fbpx

Депутати асалпарвар: 60 соли зиндагӣ дар иҳотаи қуттиҳои занбӯри асал

Рӯзгори асалпарвари 88 сола дар кӯҳистони ноҳияи Деваштич.


1
1 point

Занбӯрпарварӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 235 000 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст. Нахустин қутиҳои занбӯри асал дар колхозу совхозҳо солҳои 1932-1934 дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Хуҷанд ва Конибодом пайдо шуданд.

Аз ҳаёти занбӯрпарварӣ ва зиндагии асалпарварон имрӯз ба мо Баротов Ҳақбердии 88 сола нақл мекунад.

Депутати занбӯрпарвар

Асалпарвар Баротов Ҳақбердӣ соли 1932 дар деҳаи Ҷанқурғони шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ аз соли 1961 аз касби асалпарварӣ нон мехӯрад. Баротов аз устоди худ Ҷуманазар Холиқназаров, ки ҳоло дар деҳаи Ғазантаракаи ноҳияи Деваштич дар синни 100 зиндагӣ дорад, ҳама нозукиҳои парвариши занбӯри асалро дар замони Шӯравӣ аз худ кардааст. Ӯ ба шарофати асалпарварӣ се маротиба соҳиби автомобил ва медали тилло гардидааст.

“Тайи 60 сол мешавад, ки ман фарзандонамро аз ин касб ном мехӯронам. Ба шарофатии пешаи занбурпарварӣ то ба депутатӣ ҳам расида будем. Дар байни солҳои 1968-1970 аз тоҷикон мо ду касро ба симпозиуми байналмилалии занбурпарварон ба Чехословакия фиристоданд. Онҷо маро гуфтанд, ки аз номи Тоҷикистон шумо баромад мекунед. Оид ба вазъи асалпарварии кишвар баромад кардам ва камбудиҳои соҳаро гуфтам. Пас аз як моҳи симпозиум барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба номи ман 100 зоти занбӯри асал фиристоданд. Аз сад қутти занбӯри асал 50 сар зоти итолёвӣ ва 50 сар зоти мелиттидӣ буд, ки байни кишварҳо 25 сари аз ҳарду зот ҷамъ 50 қуттии занбӯри асал тақсим кардем” – мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ.

Баъд аз ин воқеа замони асалпарварии Баротов оғоз ёфт. Ӯ дар байни ин солҳо 1969-1971 байни мардуми ӯзбек низ ҳамчун аслапарварӣ номӣ маъруф шуд. Ин аст, ки Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ муддати 6 сол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон занбурпарварӣ кард ва дар натиҷа барои қадрдонӣ хизматҳояш ба ӯ унвони “Асалпарвари шоистаи Ӯзбекистон”-ро доданд.

Кор дар совхози асалпарварон

Соли 1974 дар районҳои Ғончӣ, Зафаробод ва Уротеппаи онвақта совхозҳои асалпарварӣ таъсис ёфт. Дар совхози занбӯрпарварии Уротеппа, ки 4 ҳазор қутти занбӯри асал аз зотҳои карпатӣ, итолёвӣ ва мигралка парвариш меёфтанд, онҷо Баротов Ҳақберӣ асалпарвар буд, солона то 74 тонна асал истеҳсол мекарданд. Ин раванди занбӯрпарварӣ, ки ба гуфти Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ 20 сол то барҳам хӯрдани Шӯравӣ давом кард, замони рушди соҳаи асалпарварӣ дар минтақа буд.

“Марҳилаи дигаргунӣ дар сохтори давлат ва иқтисоди бозсозии сохтор дар иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолӣ ва пешравии занбӯрпарварӣ бетаъсир намонд. Дар натиҷа пошхӯрии Шӯравӣ ҳазорҳо оилаҳои занбӯри асали дар шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нобуд шуданд. Инчунин камшавии оилаҳои занбӯри асал ба дараҷаи гардолудшавӣ ва ҳосилнокии зироатҳои асосии дар ҷумҳури парваришёбанда, аз қабили пахта, юнучқа, растаниҳои ҷангалу чарогоҳҳо, сабзавот, дарахту буттаҳои мевадиҳандаи бо ҳашарот гардолудшаванда таъсири манфӣ расонид. Аммо ман 100 қуттии занбӯри асалро бо заҳматҳои зиёд нигоҳ доштам ва марҳала ба марҳала теъдодашонро зиёд кардам”. – нақл мекунад, асалпарвар Баротов.

Асалпарварӣ бо 5 писар

Пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ зиндагӣ барои асалпарварон мушкил шуд. Зеро совхозу колхозҳо аз байн рафт ва заминҳои чарогоҳ байни мардум тақсим шуд, кишти зироатҳои асосӣ низ гуногун шуд. Баъдан Баротов Ҳақбердӣ ҳудуди даҳ сол бо ҳамроҳии устодаш Ҷуманазар Холиқназаров аз соли 1994 то 2004 дар ҳудуди деҳоти кӯҳистони ноҳияи Деваштич асалпарварӣ карданд.

“Имрӯз ҳамроҳи 5 писарам асалпарварӣ мекунем. Бо фарзандонам ҳудуди 500 қуттӣ оилаи занбӯри асалро парвариш мекунем. Ба ҷуз писаронам шогирдони зиёдеро тарбия намудаам, ки ҳудудашон ба 200 нафар мерасад, ки қисми аз онҳо дар Ӯзбекистон асалпарварӣ мекунанд. Дастпарварони ман асосан дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба касби занбӯрпарварӣ машғуланд”. – мегӯяд, асалпарвар Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ.

Ҳоло Баротов дар ҳудуди деҳоти кӯҳистони ноҳияи Деваштич танҳо зиёда аз 200 қутти занбӯри асал, ки дар як қуттии он ҳудуди 70 ҳазор орӯи асал зиндагӣ мекунанд, асалпарварӣ мекунад. Ҳамзамон фарзандонаш дар чарогоҳҳои ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан ба занбурпарварӣ машғуланд.

Занбӯрпарварон аз андозҳо озоданд

Занбӯрпарвар Баротов мегӯяд, ки ҳоло асбобу анҷоми технологӣ барои парвариши асал, ки ӯ истифода мебарад, 20 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Асбобҳои лозимаро барои асалпарвар шогирдонаш дар шаҳри Хуҷанд омода месозанд. Занбӯрпарварон аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо дар кишвар озоданд.

“Имрӯз бо фарзандонам солона аз 4 то 5 тонна асал истеҳсол мекунем. Навъҳои асали истеҳсолмешуда аз пахта, суданка, бед, сада, сафедор, себ ва зардолу мебошанд. Як килограм асали тоза барои аҳолии муқими минтақа, ки онҷо ба асалпарварӣ машғӯланд 30 сомониро ташкил медиҳад. Аммо барои мизоҷони доимӣ 50 сомонӣ мефурӯшем, ки асосан савдогарони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Баъдан онҳо то 80-100 сомонӣ дар бозор килограми асалро ба фурӯш мегузоранд”. – таъкид мекунад, занбӯрпарвар Баротов.

Ба гуфти Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ онҳо вобаста ба мавсим моҳе то ду маротиба аз занбӯрҳо асал мегиранд. Шароити чарогоҳ ва вазъи обу ҳаво барои гирифтани асали тоза хеле нақши муҳим дорад.

Ҳаёт ва хӯроки занбӯрҳо

Хӯроки оруҳо асосан асал, шакар, намак, мармалот ва об мебошад. Аз моҳи октябр то моҳи март занбӯрҳо ба хоби зимистон мераванд. Дар ин муддат занбӯрҳо асал ва мураббои омодакардаро мехӯранд.

Дар мавсими тобистон занбӯрҳо 25 рӯз, дар зимистон 6 моҳ ва дар баҳор 4 моҳ умр мебинанд. Модарзанбӯр пас аз тухм мондан дар муддати 15-17 рӯз ба занбӯр табдил меёбад. Худи модарзанбӯр дар 17 рӯз ба воя расида пас аз 17-20 рӯз ба тухммонӣ шуруъ мекунад. Ӯ дар давоми ҳаёташ ду маротиба ба берун мебарояд, якум барои шиносои бо муҳити зист ва дувум барои бордоршавӣ. Аз 100 то 200 тухм мегузорад. Оилаи занбӯрҳо аз занбӯрҳои корӣ, шоҳзанбӯр ва занбӯри нар иборатанд.

Ҳоло Ҳоҷӣ Ҳақбердӣ ҳафтаҳоро тани танҳо дар домани кӯҳистон ба парвариши занбӯри асал сипарӣ мекунад. Фарзандон моҳе як-ду маротиба барои гирифтани асал назди падар меоянд. Мардуми маҳаллӣ низ бо Баротов дӯстӣ пайдо кардаанд ва барои дидорбинӣ ва хариди асал ба пеши ӯ зуд-зуд меоянд.

Нуралӣ Карим


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend