Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ аз қадим дар остонаи ҷашни Наврӯз анъанаи “бойчечакгардонӣ” гузаронида мешавад. Ин яке аз навъҳои ҳамон анъанаи “гулгардонӣ”-и кӯдакон дар арафаи Наврӯз аст.
Аммо бо чанд вижагии худ аз гулгардонии маъмулӣ фарқ дорад, ки бароятон қисса мекунем.
Эй амаки хонадор, ҳар чӣ мехоҳӣ барор!
Бойчечакгардонӣ дар деҳаи Искодар як ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯз оғоз меёбад. Кӯдакон ва наврасони маҳал бо ҳам ҷамъ омада, гурӯҳеро барои чидани гули бойчечак ба кӯҳу камар мефиристанд ва гурӯҳе то баргаштани онҳо маслиҳат мекунанд, ки чӣ таом омода хоҳанд кард ва барои он кадом маҳсулот зарур аст.
Баъди баргаштани гулчинҳо ҳамаи кӯдакону наврасонро ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда, ба ҳар гурӯҳ як-дутоӣ бойчечак медиҳанд. Кӯдакон дар даст зарфҳое, ки бо худ оварда буданд, ба маҳаллаҳо тақсим мешаванд.
Маъмулан наврасони аз 12-сола боло хона ба хона гулгардонӣ намекунанд. Аз ин лиҳоз онҳо корҳои ташкилиро ба ӯҳда гирифта, барои пухтани хӯрок ҷой интихоб мекунанд ва палосу суфра ва оташдонро омода мекунанд.
View this post on Instagram
Аксаран ҳамчун макони ҷашн боғҳоеро, ки дар мавзеи болотари деҳ мавқеъ дошта, аз маҳал дуртаранд, интихоб мекунанд, то садои таронаву рақсу бозиашон оромии сокинонро халалдор накунад.
Кӯдакон бошанд бо замзамаи таронаи “Бойчечак” хона ба хона мегарданд:
Бойчечаки ҳисорӣ,
Танга, тилло, ҷуворӣ.
Эй амак (хола)-и хонадор,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, барор…
Ин мисраҳоро замзамакунон навбат ба навбат ба ҳама хонаҳо медароянд. Соҳибхона аввал мепурсад, ки онҳо чӣ таом омода карданианд ва вобаста ба ҷавоби онҳо яке аз маҳсулоти лозимаро барои таом ба кӯдакон медиҳад. Ба ин шева кӯдакон як-як маҳсулоти таоми пешакӣ масдиҳатшударо ҷамъ меоваранд.
Яке аз вижагиҳои ин анъана дар он аст, ки дар кӯча кӯдакони дар даст ширинӣ ё тухми обпаз доштаро не, балки кӯдаконеро хоҳед дид, ки дар дохили зарфҳои худ сабзӣ, пиёз, картошкаву равған ва тухмҳои хом доранд.
Ин амали онҳо чанд марҳила дорад. Дар даври аввал ҳама маҳсулоти ҷамъовардаи худро ба макони интихобшуда оварда, мебинанд, ки маҳсулоти ҷамъшуда барои пухтани таом басанда аст ё не.
Агар баъзе маҳсулот набошад ва ё кам бошад, дар марҳилаи навбатӣ барои ҷамъоварии маҳз ҳамон маҳсулот мераванд. Дар қатори аввали рӯйхати хӯрокҳо аввал оши палов ва баъд кабобу дигар таомҳо қарор мегиранд.
“Бойчечак – хонасӯзак”
Бойчечак дар байни сокинони деҳа ҳамчун “гули хонасӯзак” ҳам маъмул будааст.
“Хонаашон рафтам, ба ман равған надоданд, бойчечакро зери дарвозаашон партофтам, то хонаашон сӯзад”,- мегуфт кӯдаки тақрибан шашсола ба хоҳари калониаш.
Далели ин иддаои духтаракро ронандаи ҳамин деҳа, Абдулҳамид чунин шарҳ дод:
“Дар замони кӯдакии мо низ бойчечак гули “хонасӯзак” номида мешуд. Вақте хона ба хона мегаштему нафаре аз хонааш моро меронд, аз дудбарои хонааш гули бойчечакро мепартофтем, ба он боваре, ки “хонаи хасис сабз нашавад”. Ба ин тариқ хасисии як нафар дар байни мардум овоза мешуд”.
Ба гуфтаи ӯ, анъанаи бойчечакгардониро аллакай тамоми мардуми деҳ пазируфтаанд ва хонаводаҳо аз аввали моҳи март ба ин анъана омодагӣ дида, маҳсулоти лозимаро захира мекунанд ва ба андозаи имкон ба онҳо ҳадяи наврӯзӣ медиҳанд.
“Шурӯъ аз 16 март то як ҳафтаи баъдӣ ин маросим давом мекунад ва кӯдакони ҳар маҳалла ба навбат онро баргузор мекунанд. Ҳар хонавода аз дил бароварда чизе медиҳад ва баъзан аз худи кӯдакон мепурсанд. Дар давраи мо аввал медиданд, ки дар даст гули бойчечак дорем ё на. Агар бойчечак надошта бошӣ, чизе намедоданд. Кӯдакони ҳозира баъзан бе бойчечак ҳам мегарданд”,– давом дод ӯ.
Гулгардонии кӯдакон метавонад то 2 соат идома ёбад. Муҳим маҳсулот барои як таом пурра ҷамъ шавад. Баъдан ба пухтани таом шуруъ мекунанд.
Бозиву саргармии кӯдакон
То лаҳзаи омода шудани таом кӯдакони хурдсол машғули бозӣ мешаванд. Ресмонкашак, арғунчакбозӣ, сафедор ва бозии аз ҳама ноодатӣ – рақамёбак аз бозиҳои маъмулии кӯдакони ин деҳ аст.
Онҳо бо ҳам давра нишаста бо навбат аз ҷо хеста рақамеро мегӯянд. Вазифаи дигарон бошад ёфтани аъзоёни хонаводаест, ки ба шумораи гуфташуда мувофиқ аст.
Масалан, вақте нафаре рақами шашро мегӯяд, дигарон бояд ёбанд, ки дар деҳа кадом хонавода шаш аъзо дорад ва ҳар яки онҳоро ном ба ном бояд гӯянд. Бо ҳамин шева қариб аз тамоми сокинони деҳа ном мебаранд. Ин аст, ки онҳо аз кӯдакӣ тамоми хурду калони деҳаро мешиносанд.
Наврӯз пас аз Бойчечакгардонӣ таҷлил мешавад
Баъд аз омода шудани таом ба ҳар нафар ба ҳамон зарфе, ки аз аввали гулгардонӣ бо худ дошт, таом мекашанд ва ҳама сари як суфра сарҷамъ менишинанд. Баъди хӯрдани таом бо ҳам байтбараку сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.
Таоми бозмондаро бошад ба кӯдакон тақсим карда медиҳанд ва маҳсулоти аз таом зиёд мондаро ба ниёзманди деҳа мебаранд.
“Ҳамеша ба наберагонам таъкид мекунам, ки баъд аз маросими бойчечак ба чидани ҳулбӯву дигар гиёҳҳо ба кӯҳу пуштаҳо раванд. Ризқи баҳорӣ баъд аз бойчечак ҳалол мешавад”, – нақл мекунад Гулой ном пиразани 86-солаи сокини ин деҳа.
Дар деҳа расм аст, ки чидани гиёҳҳои кӯҳиву таҷлили ҷашни Наврӯз баъд аз ин маросим оғоз меёбад ва ин шеваро мардуми деҳа пазируфтаанд.
Дар маъракаи наврӯзии деҳа занҳо навъҳои гуногуни хӯрданиву таомҳо, кӯдакон саҳнаҳои рақсиву суруду тарона омода мекунанд ва мардон масъули корҳои ташкилианд.
Аҳли деҳа ҳамасола Наврӯзро дар ягон мавзеи табиат тантанавор ва ба тарҳи хоса ҷашн мегиранд. Ин аст ҳикмати солинавии мардуми деҳа, ки ҳамаро бо баҳонаи ҷашне гирди як суфра ба ҳам меорад.
Нозанини Исматшоҳ, махсус барои Your.tj