Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров бори аввал дар бораи худ чунин муфассал нақл мекунад. Мо бо ӯ аз тамринҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то медали тило ва кор дар Кумитаи олимпӣ ҳамсуҳбат шудем.
Ин суҳбат на танҳо дар бораи варзиш, балки дар бораи арзиши орзу, интихоб ва интизом аст, ки бе онҳо пирӯзиҳои бузург имконнопазиранд.
Роҳи 23-сола
Достони ҳаёти Дилшод Назаров дар Душанбе оғоз ёфтааст, аз оилае, ки варзиш қисми зиндагии он буд. Падараш барандаи медали чемпионати СССР, модараш бозигари дастаи мунтахаби ҳандбол. Маҳз онҳо ба Дилшод раҳнамоӣ карданд, гарчанде худи роҳ аз он чи тасаввур мешавад, хеле душвортар буд.
“Ман ҳатто дар ёд дорам, вақте хурд будам, ҳамеша ба падарам мегуфтам, ки вақте калон шавам, аз ту бештар медал мегирам”, – ба ёд меорад Назаров.
Ба варзиш ӯ тасодуфан омад. Ҳамсояи онҳо мураббӣ буд ва дар вақти таътили тобистона ӯро пай бурд. Он вақт Дилшод 13-сола буд. Он замон дар дили қаҳрамони мо орзу пайдо шуд – орзуи нишони тилои олимпӣ ва аз ҳамон лаҳза дигар ҳама кӯшишу талошаш барои амалишавии ин орзу равона мегардид.
“Ҳар як сарбоз орзу мекунад генерал шавад, ҳар як варзишгар бошад орзу мекунад қаҳрамони олимпӣ шавад. Ман ҳам ҳамин тавр. Орзу пайдо шуд ва ба сӯи он рафтам. То медали олимпӣ 23 сол сарф шуд”, – гуфт қаҳрамони мо.
Оғози роҳи варзишии Дилшод дар соли 1993 буд, дар яке аз давраҳои душвортарини кишвар.
“Ин давраи хеле душвор барои кишвари мо буд… ростӣ, он вақт ба варзиш касе аҳамият намедод, ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт”, – қайд кард Назаров.
Арзиши пирӯзӣ: оила, вақт ва набудани кафолат
Паси пирӯзиҳои назаррас ҳамеша чизҳое ҳастанд, ки ноаён мемонанд. Назаров ошкоро мегӯяд, захираи асосие, ки қурбон кардааст вақт аст.
“Шояд ман вақти худро қурбон кардам, он арзишмандтарин чиз барои инсон аст”, – илова кард Назаров.
Издивоҷи барвақт, ҷамъомадҳои доимӣ, набудани даромади устувор, ҳамаи ин қисми зиндагии ӯ шуд.
“Ман, масалан, надидам, ки фарзандони калониям чӣ гуна ба воя расиданд… вақте ҷавон ҳастӣ, инро дарк намекунӣ, чунки орзу ҳаст”, – гуфт чемпион.
Он солҳо варзиш даромад намеовард ва ҳатто иштирок дар як ё ду мусобиқа дар як сол муваффақият ҳисоб мешуд.
“Дар хона фарзанд дорӣ, ҳамсар дорӣ, онҳоро бояд таъмин созӣ, вале ту ба варзиш машғул мешавӣ. Ин намуди варзиш ба ту пул намеорад”, – иқрор шуд Назаров.
Маҷбур мешуд кор кунад, ба кӯмак такя кунад ва маблағи бадастомадаро боз ба омодагӣ сарф намояд. Тағйирот вақте сар шуд, ки ӯ ба сатҳи мусобиқаҳои тиҷоратии байналмилалӣ баромад.
“Ман кӯшиш мекардам ҳам ба худ ва ҳам ба омодагии худ сарф бикунам… ҳеҷ гоҳ намехостам аз касе чизе талаб намоям ва вобаста бошам”, – илова кард ӯ.
Вале дар айни замон, роҳ ба қулла на танҳо аз душвориҳо, балки аз муборизаи дохилӣ ҳам иборат буд.
“Одамон танҳо қисми болоии яхпораро мебинанд. Вақте боло меравӣ, чанд маротиба бояд афтӣ, бархезӣ ва боз идома диҳӣ”, – гуфт чемпион.
Чаро варзишгарон “гум мешаванд” ва имрӯз чӣ тағйир меёбад
Яке аз саволҳои дарднок ин аст, ки чаро бисёре аз варзишгарони боистеъдод ба қулла намерасанд. Назаров инро бо маҷмуи омилҳо рабт медиҳад: характер, интизом ва шароити беруна.
“Бадтарин чиз дар варзиш ин аст, ки вақте варзишгар “ситора” мешавад. Ҳамин ки гуфт “ман беҳтарин ҳастам”, метавон гуфт ҳамааш тамом шуд”, – гуфт Назаров.
Сабаби дигар муваффақиятҳои барвақт ва пул аст.
“Ман бисёр варзишгарони ҷавонро медонам, ки каме муваффақ шуданд, мошин хариданд ва бо ҳамин тамом, варзишро тарк карданд”, – илова кард Назаров.
Фишори иҷтимоӣ ва мушкилоти рӯзгор низ таъсир мерасонанд.
“Ҳама мехоҳанд хуб зиндагӣ кунанд… касе оиладор мешавад, мушкилоти хона пайдо мешавад, ин ҳам халал мерасонад”, – қайд кард ӯ.
Аммо имрӯз вазъ дар варзиши Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, куллан тағйир ёфтааст.
“Имрӯз варзишгарони мо метавонанд дар ҳар мусобиқае, ки мехоҳанд, иштирок кунанд… барои онҳо танҳо машқ кардан мемонад”, – гуфт Назаров.
Ӯ рушди инфрасохтор ва дастгирии федератсияҳоро қайд намуд, махсусан дар намудҳое, мисли ҷудо.
“Имрӯз мо аллакай медалҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳонро ҳисоб мекунем. Ин нишон медиҳад, ки варзиш бо суръати хуб рушд мекунад”, – гуфт ӯ.
Кумитаи олимпӣ ва нигоҳ ба оянда
Имрӯз Назаров дар Кумитаи олимпӣ кор мекунад ва ба омодасозии варзишгарон ба мусобиқаҳои калон, аз ҷумла Бозиҳои Лос-Анҷелес, машғул аст.
“Ман мехоҳам дониш ва таҷрибаи худро ба ҷавонон диҳам ва ба варзишгаронамон кӯмак бикунам, то ба қуллаи олимпӣ бароянд”, – гуфт қаҳрамони мо.
Ӯ бовар дорад, ки кишвар имконият дорад, аммо муҳим амалӣ кардани он аст.
“Мардуми мо имконияти хеле калон доранд… танҳо бояд худро дар вақти лозима нишон диҳанд”, – илова кард Назаров.
Ҳамзамон, варзиш ҳамеша пешгӯинашаванда мемонад.
“Ҳамаашро майдон нишон медиҳад… варзишгар бояд худро маҳз он ҷо, дар майдон, дар татами нишон диҳад”, – гуфт ӯ.
“Аз ҳама асос – ин давлат аст”
Дар анҷоми суҳбат Назаров ба ҷавонон муроҷиат кард ва суханонаш мисли формулае садо доданд, ки дар тӯли зиндагӣ санҷида шудааст.
“Бигзор онҳо орзу дошта бошанд, хоҳиш дошта бошанд… ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки 10 миллион нафар онҳоро дастгирӣ мекунанд”, – гуфт чемпион.
Ӯ илова кард:
“Ҷавонон бояд на барои худ, балки пеш аз ҳама барои кишвари худ кӯшиш кунанд. Он гоҳ ҳамааш мешавад”, – хулоса кард Назаров.









