fbpx

“Бонкҳои Тоҷикистон маълумот надоранд”. Муҳоҷирон ба Тоҷикистон чӣ қадар маблағ мефиристанд?

Сабабаш рушди интиқолии электронии маблағҳо будааст.


0
Интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон
Акс аз сомонаи twimg.com

Бонкҳои Тоҷикистон дар хусуси он ки муҳоҷирони тоҷик ба кишвар чӣ қадар маблағ фиристодаанд, маълумот надоштаанд. Сироҷиддин Икромӣ директори Амонатбонк зимни нишасти хабарӣ гуфт, “чанд вақт боз мо ин оморро пеш намебарем, чунки воситаҳои интиқоли маблағҳои муҳоҷирон гуногун шудааст”. 

Ӯ қайд намуд, ки пештар бо суроғаи муайян барои гирифтани маблағ меомаданд ва бо ин тарз санҷидани он ки ин маблағ аз муҳоҷир аст ё не осон буд.

“Ҳозир аз телефон ба телефон, аз корт ба корт гузаронида мешавад. Дигар мушаххас кардан мушкил аст, ки ин маблағи тиҷорати тоҷирони Тоҷикистону Русия ё ягон кишвари дигар аст ё маблағи муҳоҷирон. Ба ин хотир ин омор чандин сол шуд, ки аз ҷониби бонкҳо ҳисоб карда намешавад”,- афзуд Икромӣ.

Тибқи маълумоти охирин дар бораи интиқоли маблағи муҳоҷирон, ки соли 2021 нашр шуда буд, ҳаҷми умумии интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Пас аз оғози ҷанги Русия бар зидди Украина гирифтани ин маълумот ҳам номумкин шуд.

Дар як нишасти хабарӣ дар соли 2013 собиқ раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов гуфта буд, ки сохторҳои расмии Тоҷикистон дигар ҳаҷми интиқоли муҳоҷирони кории кишварро нашр намекунанд.

Вай ин тасмимро ба қавле асоснок карда, гуфта буд, “ин масъала метавонад тобиши сиёсӣ пайдо кунад”. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи он, ки бар асоси кадом санадҳои қонунгузорӣ чунин тасмим гирифта мешавад, худдорӣ карда буд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси дигари собиқи БМТ дар соли 2019 аз рӯзноманигорон даъват карда буд, ки ба пули муҳоҷирон тамаркуз накунанд.

“Биёед ба пули муҳоҷирон таваҷҷуҳ накунем. Чӣ, магар иқтисоди мо ба ҷуз пули муҳоҷирон чизе надорад?”,- гуфта буд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ аввалҳои моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки вуруди пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2022 қариб 3,2 миллиард долларро ташкил дод.

Мутахассисони Бонки АвруОсиёи рушд дар гузориши худ моҳи ноябри соли 2022 динамикаи мусбати интиқоли пулро ба омилҳои асосии рушди босуръати иқтисодии имсол рабт доданд.

Илова бар ин, дар охири моҳи декабр РБК бо истинод ба манобеи худ аз афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон “на камтар аз 50%” хабар дод.

Афзоиши солонаи интиқоли пул дар ин сатҳ маънои афзоиши ҳаҷми ин воридот аз Русия то 2,7 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 31 дарсади ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон баробар аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend