fbpx

Барзу Абдураззоқов: Намехоҳам бимирам ва ба қалби одамон дард гузорам

19-уми сентябр коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов 61-сола шуд. Ӯ таи чанд соли охир бо даъвати ҳамтоёни худ дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.


0
Барзу Абдураззоқов дар театри ба номи Куанышбаева

19-уми сентябр коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов 61-сола шуд. Ӯ таи чанд соли охир бо даъвати ҳамтоёни худ дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.   

Имрӯз чанде аз андешаҳои коргардон дар бораи театр, Худ, президент ва маргро бахшида ба зодрӯзаш ба хонандагон пешниҳод менамоем.

Андар боби худ

«Наметавонам ҷое муддати тӯлонӣ фаъолият кунам. Муддати тӯлонӣ бо нафаре дӯстӣ карда наметавонам. Агар бӯйи ботлоқ ба машомам расад, дарҳол он муҳитро тарк мекунам. Сабр надорам. Шояд аз он метарсам, ки ба муҳит ворид мешавам ва ба он одат мекунам. Ботлоқи театриро дӯст намедорам. Кори коргардон риск аст. Ту бояд донӣ, ки ҳар қадами ту хатар аст, фикр ва драматургияи нодуруст интихобнамудаи ту барои тамошобин ва ҳунармандон хатар эҷод мекунад. Ҳатто аз атроф мешунавам, ки мегӯянд “Барзу бо роҳбар муросо карда натавонист ва он театрро тарк кард”. Не! Аслан ин хел нест, агар бовар накунед, аз роҳбарони театр пурсон шавед.

Намефаҳмам барои чӣ нози чанд аблаҳро бояд коргардон бардорад ва сабр кунад. Таҳаммулпазирӣ дар кори театр бадтарин чиз аст. Мо пеши тамошобин масъулияти бузург дорем. Ҳар бегоҳ дар намоиши ман 400 нафар одам иштирок мекунад, чипта мехарад, дар афиша номи маро мебинад, меояд ва ман ӯро фиреб диҳам… Пас фарқ байни ман ва дузди бозорӣ чист?»

Барзу Абдураззоқов дар театри «Жас Сахна»

Театр

«Дар театр кор кардан хеле душвор аст, барои ин машаққат, шабҳои бехобӣ, иродаи мустаҳкам ва асабҳои пӯлодин бояд дошт. Ба шахсоне, ки мегӯянд “театрро дӯст медорам, бе театр ҳаёт надорам”, бовар надорам. Модарам мегӯяд, ту шояд коргардони хуб бошӣ, аммо дар ҳаёт як тюлен ҳастӣ, худатро ҳифз карда наметавонӣ. Дунёи театр шабеҳи моҳии даруни об аст»

«Театри мо (Тоҷикистон) ба меъёрҳои солҳои 70-ум ғӯтта зад ва аз он набаромад. Идеяи нав надоранд, зиндагӣ иваз шуд, технология пеш рафт, телефонҳои мобилӣ ва интернет пайдо шуд. Мардум навгонӣ, кино, намоишҳои театрии дигар давлатҳоро аз интернет тамошо мекунанд. Театр ба онҳо чӣ чизи нав дода метавонад? Ғайр аз сонсуре, ки дар мамлакат ҳаст, дигар чизе дода наметавонад. Сонсур иҷозат намедиҳад, то коргардон ҳар дардеро, ки дорад, ба саҳна барорад».

«Театри тоҷик баъд аз соли 92 баста аст. Дар як изолятсияи фарҳангӣ қарор дорад. Ҳар чизе, ки дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон аст, аз замони Шӯравӣ мондааст. Чи телевизион, чи театр, драматургия, диктор, коргардон, актёр, сабки навишт ҳама шабеҳи замони шӯравист. Намедонам ин сарҳад кай кушода мешавад ва мо ғайр аз Маскав дигар ҷойҳоро низ дида тавонем».

«Ман шубҳа дорам, ки театр дар Осиёи Марказӣ аз байн меравад. Ин равиш дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва ҳам дар Тоҷикистони худамон низ ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон, ки ҳеҷ кас ба фарҳанг аҳамият намедиҳад, қабл аз ҳама инҷо гум мешавад».

Гуфтаниҳо ба президент

«Раиси ҷумҳур, мамлакате, ки Шумо раҳбарӣ мекунед ва дӯст медоред, ман ҳам ҳамон қадар дӯст медорам. Барояш чӣ қадаре, ки Шумо месӯзед, ман ҳам ҳамон қадар месӯзам. Мегуфтам, биёед як кор кунем: ба ман як миқдор пул, озодӣ ва 5 сол мӯҳлат диҳед. Пас аз 5 сол театри тоҷикро намешиносед. Сатҳашро хеле баланд мебардорем. Фақат иҷозат диҳед, ҳар чизе, ки мехоҳам бимонам ва ҳар касе, ки мехоҳам аз хориҷ даъват кунам ва ҳар ҷашнворае, ки мехоҳам дар Тоҷикистон гузаронам. Фақат як миқдор пул ва ҳайати кории хуб зарур аст…»

Лаҳзаи беҳтарини ҳаёт

«Барои зикри лаҳзаи ҷудогона душворӣ мекашам. Ҳаёт нотакрор аст ва хушбахтам, ки ба ман шонси дидану шунидан, ошиқ шудану дӯстдошта будан, заҳмат кашидану офаридан, фарзанд калон кардан, мафтуни ҳамсари худ будан, иштибоҳ кардан ва эътиқод ба Худованд ато шудааст».

Барзу Абдураззоқов дар театри ба номи Куанышбаева

Андар боби марги худ

«Марги зеботарин бо табассум дар лаб аз дунё рафтан аст. Худоро дӯст медорам, мехоҳам барои чунин ҳаёти муъҷизаофаре, ки бароям дод, ба ӯ изҳори сипос намоям. Ба он нафароне, ки ман вохӯрдам, ҳар он чизе, ки дар ҳаёт дида тавонистам. Ба ин ҳама ба ӯ ташаккур мегӯям. Ба нафарони айни ҳол дар барам буда сипос мегӯям. Зеро ман онҳоро дӯст медоштам ва медорам. Мехоҳам бидонам, ки ба биҳишт меравам? Чун ба биҳишт боварӣ дорам ва мехоҳам он ҷо биравам. Ворид шавам ва пойафзоламро бадар кунам, рӯи сабзаҳои сабзи канори дарёчаи биҳишт биншинам ва бигӯям, ки намоиши ман ба охир расид.

Мехоҳам пушти пардаи театр Худо бо дастаи гул маро пешвоз бигирад ва ба ягон тарабхонаи биҳишт даъватам намояд. Мо биншинем ва ман саволҳои ба худ ҷолибро ба ӯ бидиҳам. Латифаҳои дӯстдоштаамро нақл кунам. Мехоҳам дақиқаҳои охири умрам хуб анҷом ёбад. Намехоҳам бимирам ва ба қалби одамон дард гузорам. Шояд ба касе сухани бад гуфта бошам ва фурсати алвидоъ гуфтану узр пурсидан дошта бошам.

Барзу кист?

Барзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунарпешаҳои машҳури театру кинои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Барзу баъди хатми мактаб дар шӯъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таҳсил намуда онро соли 1980 хатм намудааст. Сипас солҳои 1980-1987 дар шӯъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва (ГИТИС) таҳсилашро давом додааст.

Барзу Абдураззоқов зиёда аз 120 намоишномаҳои гуногунро дар саҳнахои театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия пешкаши тамошобинон намудааст. Яке аз коргардонҳои тозаэҷодкори театр ва ба воқеъияти ҳаёти ҷомеаи муосир мебошад. Соли 2001 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend