Зимни мулоқоти навбатӣ, ки 14-уми июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон доир гардид, ҷонибҳо барои эҳёи муносибатҳои дӯстона ибрози омодагӣ кардаанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъ, ҳайати вилояти Суғдро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодканди Қирғизистонро намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намуданд.
Инчунин, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ низ дар мулоқот иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, тарафҳо аз фаъолияти гуруҳи корӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
“Таъкид гардид, ки ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”,- менависад манбаъ.
Ҳамчунин, масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна яроқ низ баррасӣ шуда, тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд.
“Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд”,- зикр мешавад дар хабар.
Дар охир аз рӯи натиҷаи мулоқоти протокол низ ба имзо расидааст, аммо тафсилоташ дастрас нест.
Пас аз ду муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 Қирғизистон марзҳояшро ба Тоҷикистон баст. Робитаҳо ба сардӣ печид ва додугирифт низ ба сатҳи поинтарин расид.
Муноқишаҳо дар марзи ду кишвар борҳо боис ба кушта шудани даҳҳо нафар ва тахриби биноҳои маъмуриву истиқоматӣ шуд. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани низоъ гунаҳкор мекунанд.
Ҷанҷол бар сари таъйини беш аз 300 километр хати сарҳад аст, ки то ҳол муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд.