fbpx

Чӣ тавр ба Туркия раводид (виза) гирифтан мумкин? Рӯйхати ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мо

Маълумоти пурра дар бораи чӣ тавр дастрас кардани раводид ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон. Низоми раводид аз 20 апрел эътибор пайдо мекунад.


0
Чӣ тавр ба Туркия виза гирем

Туркия низоми бидуни раводид (виза)-ро бо Тоҷикистон бекор кард. Аз 20 апрел барои сафар ба ин кишвар раводид талаб карда мешавад, ба истиснои транзит, он ҳам дар сурате, ки шаҳрванди Тоҷикистон фурудгоҳро тарк накунад ва байни парвозҳо на бештар аз 24 соат фосила бошад.

Маълумоти муфассалро Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба мо пешниҳод кард.

Чӣ тавр барои раводид муроҷиат кардан мумкин?

Шакли дархост (анкета) дар сомонаи www.visa.gov.tr ​​онлайн пур карда мешавад. Нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро низ дар он ҷо ворид карда мешаванд. Инчунин, сана ва вақти вохӯрии мустақим барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар сафорат интихоб карда мешавад.

Бояд дар вақти таъйиншуда, бо варақаи чопшудаи дархости раводид (анкета) (ин бояд пешакӣ анҷом дода шавад) ва нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба сафорат ҳозир шуд.

Барои коркарди дархост 1-2 ҳафта вақт лозим аст. Пардохти боҷи консулӣ бояд дар сафорат бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо доллар бо пули нақд анҷом дода шавад. Нархи раводиди яккарата 60 доллар, бисёркарата (на бештар аз 90 рӯз) 190 доллар аст.

Тавсия дода мешавад, ки барои раводид на камтар аз 1 моҳ пеш аз санаи ба нақшагирифтаи сафар муроҷиат кунед.

Тибқи таҷрибаи байналмиллалӣ гирифтани раводид маънои онро надорад, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳатман метавонад ба кишваре, ки раводид гирифтааст, ворид шавад. Қарори ниҳоии вурудро ба Туркияро полиси сарҳадӣ ҳангоми расидан қабул мекунад.

Пардохти пардохташудаи раводид дар ҳеҷ ҳолат баргардонида намешавад, ҳатто агар дархости раводиди шумо рад карда шавад.

Дастурҳои пурра бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ барои пур кардани варақаи дархост ва ҳуҷҷатҳоро дар сомонаи Сафорати Туркия дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Шартҳои махсус барои гирифтани раводид

Ҳама довталабони раводид бояд суғуртаи тиббии сайёҳӣ дошта бошанд, ки давомнокии сафарашонро дарбар мегирад ва дар Туркия эътибор дорад. Барои онҳое, ки барои раводиди корӣ муроҷиат мекунанд, дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва онҳое, ки хешовандони дараҷаи якуми шаҳрванди Туркия мебошанд ва аз ҷониби шаҳрванди Туркия суғурта шудаанд, суғуртаи тиббӣ талаб карда намешавад.

Ҳама намуди раводид ҳуқуқи будубоши ҳадди аксар 90 рӯзро фароҳам меорад. Ягон намуди раводид ба шумо имкон намедиҳад, ки дар Туркия зиёда аз 90 рӯз дар 180 рӯзи охир бимонед. Барои беш аз 90 рӯз мондан, шумо бояд аз мақомоти дахлдори Туркия иҷозатномаи иқомат гиред.

Барои ҳама дархостҳои раводид, шиносномаи шумо бояд на камтар аз “6 моҳ + будубоши шумо дар Туркия” эътибор дошта бошад. Илова бар ин, шиносномаи шумо бояд ҳадди аққал 2 саҳифаи холӣ дошта бошад.

Ҳангоми муроҷиат барои гирифтани раводид барои кӯдакони то 18-сола, ки бо ягон мақсад ба Туркия мераванд, розигии ҳарду волидонро гирифтан лозим аст. Ба шахсоне, ки волидайнашон аз ҳам ҷудо шудаанд ва ё эълон кардаанд, ки яке аз онҳо дигар зинда нест, раводиди мувофиқи мақсади ба Туркия рафтани онҳо дода мешавад, ба шарте ки дар он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи парастории кӯдак мавҷуд бошад.

Барои шахсони то 18-сола бевосита барои гирифтани раводид муроҷиат кардан мумкин нест. Яке аз волидон ё дигар шаҳрванди хориҷӣ, ки волидайн ба онҳо ваколатнома/ризояит додааст, метавонад ба ҷои шаҳрванди хориҷии дигари зери синни 18-сола барои раводид муроҷиат кунад.

Шахсе, ки барои ворид шудан ё транзит тавассути Туркия ба даромадгоҳи сарҳадӣ меравад, вале ба сабаби он ки ӯ ба шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, ворид шудан ё ба таври транзитӣ аз қаламрави ин кишвар манъ аст, мусофири номатлуб (INAD) ҳисобида мешавад.

Раводид ҳуқуқи кор карданро намедиҳад. Агар шумо хоҳед, ки дар Туркия кор кунед, бояд раводиди корӣ аз намояндагии Ҷумҳурии Туркия дар кишваре, ки шаҳрванди он ҳастед ё дар он ҷое, ки қонунӣ ҳузур доред, дарёфт кунед.

Раводиди сайёҳӣ танҳо барои сафарҳои туристӣ эътибор дорад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар рӯзи вуруд ба Туркия иҷозаи иқомат ё иҷозаи кор доранд, метавонанд бидуни раводид вориди Туркия шаванд.

Ҳуҷҷатҳо барои раводиди сайёҳӣ

  1. Шиносномаи дорои эътибор (бояд ҳадди аққал “6 моҳ + будубоши шумо дар Туркия” эътибор дошта бошад);
  2. Варақаи муроҷиат барои раводид дар visa.gov.tr ;
  3. 2 сурати биометрӣ (андозаи 5х5 см, фони сафед, дар давоми 6 моҳи охир гирифта шудааст. Акс бояд ба стандартҳои аксбардории Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ мувофиқат кунад;
  4. Маълумотномаи доғи судӣ (агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон набошед ва дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед, бояд ҳуҷҷати доғи судиро ҳам аз кишвари шаҳрвандии худ ва ҳам аз мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кунед);
  5. Агар бошад шиносномаҳо ва раводидҳои қаблиатон (ҳатто агар беэътибор бошанд)
  6. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи молиявии шаҳрванди хориҷӣ, (ҳисоби бонкӣ дар давоми на камтар аз шаш (6) моҳи охир, ваъи касбӣ ё корӣ, амволи манқул/ғайриманқул доштан ва ё надоштан, маълумотномаи музди меҳнат, маълумотнома аз ҷои кор, иқтибоси ширкат, ҷузъиёти корти ҳисоби бонкӣ ва ғ.);
  7. Нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо нишон додани ҳамаи аъзоёни оила ва иҷозатномаҳои иқомат/раводиди аъзои оилаи шумо, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд;
  8. Даъватномаи нотариалӣ (агар бошад): Рақами ягонаи миллии туркии шахси даъваткунанда, шиноснома, рӯйхати меҳмонон, суроғаи истиқомат, рақами тамос, давомнокӣ ва мақсади будубош, дараҷаи хешовандии шахси муроҷиаткунанда бо даъваткунанда, агар тарафи даъваткунанда муассиса бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда. Илова бар ин, шахси даъваткунанда бояд дар даъватномаи худ қайд кунад, ки хароҷотҳои будубоши меҳмонро аз ҳисоби худ пардохт мекунад;
  9. Агар саёҳат тавассути ширкати сайёҳӣ анҷом дода шавад, бояд маълумот оиди муҳлати сафар, ҷойҳои зиёрат ва мақсади сафар дар мактуби аслии ширкати сайёҳӣ кайд гардад;
  10. Сабти пешакии (бронирование) дутарафаи чиптаҳои парвоз;
  11. Сабти пешакии (бронирование) меҳмонхона;
  12. Суғуртаи тиббии саёҳатӣ, ки давраи будубош дар Туркияро фаро мегирад;
  13. Маблағи раводид (60 доллар барои раводиди яккарата, 190 доллар барои раводиди бисёркарата);
  14. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, тавсия мегардад, ки ба файли дархости раводиди худ ҳама гуна ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсади сафари худ, инчунин далели баргашти шумо аз Туркия пас аз тамом шудани муҳлати раводид ва ҳуҷҷатҳои исботкунандаи вазъи иҷтимоию иқтисодиатонро илова намоед.

Ҳуҷҷатҳо барои раводиди корӣ/тиҷоратӣ:

  1. Шиносномаи дорои эътибор (бояд ҳадди аққал “6 моҳ + будубоши шумо дар Туркия” эътибор дошта бошад);
  2. Варақаи муроҷиат барои раводид дар visa.gov.tr ;
  3. 2 сурати биометрӣ (андозаи 5х5 см, фони сафед, дар давоми 6 моҳи охир гирифта шудааст. Акс бояд ба стандартҳои аксбардории Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ мувофиқат кунад;
  4. Маълумотномаи доғи судӣ (агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон набошед ва дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед, бояд ҳуҷҷати доғи судиро ҳам аз кишвари шаҳрвандии худ ва ҳам аз мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кунед);
  5. Агар бошад шиносномаҳо ва раводидҳои қаблиатон (ҳатто агар беэътибор бошанд);
  6. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи молиявии шаҳрванди хориҷӣ, (ҳисоби бонкӣ дар давоми на камтар аз шаш (6) моҳи охир, ваъи касбӣ ё корӣ, амволи манқул/ғайриманқул доштан ва ё надоштан, маълумотномаи музди меҳнат, маълумотнома аз ҷои кор, иқтибоси ширкат, ҷузъиёти корти ҳисоби бонкӣ ва ғ.);
  7. Нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо нишон додани ҳамаи аъзоёни оила ва иҷозатномаҳои иқомат/раводиди аъзои оилаи шумо, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд;
  8. Даъватномаи нотариалӣ (агар бошад): Рақами ягонаи миллии туркии шахси даъваткунанда, шиноснома, рӯйхати меҳмонон, суроғаи истиқомат, рақами тамос, давомнокӣ ва мақсади будубош, дараҷаи хешовандии шахси муроҷиаткунанда бо даъваткунанда, агар тарафи даъваткунанда муассиса бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда. Илова бар ин, шахси даъваткунанда бояд дар даъватномаи худ қайд кунад, ки хароҷотҳои будубоши меҳмонро аз ҳисоби худ пардохт мекунад;
  9. Даъватномае, ки уҳдадории ширкати туркиро, ки мақсад, давомнокӣ ва макони буду боши сафарро нишон дода хароҷоти сафарро бар уҳда мегирад;
  10. Шартнома ва ҳуҷҷати дарбаргирандаи маълумот дар бораи фаъолияти ширкат оид ба самти фаъолияти муроҷиаткунанда;
  11. Ҳуҷҷати исботкунандаи вазифаи шахси муроҷиаткунанда дар ширкат;
  12. Даъватномаи ширкат ва ё шахси салоҳиятдори он барои иштирок дар ҷаласаҳо, конфронсҳо ва ё чорабиниҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ; Билети даромадгоҳ ба намоишгоҳҳо ва конгрессҳо;
  13. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва ё корӣ (Шартномаҳо, фактураҳо, рӯйхати фармоишҳо ва ғайра);
  14. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории ширкат (Баҳисобгирии солона, феҳристи тиҷорат, ҳисоботи солона ва ғ.);
  15. Сабти пешакии (бронирование) дутарафаи чиптаҳои парвоз;
  16. Сабти пешакии (бронирование) меҳмонхона;
  17. Суғуртаи тиббии саёҳатӣ, ки давраи будубош дар Туркияро фаро мегирад;
  18. Маблағи раводид (60 доллар барои раводиди яккарата, 190 доллар барои раводиди бисёркарата);
  19. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, тавсия мегардад, ки ба файли дархости раводиди худ ҳама гуна ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсади сафари худ, инчунин далели баргашти шумо аз Туркия пас аз тамом шудани муҳлати раводид ва ҳуҷҷатҳои исботкунандаи вазъи иҷтимоию иқтисодиатонро илова намоед.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои намудҳои дигари раводид – корӣ, таҳсил барои мактаббачагон, донишҷӯён, магистрантон, раводиди тиббӣ барои табобат, ҳамроҳии бемор ва ғайраро дар шакли пурра дар ин ҷо пайдо карда, боргирӣ карда метавонед. Ҳангоми пахш кардан ба ин пайванд ки ҳуҷҷат ба таври худкор боргирӣ мешавад. Он ба забони тоҷикӣ аст. Маълумоти пурра бо забони русӣ дар ин ҷо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend