Бахтиёр Сафаров 17 сол боз дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Ӯ бо як ташаббуси экологӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта гардид. Бахтиёр тариқи як навор дар саҳифаи Instagram ба ҳамватанони худ пешниҳод кард, ки бар ивази подоши пулӣ кӯчаҳои шаҳру деҳот ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза кунанд.
Корбарони зиёд иқдоми ҷавони тоҷикро дар Тоҷикистон ва берун аз он дастгирӣ карда, ба тоза кардани муҳити зисти худ машғул шуданд. Зиёда аз ду ҳафта аст, ки ба Бахтиёр зиёдтар аз 200 аксу наворҳои ҷамъоварии партовро мефиристанд.
Муаллифи Your.tj бо Бахтиёр Сафаров дар бораи пайдоиши идеяи челленҷи экологӣ ва ҳадафи он, зарурияти муносибати дуруст бо партов ва дар муҳоҷират худро бо роҳи нек муаррифӣ кардан суҳбат орост.
Дар талоши кори хайр
Бахтиёр Сафаров дар шаҳри Москва мағоза дорад ва бо кори савдо машғул аст. Ӯ мегӯяд, шахси доро нест ва ҳоло наметавонад, ки аз ҳисоби худ роҳ созад, ё биное бунёд кунад. Аз ин рӯ, бисёр андеша дошт, чӣ гуна кори хайре кунад, ки ба дигарон низ фоида оварад.
“Фикр кардам, ки имрӯз масъалаи тозагии гирду атроф доғи рӯз аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки тозагӣ барои мусалмон суннат аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, видео сабт намуда, дар он аз ҳамватанон хоҳиш кунам, ки дар тозагии маҳалли зисти худ саҳм гузоранд.
Аз қади кӯчаву ҷӯйборҳо партов ҷамъ карда, кори худро аксу навор гиранду ба вотсапи ман фиристанд. Бар ивази он ба ҳар халтаи партови ҷамъкардаашон 30 сомонӣ медиҳам”, – дар навори аввалӣ гуфт Бахтиёр.
“Тозагии гирду атроф бароям кайфият мебахшад”
Челленҷи оғозкардаи ҷавони муҳоҷири корӣ дар Тоҷикистон зуд паҳн шуд. Бештар наврасону ҷавонон иқдоми ӯро хуш қабул карда, аз пайи тоза кардани маҳалли зисти худ шуданд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Бачаҳо аз дарс омада, назди маҳалли худро аз партов тоза мекунанд. Ин кори хуб аст, бадие надорад. Вақте худам ҷоеро тоза мекунам, аз ин кайфият мебарам. Онҳо ҳам бояд дарк кунанд, ки дар тозагии ҷомеа ҳама уҳдадор аст.
Вақте ба бачаҳо бар ивази ҷамъоварии партов аз кисаам пули мефиристам, хурсанд шуда, яхмос, ширинӣ ва дигар хӯрданӣ мехаранд. Замоне мо низ хурд будем ва маҳз чизҳои хурд моро хурсанд мекард”,- иброз дошт Бахтиёр Сафаров.
Аслан, чаро бар ивази пул бояд партов ҷамъ кунем? Ба ин савол ҳамсуҳбати мо чунин посух медиҳад:
“Ин ба кӯдакону наврасон ҳавасангез аст. Вақте хурд будем, ба бибиам мегуфтам, ки барои хӯрдан ширу ҷурғот диҳад. Албатта, ӯ бароям инро медод, лекин аввал мегуфт, ки алаф даравида биёр. Кӯшиш мекардам, ки саҳар хеста, алаф орам”.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Маъруф шудани челленҷи экологӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он
Бахтиёр то ин ҳад бовар надошт, ки иқдоми пеш гирифтааш таваҷҷуҳи одамони зиёдеро ҷалб мекунад. Бегумон, намедонист, ки чунин челленҷи экологиро низ бори аввал маҳз ӯ ба роҳ монд.
Бесабаб ҳам нест, ки ҳатто дар шабакаи телевизионии Русия ӯро ҳамчун муҳоҷире, ки дар зодгоҳ тозагии муҳити зистро таблиғ мекунад, муаррифӣ намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ташаббуси ҷавони тоҷик хайрхоҳона баҳо дода, барояш таҳсин хонданд.
Зимнан, чанде аз одамон ба ӯ пешниҳоди сармоягузорӣ карданд, то ин ташаббусро дар доираи васеътар амалӣ намояд. Аммо ӯ рад кард. Дар 10 рӯзи охир ба ҳамватаноне, ки ҷойи зисти худро аз пасмондаҳо тоза карданд, аз киссааш 35 ҳазор рубл тақдим намудааст.
Имрӯз ба Бахтиёр беш аз 200 аксу навор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳатто кишварҳои Корея, Туркия ва ИМА равон кардаанд.
“Агар дастгирӣ шавад, коргоҳи коркарди партов таъсис медиҳем”
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар Тоҷикистон таъсис додани коргоҳи коркарди партов кори хеле саривақтиву зарурист. Аммо вай ҳоло чунин имкон надорад. Агар аз ягон ҷониб ғояаш дастгирӣ ёбад, коргоҳе фаъол сохта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Партов чи дар дар шаҳру чи дар деҳот зиёд аст. Агар коргоҳе фаъол кунем, бачаҳои бекорро ба кор ҷалб месозем. Коркарди партовҳоро ба роҳ монда, аз он қубурҳо ва ё ягон маҳсулоти зарурӣ истеҳсол мекунем”, – ният дорад ҷавони муҳоҷир.
“Қуттии партовро тоза кардам ягон ҷоям кам нашуд!”
Бахтиёр низ ҳамчун сокини шаҳри Москва ба тозагии гирду атрофи он бетаваҷҷуҳ нест. Рӯзе ӯ дар як майдончаи кӯдакон бонуи русеро дид, ки салфеткаро баъд аз корбурд ба замин партофт.
Ӯ онро бардошта, ба қуттии партов партофт. Зан амали ҷавони тоҷикро дида, зери бори хиҷолат монд. Аз кори кардааш пушаймон шуд. Ҳатто аз Бахтиёр узр пурсида гуфт, ки дигар такрор намекунад.
“Ман дӯстони рус бисёр дорам. Дар Москва низ бархеҳо партовро ба қуттии холӣ напартофта, дар гирди он мепартоянд. Вақте чунин ҳолатро мебинам, бе ягон фикр аз гирду атрофи қуттӣ патовро бардошта, ба он меандозам.
Барои ман фарқ надорад, ки ин ҷо куҷост. Ба фикри ман, дар ҳар куҷое бошем фикри покизагиро бояд кунем. Ифлосӣ дар ҳама ҷо ва ба ҳама зарар мерасонад, аз ҷумла ба саломатии кӯдакон”, – илова кард қаҳрамони мо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ӯ ба онҳое, ки ин амали некро танқид мекунанд ва партовҷамъкуниро кори номуносиб медонанд, ҷавоби қатъӣ дорад.
“Ростӣ, партовгоҳро тоза кардам, ягон ҷоям кам нашуд! Мо кӣ будани тоҷикро ба таври мусбат бояд нишон диҳем. Русҳо маро дида, ташаккур мегӯянд. Баъд аз расонаӣ шудани челленҷи ман баъзе дӯстони рус дар паёмрасонӣ навиштанд:
“Одамон миллиардҳо доллар сарф мекунанд, то машҳур шаванд. Аммо ту танҳо бо кори хайр ва тозагиро интихоб кардан номатро миёни мардуми Русия ба некӣ муаррифӣ сохтӣ”, – нақл кард Бахтиёр.
Кор аз овони кӯдакӣ
Тавре Бахтиёр Сафаров қисса кард, зиндагии сахт кӯдакиашро аз вай рабуда буд. Ӯ аз синни 13-солагӣ ба меҳнати ҷисмонӣ шуруъ кард. Дар бозори “Сомон”-и маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт кори савдоро омӯхт.
“Дар соли 2009, ки ҳамагӣ 17-сола будам, ба Русия омадам ва дар сохтмон кор кардам. Новобаста ба он ки махсусияти кори сохтмонро намефаҳмидам, ду сол кор кардам. Вазъият дар ғарибӣ мушкил буд ва ҳаст. Ҳолате шуда буд, ки маро аз хона (квартира) бароварданд. Шабро дар кӯча (подъезд) рӯз мекардам. Таги пойафзолам сӯрох дошт, об медаромад. Баъзан аз назди қутти партов ғизо ёфта мехӯрдам”, – ғамангезона нақл кард Бахтиёр.
“То ғариб нашавӣ, азоби онҳоро нафаҳмӣ!”
Рӯзе ӯ дар назди хиёбони Сулҳи Москва (Московская Соборная Мечеть) бо як озарбойҷонӣ вохӯрд. Вай ҷавони тоҷикро ба кор қабул кард, чунки забони русиро медонист.
“Кор ин буд, ки дар дискҳо филму мусиқӣ сабт мекардем. Дар мағозаи назди масҷиди “Ярдям”, ки дар ноҳия Отрадное воқеъ аст, ҳашт сол ҳамчун фурӯшанда кор кардам. Пул ҷамъ карда, мағозаи хурди худро кушодам.
Соли 2015 ба Тоҷикистон рафтам ва ду сол дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ адои хизмат кардам. Боз ба Русия баргаштам ва тиҷорати худро давом додам”, – гуфт қаҳрамони мо.
Вай ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки ба таври воқеӣ хонанд ва касбу ҳунар омӯзанд.
“Азоби ғарибонро намефаҳмед, то вақте ки худ ғариб нашавед. Зиндагӣ дар ғарибӣ осон нест. Аз Ватан дур шавед, аз падару модар, оила ва фарзанд ҳам дур мешавед. Чеҳраи азизи онҳоро сахт пазмон мемонед. Таҳаммули ин дурӣ душвор аст”,- гуфт ӯ дар охир.
Файзуллохон Обидов, Your.tj