Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 18-уми ноябр намоишгоҳи таҳсилотӣ баргузор гардид. Намоишгоҳ ба оғози Ҳафтаи таҳсилоти байналмилал бахшида шуд, ки бо дастгирии сафорати ИМА аз 18 то 22 ноябр баргузор мегардад.
Дар давоми Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Маркази амрикоӣ дар Душанбе намоишҳои гуногун баргузор мешаванд. Чорабинии ниҳоӣ Намоишгоҳи хатмкунандагон рӯзи 22 ноябр аз соати 16:00 то 18:00 бо иштироки хатмкунандагони коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Амрико хоҳад буд.
Дар намоишгоҳи таҳсилотӣ мактаббачагон ва донишҷӯён бо шумораи зиёди созмонҳои байналмилалии таҳсилотӣ ва имкониятҳои онҳо шинос шуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони сафорати ИМА ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таҳсилоти байналмилалӣ ҳамчун калиди муваффақият
Тавре сафири ИМА Мануэл Микаллер дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ҳафтаҳои таҳсилоти байналмилалӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои таҳсилотӣ дар Тоҷикистон 20 сол боз баргузор мешаванд.
Ҷаноби Микаллер таъкид кард, ки чорабиниҳо дар доираи Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, таҳсилро дар хориҷаро калиди муваффақияти ояндаи худ донанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳамчунин, барномаҳои мубодила ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки на танҳо таҷрибаи нав ба даст оранд ва шиносоии нав пайдо кунанд, балки инчунин ҷаҳонбини худро беҳтар кунанд ва дар бораи фарҳанги кишвари дигар маълумоти бештар пайдо намоянд.
Амонулло Файзуллозода, сардори раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар навбати худ аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забони англисиро таъкид кард, зеро донистани забонҳои хориҷӣ имкони таҳсилоти байналмилалиро бештар мекунад.
Таҳсилоти хориҷӣ дар Душанбе
Дар намоишгоҳ созмонҳои гуногуни таҳсилотӣ, аз ҷумла якчанд муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок карданд.
Чанде аз донишгоҳҳое, ки имкониятҳои таълимии худро дар чорабинӣ муаррифӣ карданд, дар Душанбе ҷойгиранд. Масалан, Донишкадаи инноватсионии Душанбе ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур.
Донишкадаи инноватсионии Душанбе моҳи сентябри соли равон кушода шуд. Дар айни замон дар он 40 донишҷӯ таҳсил мекунанд ва ҳамаи дарсҳо танҳо бо забони англисӣ гузаронида мешаванд.
Донишкадаи рушди менеҷмент Сингапур фаъолияти худро соли 2022 оғоз кард. Имрӯз дар донишкада зиёда аз 70 донишҷӯ дар соҳаҳои IT, бехатарии киберӣ, молия ва маркетинг таҳсил мекунанд.
Илова бар ин, дар намоишгоз намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Хоруғ ва Нарин (Қирғизистон) кампусҳои худро дорад, иштирок карданд. Таҳсил дар ин донишгоҳ танҳо бо забони англисӣ дар якчанд самтҳои омодасозӣ, аз ҷумла иқтисод ва IT гузаронида мешавад.
Аз маҳфилҳои гуфтугӯ бо забони англисӣ то курсҳои IT ва ҳуқуқи инсон
Дар намоишгоҳ, инчунин барномаҳои таҳсилотие пешниҳод карда шуданд, ки имконияти гирифтани маълумотро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Аврупо пешниҳод мекунанд.
Ҳамин тавр, донишҷӯёни оянда метавонанд бо гирифтани стипендия тавассути барномаи Chevening ба Британияи Кабир барои таҳсил раванд. Барномаи Иттиҳоди Аврупо Erasmus, дар навбати худ, дастгирии молиявии ройгонро барои мубодилаи кӯтоҳмуддати донишҷӯён ва мутахассисон пешниҳод мекунад.
Тавассути барномаи MEXT-и Ҷопон довталабон метавонанд имкони гирифтани дараҷаи бакалавр ё магистрро дар яке аз донишгоҳҳои Ҷопон бо забонҳои англисӣ ё ҷопонӣ ба даст оранд.
Ҳамчунин, Олмон ва Фаронса имкониятҳои таҳсилотии худро пешниҳод карданд.
Чанде аз созмонҳои таҳсилотӣ ба ҳозирин дар бораи курсҳои худ нақл карданд, ки тавассути онҳо мактаббачагон ва донишҷӯён метавонанд барои гирифтани маълумоти олӣ дар хориҷа омодагӣ гиранд.
Ҳамин тавр, бо шарофати маҳфилҳои гуфтугӯ дар American Space ва English Without Borders, метавон малакаҳои гуфтугӯ бо забони англисиро такмил дод, дар «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ОГС) бошад, ҳама хоҳишмандон метавонанд курси ҳуқуқи инсонро хатм намуда, дипломи ҳомии ҳуқуқро ба даст оранд.
Ғайр аз ин, «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба ҷавонони ҳадафдор пешниҳод мекунад, ки дар ин созмон волонтёр шуда, донишу малакаҳои нав ба даст оранд ва шиносоиву дӯстони нав пайдо кунанд.
Маълумоти бештарро дар бораи он ки «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» чӣ гуна ҷавонони ташаббускорро дастгирӣ мекунад, дар ин ҷо хонед.
Дар намоишгоҳ ташкилоти Ilmhona курсҳои IT, дизайни графикӣ ва SMM-ро муаррифӣ кард. Мактаби расонавии Cabar.Asia дар бораи имконияте нақл кард, ки на танҳо барои соҳаи журналистика ва медиа, балки барои дигар самтҳои гуногун низ курсҳои комилан ройгон пешниҳод мекунад.
Беш аз 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар ИМА таҳсил мекунанд
Ба гуфтаи сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микеллер, то имрӯз тақрибан 7 ҳазор донишҷӯ, олим ва таҷрибаомӯз аз Тоҷикистон дар барномаи табодули Департаменти давлатии ИМА иштирок кардаанд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Донишҷӯёни мактабҳои олӣ, коллеҷҳо ва инчунин мактабҳои таҳсилотӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Гуфта мешавад, мутахассисон барои табодули касбият ва инчунин кормандони давлатӣ барои баланд бардоштани тахассус низ рафтаанд.
Тавре сафир қайд кард, барномаҳои таҳсилотии Амрико ба ҳамаи тоҷикистониён имкон медиҳанд, ки дар ҳама соҳаҳо таҳсил кунанд ва инчунин сатҳи дониши забони англисиро беҳтар кунанд.
«Бартарии системаи маорифи Амрико дар он аст, ки тоҷикистониён метавонанд самтҳои мухталифи илм ва санъатро интихоб кунанд»,- таъкид кард ҷаноби Микаллер.
Мактаббачагон Душанбе, ки дар намоишгоҳ иштирок доштанд, хоҳишманди таҳсил дар ИМА ҳастанд ва ҳоло забони англисиро бо ҷидду ҷаҳд меомӯзанд.
«Ман як моҳ аст, ба истиҳони TOEFL омодагӣ мебинам, ки дар моҳи май ба нақша гирифтаам. Дар ҳақиқат мехоҳам ба донишгоҳи амрикоӣ дохил шавам. Дигар кишварҳоро ба назар гирифтам, аммо бештар мехоҳам дар ИМА таҳсил кунам.
Ба фикри ман, ки ин гуна намоишгоҳҳо барои ҷавонон имконияти хубест барои шиносоӣ бо таҳсилоти байналмилалӣ ва интихоби барномаи мувофиқтарини таҳсилотӣ барои худ»,- гуфт Мавзуна, хонандаи яке аз литсейҳои Душанбе.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо