fbpx

Оташбасро пайваста вайрон мекунанд. Қирғизистон аз техникаҳои вазнини ҷангӣ истифода мебарад

Сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд


-2
-2 points

Бо вуҷуди мувофиқаи оташбаси навбатии ҷонибҳо, ки соати 19:00 – и имрӯз ба амал омад, вазъият дар хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад. Зеро марзбонони Қирғизистон ҳар лаҳза шарту талаботҳоро вайрон карда, ба тарафи сарҳади Тоҷикистон оташ мекушоянд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.

Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.

«Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», — омадааст дар иттилоия.

Аз замони оғози ҳуҷуми марзбонони Қирғизистон ба сарҳади Тоҷикистон чандин маротиба ҳолати вайрон кардани талаботи оташбас аз ҷониби низомиёни қирғиз ба амал омад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14 – уми сентябр ба деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон низомиёни Қирғизистон оташкушоӣ карданд, ки дар натиҷа аз ҷониби Тоҷикистон ду кас кушта ва 11 нафар захмдор шуд. Баъди оташбаси якрӯза субҳи 16 – уми сентябр марзбонони қирғиз ба тирпарронии дубора оғоз карданд.

Ҳамин тариқ бо оташбасҳои муваққатӣ, ки аз ҷониби Қирғизистон вайрон карда мешавад, даргириҳо рӯзи 17 – уми сентябр ҳам идома ёфтанд ва дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтанд. Дар бораи захмиён ва қурбониёни муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон маълумоти расмӣ мавҷуд нест. Радиои “Озодӣ” бо такя ба иттилои манбаъҳояш шумораи қурбониёни Тоҷикистонро 39 нафар эълон доштааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
7
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
9
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend