Дар зани 49-солаи сокини Душанбе-Насиба (ном иваз шудааст), миомаи бачадон ташхис карда шуд. Ду сол пеш ӯро ҷарроҳӣ карданд. Ҳар боре ки барои муоина ва супоридани таҳлилҳо ба бемористон мерафт, ӯ ошкоро дар бораи вазъи ВНМО-и худ хабар медод.
Танҳо як маротиба ҳолати нохуш рӯй дод. Вақте ки духтури муолиҷакунандаи ман ҳузур надошт, маро духтури дигар муоина кард. Ҳангоми пӯшидани либосам баъд аз муоина , ӯ дар пеши чашмонам фаррошро даъват карда супориш дод, ки курсии муоинаро бо маҳлулҳои хлордор бодиққат тоза кунад. Аз ин рафтораш нороҳат шуда, ба ӯ гуфтам, ки чунин муносибат зебанда нест, махсусан бо дарназардошти он ки дар хуни ман вирусӣ ошкорнашаванда аст. Аммо табиб бо лаҳни сард посух дод, ки беморони мисли ман зиёданд ва онҳо наметавонанд бо ҳар кадом муносибати мулоим дошта бошанд, зеро ба гуфтаи ӯ, ин пеш аз ҳама барои амнияти худи кормандони тиб аст.
«Онкоҷарроҳ маро барои гузаронидани ҷарроҳӣ ба таваллудхонаи маҳалли зистам равона кард. Аммо пас аз ҳафт рӯзи интизорӣ ба ман гуфтанд, ки амалиётро дар он ҷо анҷом дода намешавад ва бояд ба маркази онкологӣ муроҷиат кунам. Ман инро ҳамчун як навъ табъизи ғайримустақим вобаста ба вазъи бемориам қабул кардам», — мегӯяд ӯ.
Баъди ин зан ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат мекунад ва танҳо пас аз он ӯро барои табобат ба маркази онкологӣ равона менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, дар чанд клиникаи хусусӣ низ аз анҷом додани ҷарроҳӣ худдорӣ кардаанд. Яке аз ҷарроҳон ҳатто ошкоро гуфтааст, ки то ҳол шахсони гирифтори ВИЧ-ро ҷарроҳӣ накардааст ва намедонад чунин амалиётро чӣ гуна бояд анҷом диҳад.
Аммо баъд аз ҷарроҳӣ дар маркази онкологӣ, касе аз кормандон вазъи Насибаро ба дигар беморон фош кардааст. Баъд аз ин дар долон ва роҳравҳои бемористон баъзеҳо ба сӯяш ишора мекарданд ва ба ӯ бо нигоҳи дигар менигаристанд.
«Нигоҳҳои ғайриоддии онҳо маро рӯҳафтода кард ва ман боз мисли кӯдак гиря кардам», – қисса мекунад ин зан.
Насиба солҳои зиёд ба ҳимояи ҳуқуқи одамони гирифтори ВИЧ машғул аст ва хуб дарк мекунад, ки на ҳар кас метавонад чунин вазъиятро таҳаммул кунад.
«Ошкор шудани чунин маълумоти шахсӣ метавонад одамро ҳатто ба фикри худкушӣ расонад. Мо аз касе раҳм намехоҳем — танҳо фаҳмиш ва муносибати беайбдоркуниро мехоҳем», — таъкид мекунад ӯ.
Баъдтар мудири шуъба аз Насиба хоҳиш кардааст, ки барои кормандони марказ семинарҳо баргузор кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа ду семинар барои кормандони тиб гузаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон омори расмӣ оид ба ҳолатҳои рад ё табъиз нисбат ба одамони гирифтори ВИЧ муайян карда намешавад
Бо вуҷуди ин, тибқи маълумотҳои дастрас, тақрибан 64 дарсади шахсони гирифтори ВИЧ дар кишвар мегӯянд, ки бо шаклҳои гуногуни табъиз рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин муносибат на танҳо дар ҷомеа, балки баъзан аз ҷониби баъзе кормандони тиб низ ба назар мерасад.
Ҳуқуқшинос Лариса Александрова мегӯяд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон низ дар ин самт холигӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, на Кодекси ҷиноятӣ ва на Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меъёрҳои мушаххасеро дар бораи ҷавобгарӣ барои табъиз нисбат ба шахсони бо ВИЧ зиндагикунанда пешбинӣ накардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳуқуқи одамоне, ки бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд (ЛЖВ), ба гирифтани кумаки тиббӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ дар сатҳи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст. Ин ҳуқуқҳо ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 23 ва 38) ва ҳам дар Кодекси тандурустӣ (соли 2024; моддаҳои 49, 53, 160–163, 172 ва бобҳои 7, 13, 23, 24, 26) муқаррар гардидааст, — мегӯяд ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Спин Плюс» Зухра Муборова.
Тибқи ин меъёрҳо, шахсони бо ВИЧ зиндагикунанда ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои давлатии тиббӣ кумаки ройгони тиббӣ гиранд, бо онҳо муносибати эҳтиромона ва инсондӯстона сурат гирад, аз табъиз ҳимоя шаванд ва махфияти вазъи саломатии онҳо нигоҳ дошта шавад.
Ҳамзамон, санҷиш барои муайян кардани ВИЧ бояд танҳо ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад. Кормандони тиб низ вазифадоранд сирри тиббиро риоя карда, маълумот дар бораи вазъи ВИЧ-и беморонро бе иҷозати онҳо ошкор насозанд.
Дар амал ин кафолатҳо бо санадҳои зерқонунӣ дастгирӣ мешаванд: Тартиби муоинаи тиббӣ барои ВНМО (қарори Ҳукумати ҶТ №528 аз 6 августи 2014), Тартиби таъйин ва пардохти кумакпулӣ ба кӯдакони гирифтори ВНМО/БПНМ (қарорҳои №262 аз 3 июни 2013 ва №459 аз 4 октябри 2013), инчунин Қарор дар бораи Маркази экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон (№812 аз 31 декабри 2014).
Ҳимояи иловагӣ инчунин аз ҷониби қонунҳои байнисоҳавӣ таъмин мешавад-“Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” (моддаи 1) ва “Дар бораи иттилоот” (моддаи 27), ки паҳн кардани маълумот дар бораи саломатӣ ва ҳаёти шахсиро бидуни розигии ӯ манъ мекунанд.
Дар маҷмӯъ, қонунгузории амалкунанда низоми нисбатан мукаммали ҳуқуқҳо ва кафолатҳоро фароҳам меорад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба саломатӣ ва ҳифз аз табъиз мувофиқат мекунад. Аммо манфиати воқеии ин меъёрҳо аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза онҳо дар амал риоя мешаванд, мубталоён то чӣ ҳад ҳуқуқҳои худро медонанд ва кормандони тиб то чӣ андоза махфияти вазъи беморонро нигоҳ медоранд.
«Дар Тоҷикистон омори расмӣ ва низомманд оид ба рад ё парҳез аз пешниҳоди кумаки тиббӣ ба одамоне, ки бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд, вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, маълумотҳои таҳқиқоти байналмилалӣ ва миллӣ нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои табъиз, аз ҷумла рад ё таъхири амалӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ, ба назар мерасанд. Ин ҳолатҳо одатан танҳо дар доираи мониторинги ҳуқуқи инсон ва фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ сабт мешаванд, на ҳамчун омори расмии давлатӣ», — хулоса мекунад ҳуқуқшинос.
Бо вуҷуди ин, чунин ҳолатҳо танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд намешаванд ва дар дигар кишварҳо низ ба назар мерасанд.
Кӯмак танҳо бо ёрии ҳуқуқшиносон имконпазир шуд
Фаррухи 61-сола (ном иваз шудааст) чанд сол боз аз имкони ворид шудан ба хонаи-интернати “Саховат” барои шахсони маъюбиятдошта дар Ӯзбекистон маҳрум буд. Ӯ манзили доимӣ надошт ва дар ҳудуди як боғча зиндагӣ мекард. Якчанд бемориҳои вазнин дошт: ВНМО, гепатити С, сил ва дигарҳо. Аз ин сабаб ба ӯ гурӯҳи дуюми маъюбӣ дода шуда буд.
Раванди қабул ба хона-интернат ҳамеша тӯл мекашид: радҳо, монеаҳои бюрократӣ ва ҳатто хатаре буд, ки ба далели ВИЧ ӯро умуман қабул накунанд.
Ҳуқуқшиноси ташкилоти ғайридавлатии «Ишонч ва ҳаёт» муддати тӯлонӣ ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кард, масъалаи қабулро пайгирӣ намуд ва қадам ба қадам ҳамроҳи Фарух буд. Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо ташкилот тавонист Фарухро ба хона-интернат қабул намуданд.
Ба гуфтаи роҳбари ташкилот Сергей Учаев, бо табъиз метавон мубориза бурд, аммо чунин ҳолатҳо ҳанӯз ҳам рух медиҳанд ва аксаран танҳо тавассути гуфтушунид ё муроҷиат ба мақомоти расмӣ ҳал мешаванд.
Тибқи маълумоти “Ишонч ва ҳаёт”, солҳои 2022-2023 онҳо 130 ҳолати рад кардани ёрии тиббӣ ба гирифторони ин бемориро сабт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар панҷ соли охир ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ ду шикоят аз ҷониби одамони гирифтори ВНМО ворид шудааст-ҳарду дар соли 2025, ки баъдан ба фоидаи беморон ҳал шудаанд.
Дар посухи Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо СПИД ба пурсиши Anhor.uz гуфта шудааст, ки таҳлили муроҷиатҳои воридшуда нишон медиҳад: кормандони тиб ҳолатҳое надоштанд, ки ба беморони гирифтори ВИЧ кумаки тиббиро рад карда ё онҳоро ҷазо дода бошанд.
Чаро чунин ҳолатҳо ба вуҷуд меоянд
Ба гуфтаи Сергей Учаев, сабаби асосӣ-тарси кормандони тиб, норасоии дониш дар бораи роҳҳои сироятёбӣ, доғдорсозӣ (стигма), вайрон кардани махфият ва кӯшиши “равона кардани” бемор ба ҷойи расонидани кӯмак мебошад.
Аксар вақт мушкилот ба қонунгузорӣ рабт надорад, балки татбиқи онҳост. Шахсони гирифтори ВИЧ ҳуқуқи баробар ба дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро доранд, мисли ҳама шаҳрвандон.
Дар Тоҷикистон ду қонун ва як қарор вуҷуд доранд, ки табъиз нисбат ба одамоне, ки бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд, манъ кардаанд.
Дар куҷо бештар рад мекунанд
Аксар вақт мушкилот дар таваллудхонаҳо ба миён меояд: ба занон фишор меоранд, онҳоро ба қатъи ҳомиладорӣ водор мекунанд, вазъи ВНМО-ро фош месозанд ва аз тамос худдорӣ менамоянд. Ин ҳама хилофи қонун аст.
Чӣ бояд кард?
Давлат бояд омӯзиши ҳатмии кормандони тибро оид ба ВНМО ва пешгирии табъиз таъмин кунад, омори шаффофи шикоятҳоро роҳандозӣ намояд ва барои ҳолатҳои тасдиқшуда ҷавобгарӣ ҷорӣ кунад.
Муассисаҳои тиббӣ бояд протоколи ҳифзи ҳуқуқи беморонро ҷорӣ намоянд ва махфияти маълумотро таъмин кунанд.
Созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд ҳолатҳои табъизро сабт карда, ба беморон кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд.
Ҷомеа ва худи беморон набояд чунин ҳолатҳоро пинҳон кунанд. Муроҷиат ва шикоят аксар вақт роҳи ягонаи тағйир додани вазъ мебошад. Инчунин, хонандагон бояд аз паҳн кардани афсонаҳо ва андешаҳои табъизомез худдорӣ намоянд.









