Википедияи тоҷикӣ нусхаи тоҷикии Википедия аст, ки таърихи 27-уми январи сли 2004 таъсис ёфтааст. То ин замон он дорои беш аз 109 ҳазор мақолот буда, 6 мудир, 74 корбари фаъол ва зиёд аз 39 ҳазор корбари сабтиномшуда дорад. Гуфта мешавад, ки дар миёни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ википедияи тоҷикӣ пас аз қазоқию ӯзбекӣ мақоми сеюмро касб мекунад. Дар маҷмӯъ, имрӯз википедияи тоҷикӣ дар зинаи 69-ум қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони интернет изҳори нигаронӣ мекунанд, ки аз Википедияи тоҷикӣ маводи заруриро бо забони тоҷикӣ пайдо кардан душвор аст. Аз ин рӯ, дар абзорҳои ҷусторӣ бештар бо дигар забонҳо, махсусан, русию англисӣ мавод меҷӯянд. Муаллифи Your.tj бо чанд тан аз мудирон ва корбарони Википедияи тоҷикӣ ва забоншиносон дар хусуси вазъ ва дурнамои Википедияи тоҷикӣ суҳбат кард.
Масъалаи хат, камчинии маводи илмии тоҷикӣ ва набудани корбарони фаъол
Дустмурод Саид яке аз мудирони фаъоли Википедияи тоҷикӣ мебошад. Ӯ дар мавриди вазъи Википедияи тоҷикӣ ва роҳҳои беҳтар кардани он назари хос дорад. Ба андешаи вай, агар донандагони хати имрӯзаи забони тоҷикӣ зиёд бошанд, пас Википедия хеле мукаммалтар аз дигар забонҳо хоҳад буд.
Мутассифона, донандагони забони тоҷикӣ бо хатти кирилӣ дар қиёс бо дигар забонҳо чандон зиёд нестанд, онҳо тоҷикони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Тоҷикони Афғонистон вироишоташонро (тасҳеҳ) дар бахши Википедияи форсӣ анҷом медиҳанд.
“Маводи илмии тоҷикӣ дар интернет бениҳоят кам аст. Аксари мақолаҳои дар вебгоҳҳо нашршуда, ба талабот ва шароити Википедия мувофиқ нест ва дар сурати корбурди онҳо бинобар исботпазир ва қобили эътимод набудан, аз ҷониби мудирон дарҳол ҳазф мешаванд.
Мутаасифона, бештари корбароне, ки дар Википедияи тоҷикӣ мақола эҷод мекунанд, забонҳои барноманависӣ ва забони “вики”-ро намедонад. Аз ин лиҳоз, мақолаҳо бо сифати паст, бидуни шаблону модулҳо ба Википедия гузошта мешаванд. Дар аксар ҳолат корбарони фаъол ва огоҳ вақти зиёдро сарфи ислоҳи вироишҳои онҳо мекунанд”,- афзуд Дустмурод Саид.
Чанд роҳи ҳавасмандсозии корбарони Википедия
Фаъолият дар Википедия озод аст. Барои ин фаъолият пардохт ё музди муайяне вуҷуд надорад. Чунин меёър дар бештарини кишварҳо ҷо дорад. Сарфи назар аз ин, дар дигар забонҳои Википедия корбарони фаъол зиёданд.
Дустмурод Саид мегӯяд, ки муҳимтарин ва ягона ангеза барои корбарони навкор, завқу хоҳиш ва ҳисси кунҷковӣ, эҳсосоти муфид будан, ҳисси ҳуввиятёбӣ дар ҷомеаи Википедия ва эътироф шудани викинависон аз ҷониби корбарон мебошад.
“Баргузор намудани вики-вохӯриҳо дар миёни ҷомеаи викинависон боис мешавад, ки завқи корбарони Википедия ва табодули таҷриба байни онҳо афзояд. Таҷрибаи гузаронидани чунин вохӯриҳо дар дигар кишварҳо зиёд аст. Масалан, таъсис ва пешниҳод шудани “Ҷоизаи Рунет” боиси пешрафт ва ҳавасмандии корбарону дастандаркорони Википедияи русӣ гардидааст. Агар дар Тоҷикистон низ вохӯриҳои викинависон сурат гирад, хеле хуб мешавад.
Вақте дар ин кор муассиаҳо ва донишгоҳҳо мусоидат мекунанд, навкорони Википедия чӣ тавр бо истифода аз сарчашмаҳои муътабар навиштани мақолаҳои донишномаиро аз худ менамоянд. Ё шояд идораҳои марбут ба интернету ВАО ҷоизаеро ба монанди “Ҷоизаи Рунет” бо дарназардошти мавҷуд будани вебгоҳи донишномаии бузурге бо номи Википедияи тоҷикӣ ба роҳ мемонд”,- пешниҳод дорад мудири викинависони тоҷик.
Сабабҳои рушд накардани бахши тоҷикии Википедия
Иброҳим Рустамов яке аз ташкилкунандагони Википедия аст, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад. Ӯ дар солҳои 2004 – 2005 бо ҳамроҳии шогирдон барои ғанӣ шудани Донишномаи тоҷикӣ саҳми сазовор гузоштааст. Имрӯз низ ӯ дар фикри беш аз пеш фаъол ва мукаммал кардани Википедияи тоҷикӣ мебошад. Мавсуф нархи баланд ва суръати сусти интернетро низ аз ду сабаби муҳиме медонад, ки барои ғанӣ шудани Википедия монеа пеш меорад.
“Мутаассифона, дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон барои рӯҳбаланд кардани хонандагону донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар эҷоди мақола ва тарҷумаи саҳифҳои донишнома аз забонҳои дигар чораандешӣ намекунанд.
Баръакс, дар донишгоҳу макотиби кишварҳои пешрафта устодон ва шогирдонашон маҳфилҳои гуногун доранд ва бо Бунёди Викимедия бевосита ҳамкорӣ мекунанд. Дар анҷумани солонаи Википедия ва лоиҳаҳои Викимедиа иштирок карда, аз рӯи ихтисосҳояшон мақолаҳо эҷод намуда, ба донишнома ройгон нашр менамоянд. Аслан, малакаҳои навро фаро нагирифтани барномаҳои таълимӣ ва давом наёфтани такмили ихтисоси омӯзгорон аз фанновариҳои охирин низ таъсир дорад, то Донишнома ва дигар соҳаҳо рушд наёбад”,- шарҳ дод Иброҳим Рустамов.
Ӯ гуфт, ки президенти Тоҷикистон низ дар як вохӯрӣ пуштибонӣ карда буд, ки ҷавонон ҳарчӣ бештар Википедияи тоҷикиро фаъол кунанд ва барои рушди он замина фароҳам оварда шавад. Аммо тавре ҳис мешавад, то имрӯз Википедияи тоҷикӣ ба таваҷҷуҳи хос ва барномаҳои нав ниёз дорад.
“Ба бахши форсӣ такя намоем”…
Баҳриддин Алавӣ забоншинос ва тарҷумони шинохта дар хусуси рушд кардани Википедияи тоҷикӣ пешниҳод дорад, ки бояд ба Википедияи форсӣ такя шавад. Дар интернет имконияти баргардон кардан аз хатти форсӣ ба хатти кириллӣ вуҷуд дорад. Матни тайёри баргардоншударо як нафар таҳрир мекунад ва як маводи хушсифат барои Википиедияи тоҷикӣ омода мешавад.
“Дар Википедияи форсӣ мавод хеле зиёд аст. Мебояд, ки онҳоро аз хатти форсӣ ба хатти кириллӣ баргардон кунем. Калимаҳои душворфаҳме, ки эрониён дар ин манбаъҳо истифода мекунанд, аммо барои тоҷикон фаҳмо нест, онро бо вожаҳои тоҷикӣ метавон иваз кард.
Мутаассифона, имрӯз дар кишвар мутахассиси кам дорем, ки аз хатти форсӣ ва ё аз дигар забонҳо ба тоҷикӣ тарҷумаи хушсифат крда тавонанд”,- изҳор дошт Баҳриддин Алавӣ.
Ҷавонон: “Барои Википедияи тоҷикӣ менависем, агар…”
Забоншинос Умед Ҷайҳонӣ ба ин назар аст, ки аз ҳисоби ҷавонон нафаре нест, ки Википедияро рушд диҳад, яъне барояш мақола бинависад.
“Чаро Шумо (муаллифи матлаб дар назар аст) дар бораи рӯзноманигорӣ мақола наменависед? Агар ба ин суол посух додед, ҷавоби пурсишатонро ҳам хоҳед ёфт. Ман бисёр навиштаву вироиш кардаам. Акнун шумо – ҷавонон нависед”,- таъкид дошт ӯ.
Зимнан, олими ҷавон Ризо Баҳромзод дар кори випипедиянависӣ аз набудани ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ гуфт. Ба андешаи ӯ, агар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо мақолаҳои википедиявиро дар ҳисоботи кормандон қабул кунанд, ҳар ходими илмӣ ва ё омӯзгор ҳавасманд мешавад, то дар навиштан ва такмили мақолаҳо ёрӣ расонад.
Ҳамзамон, рӯзноманигори ҷавон Неъмат Салимзода афзуд, ки чанде пеш худро ба ҳайси корбари Википедияи тоҷикӣ ба қайд гирифт, аммо дар ҷойгир кардани мавод ба мушкилӣ дучор шуд. Яъне, барои ӯ душвор буд, то маводашро дар Википедия ҷо кунад. Ба андешаи вай, истифодабарии панелҳо ва функсияҳои Википедия он қадар сода нест.
Дар ин хусус Дустмурод Саид, мудири Википедияи тоҷикӣ илова кард, ки хеле соҳибзабонон намедонанд, ки вироиш дар Википедия озод аст.
Чаро Википедияи тоҷикӣ аз дигар бахшҳои забонии Википедия қафомонда асту дар ҷои 69-ум қарор дорад, чанд иллат дорад. Яке аз онҳо ҳамин аст, ки мутахассисони ҷавони ҳар соҳа ба ин Донишнома маводе намеафзоянд.
“Дар асл забони “вики” содаву фаҳмо аст, мебояд каме аз қонунҳои забони барномарезӣ огоҳ бошем. Агар ягон мушкилӣ ё нофаҳмие дар мавриди вироиши мақола дар Википедия пайдо шуд, муроҷиат кунед, то қадри тавон кӯмак мекунам”,- иброз дошт Дустмурод Саид.
Файзуллохон Обидов