fbpx
0

Ширкати ҳавопаймоии Somon Air парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Дубай – Душанбе то 6 марти соли 2026 муваққатан боздошт. Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкат хабар дод.

Ин қарор дар робита ба маҳдудиятҳои амалкунанда барои истифодаи фазои ҳавоии Ховари Миёна қабул шудааст.

Ба мусофироне, ки барои ин давра билет доранд, тавсия дода мешавад, ки пешакӣ парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ санҷанд ва барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази тамос муроҷиат намоянд.

Машваратро метавон бо телефонҳои зерин гирифт: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50, ҳамчунин тавассути WhatsApp бо рақами: +992 93 777 74 59.

Шоми дирӯз, ба иттилои расонаҳо, нахустин ҳавопаймои мусофирбар аз фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвоз кард. Ҳавопаймо ба самти Самарқанд равона шуд.

Ҳазорҳо сайёҳ бинобар ҷанги Эрон бо ИМА ва Исроил дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дармондаанд. Аз 28 феврал ҷонибҳо ба ҳамдигар ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Дар пасманзари ин вазъ, ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба ин кишварҳо ва аз онҳо бекор ё мавқуф мегузоранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend