимоднокии маълумот ба чанд омил вобаста аст, аз ҷумла ба мустақилияти ниҳоде, ки додаҳоро ҷамъ мекунад, ба сатҳи тахассус ва таҷрибаи он, ҳадафҳои ин сохтор (масалан, назорат, таблиғ, таҳқиқ ва ғ.) ва ҳамчунин методология ё усули коркарди додаҳо аз ҷониби ин ниҳод.
Модели “биографияи додаҳо” (data biography)-и Ҳизер Крауз барои баҳогузории сатҳи эътимоднокии маълумот ҳамчун як намунаи беҳтарини кор метавонад истифода шавад.
Маълумоти бештарро метавонед ин ҷо пайдо кунед.
Ҳангоми кор бо додаҳо бояд аҳамият диҳед, ки паси пардаи арқоми зиёд боз чӣ чизҳо метавонанд ногуфта мемонанд ва ҳамчунин ин ё он вожаҳо дақиқан чӣ маънии нуҳуфта метавонанд дошта бошанд.
Масалан, омори ҷиноятҳои содиршуда ҳеҷ гоҳ баёнгари ҳаҷми воқеии ин проблема буда наметавонад. Он танҳо теъдоди аризаҳои шикоятии расман сабтшударо нишон медиҳад. Омори бесарпаноҳон низ танҳо шумораи нафаронеро нишон медиҳад, ки дар кӯча зиндагӣ мекунанд, аммо ононе, ки хона/сарпаноҳи доимӣ надоранд, ба ин рӯйихат ворид намешаванд.
Ҳангоми кор бо додаҳо мафҳумҳои «хатои эҳтимолӣ» (margin of error) ва «фосилаи боварибахш» (confidence interval)-ро дар назар дошта бошед. Агар шумо маълумотро аз як қисми хурди аҳолӣ гиред ва хулосаро ба тамоми кишвар татбиқ кунед, бояд фаҳмонед, ки рақамҳои овардаатон дақиқ нестанд, балки тахминӣ мебошанд. Барои ҳамин рӯзноманигор бояд дар чунин ҳолат ҳатман фосилаи боварибахшро зикр кунад ва нишон диҳад, ки рақами воқеӣ метавонад камтар ё бештар аз он чизе бошад, ки дар дода омадааст.
Зиёда аз ин, баъзе аз додаҳо бояд “тоза” карда шаванд: ҳар элементи такроршаванда ё рақамҳои ғайримуқаррарии калон ё хурд, ки эҳтимолан саҳван ворид шудаанд, бояд ҳазф гарданд. Номҳоро низ ба ҳамин зайл санҷед.
Додаҳои ҷамъовардашуда ба кадом суолҳо ва чӣ тавр бояд ҷавоб гӯянд ?
Ҳамин ки додаҳои заруриро барои матлаб ҷамъ кардед, навбати суолгузорӣ мерасад. Ин раванд ба чанд омил бастагӣ дорад: додаҳо чӣ мегӯянд, кадом воситаҳо ва абзор дар ихтиёратон ҳаст, донишу малакаи таҳлилу баррасиву суолгузориатон дар кадом сатҳ аст.
Агар ба дасти шумо датасет бо арқоми умумии солона афтад, албатта, ба он шумо наметавонед суолҳои муфассалу мушаххасро диҳед, ҳадди ақал ба он хотир, ки то шумо мутахассис бо ин маълумот кор карда, аллакай фишурдаи онро нашр кардааст. Яъне ин додаҳо ба суолҳои қаблан ба худ гузоштаи мутахассис посух медиҳанд ва суоли наве ба маълумоти умумии нашршуда шумо дода наметавонед.
Се намунаи хуби суолҳое, ки ба ҳама гунаи датасетҳо метавонанд мувофиқ бошанд, инҳо ҳастанд:
- Масъала то кадом дараҷа густурда аст?
- Рақамҳо чӣ гуна тағйир ёфтанд?
- Дар рейтинг кӣ/чӣ дар ҷойи аввал/охир қарор дорад? Ё: минтақаи мавриди таваҷҷӯҳи шумо дар ҳамин феҳрист дар кадом зина аст?
Барои фаҳмидани ҳаҷми мушкилот шумо метавонед рақамҳоро ҷамъ кунед ва ҳаҷми умумиро ҳисоб кунед ё додаҳоро бо назардошти категория ё минтақаи муайян филтр карда, ҳаҷми умумиро барои ҳамин бахш муайян кунед. Барои таҳлили тағйироти рухдода бошад, фақат кофист ду давраи замониро интихоб кунед ва фарқи умумии байни рақамҳои давраи аввал ва дуюмро ҳисоб кунед.
Барои фаҳмидани мақом дар рейтинг, датасетро аз рӯи мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ сутунбандӣ кунед, то аввалинҳо ё охиринҳо аз рӯйи минтақа ё категория ҷудо шаванд. Аммо агар арқом хеле зиёд асту тақисмбандӣ нашуда бошад, метавонед ин корро худатон бо истифода аз “pivot table” (ҷадвали тағйирёбанда) анҷом диҳед. Ин абзор шояд яке аз беҳтарин василаи кор бо арқоми зиёд барои рӯзноманигорон бошад, чунки имкон медиҳад, додаҳо аз зовияҳои гуногун таҳлил шаванд: аз ҷумла, гурӯҳбандии онҳо аз рӯи вақт ва дидани тағйирот дар тӯли як давра. Хушбахтона, дар интернет дар бораи тарзи истифодаи он дарсҳои зиёди видеоӣ ва матнӣ вуҷуд доранд.
Албатта, ба ғайр аз таҳлили миқёс, рейтинг ва тағйирот, метавон ба додаҳо аз зовияҳои дигар низ нигоҳ кард. Масалан, то кадом андоза ва чаро рақамҳо дар ин ё он муддат тағйир ёфтанд, дар ҳоле ки чунин набояд мешуд (мисол: дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ); додаҳо алоқамандии кадом падидаҳо/воқеъаҳоро нишон медиҳанд; рақамҳо дар ин ё он соҳа ба кадом ширкатҳо ҳамчун пешсафон ишора мекунанд. Шумо ҳамчунин метавонед дар як мавзӯъ ҳамаи ин суолҳоро диҳед ва дар матлаб чанд зовияи як мавзӯъро инъикос кунед.
Агар дар рафти кор фаҳмидед, ки додаи зарурӣ оид ба мавзӯи таҳқиқатон вуҷуд надорад ё хатову нопурра аст, дилшикаста нашавед, чун ҳатто набуди маълумоти кофӣ ҳам баҳонаи хуби хабарӣ барои як матлаби журналистӣ метавонад шавад.
(Дар бораи зовияҳои гуногун муфассалтар ин ҷо шарҳ дода шудааст).
Додаҳоро дар чаҳорӯбаи воқеъияти рӯз (контекст) ҷой диҳед
Додаҳо хоҳу нохоҳ ба мо чизеро қисса мекунанд, аммо барои он, ки ба хонанда ин қисса ҷолиб бошаду аҳамияти он фаҳмо бошад, бояд маълумоти дарёфтаро дар чаҳорчӯбаи воқеъияти рӯз ҷой диҳем, яъне маълумоти иловагӣ ҷӯем, аз ҷумла:
- Замон: ин рақамҳо нисбат ба соли гузашта зиёдтар шуданд ё камтар?
- Макон: вазъ дар ин минтақа дар қиёс ба манотиқи дигар беҳтар аст ё бадтар?
- Чаро ин ҳолат рух медиҳад ва аҳамияташ дар чист?
Барои нишон додани контексти минтақавӣ, метавонед додаҳои манотиқи дигарро низ ҷамъ кунед. Барои таҳлили замонӣ бошад, арқоми гузаштаву ҳозираро муқоиса кунед, то динамикаи тағйиротро нишон диҳед.
Аммо ба суоли ниҳоӣ, яъне ба “чаро?” танҳо мусоҳибаҳо метавонанд ҷавоб диҳанд. Бо мутахассисон сӯҳбат кунед, то бидонед чаро чунин ҳолат ба амал омадааст ва чаро айни замон таҳлили ин вазъ муҳим аст. Кӯшиш кунед, нафаронеро пайдо кунед, ки қиссаи онҳо посух ба ҳамин додаҳо бошад ё ин арқомро комил созад.
Навиштани матлаб ва визуализатсияи додаҳо
Пас аз ҷамъоварии тамоми маълумоти зарурӣ, бояд онро дуруст ҳазм кунед ва ба аудитория низ дуруст фаҳмонед. Дар хотир дошта бошед, ки паҳнсозии арқом барои як журналист ҳеҷ гоҳ ҳадафи аслӣ нест, балки танҳо воситаи нақли вақоеъ ё ҳаводис аст. Агар чунин намебуд, бисёреҳо танҳо ба як рақами муҳим такя мекарданд (махсусан дар навори видеоӣ ё аудиоӣ).
Ин аст, ки матлаб ҳам набояд бо рақам оғоз шавад. Беҳтар аст, ки аз вокуниши пурсару садо ба ин арқом оғоз кунед ё аз мисоли зиндаю пуртаъсир, ки баёнгари аҳамияти ин додаҳо метавонад бошад, шурӯъ кунед. Масалан, вақте бахши кор бо додаҳои BBC матлабе дар бораи марги нафақахӯрон омода карда буд, дар сарлавҳа чизе аз арқоме, ки барои таҳқиқи ин мавзӯъ журналистонро водор сохт, гуфта нашуд. Баръакс дар он задаи асосӣ дар зарурати таҳқиқи ин ҳодисаи мудҳиш гузошта шуда буд. Дар чунин ҳолат додаҳо ҳамчун контекст хидмат мекунанд, на ҳамчун маркази асосии матлаб.
Ҳангоми тақияи матлаб аз истифодаи арқоми зиёд даст кашед. Кӯшиш кунед, ки хулосаи онҳоро биёред ё то ҳадди имкон онҳоро ихчам кунед. Барои ҳазми зудтари рақамҳо хуб мешавад агар гӯед, “зиёда аз миллион” ё “беш аз 150”, ба ҷои “32%” “сеяк” ё “аз се як нафар” гуфтан дурусттар аст.
Зиёда аз ин рақамҳоро на дар матн, балки дар диаграммаҳо ҷой додан мувофиқтар аст. Визуализатсияи додаҳо арқоми зиёду саргумкунандаро ҳамеша соддаву фаҳмо мекунад. Диаграммаҳо низ бояд содда бошанд ва шакли дурусти онҳо бояд истифода шавад: барои нишон додани таносуб диаграммаи доирашаклро (pie chart) истифода баред, барои муқоиса — диаграммаи сутуншакл (bar chart), барои нишон додани тағйироти замонӣ — диаграммаи хаттӣ (line chart), барои тақсимоти ҷуғрофӣ — харита (map).
FT Visual Vocabulary дастури муфидест барои интихоби диаграммаҳои дуруст.
Хулласи калом, дар хотир дошта бошед, матлабе, ки дар асоси додаҳо омода мешавад, чизи усулан дигар ё ғайриоддӣ нест. Он ҳамон як қиссаи журналистӣ аст. Аммо маҳорати истифодаи арқом ва дар онҳо дидани саргузашт/ҳикоя маводи шуморо сифатан беҳтар месозад. Абзорҳои зиёде барои таҳлили арқом вуҷуд доранд. Аз ин, ки зиёданд, дар таҳлука наафтед. Шумо метавонед ҳамагӣ 1–2 навъи онҳоро барои кори худ истифода баред, аммо тавсия дода мешавад, ки дар ҳар сурат вақт ёфта, доираи донишу малакаи касбии худро дар истифодаи ҳамаи абзорҳо ва таҳлили дурусти додаҳо беҳтар созед.