fbpx

Қурбони Собир: Ҳоло орзуву нияти ба Амрико рафтан дорам

Ҳунарманди маъруф ба Your.tj аз ҳаёт ва фаъолияти 60 солаи худ қисса кард.


0
Қурбони Собир
Қурбони Собир

Агар гӯем, ҳунармандони хуб надорем, куфрони неъмат мешавад. Ҳунармандони хуби мо зиёданд. Аммо коргардонӣ кори дигарест, вазнинтар. Пешаи коргардонӣ металабад, ки тасаввуроти ӯ аз Лоиқу Бозор кам набошад. Яъне, ҷаҳонбинии хеле васеъро металабад...

Мусоҳиба-лавҳаи муаллифи Your.tj Меҳрофарин Наҷевуллоевро бо ҳунарманди маъруф Қурбони Собир пешкаши Шумо мегардонем.

Қурбони Cобир – як мӯъҷизаи театрӣ

– Ӯ дар филмҳои қазоқиву ӯзбекӣ ва ҳатто русӣ бо забону лафзи модарӣ ҳунарофарӣ мекунад.

– Чӣ тавр? Тахайюл! Магарам забони тоҷикӣ дар филмҳои хориҷӣ истифода мешавад?!

– Муҳим санъати ҳунарии ӯст! Муҳим он аст, ки ӯ бо забони дигар ҳунари дигарро меофарад, чун бар кам касон он дастёб аст. Ин гунаҳоро ҳадяи Худо медонанд ва бар Истеъдоди онон арҷ мегузоранд!

Ва номашро бо ҳуруфи калон менависанд: Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҚУРБОНИ СОБИР!

Ҳоло ҷавонем…

Ӯро дар гардиши назди хонааш пайдо намудам. Бо либосҳои оддӣ. Бо лабханд. Бо самимият. Баъди ҳолпурсие гуфтам:

– Устод, 60-солагии Шуморо касе қабул надорад. Мегӯянд, «Қурбони Собир 60-сола шуд? Не – е! Чӣ хел? Ӯ ҳоло ҷавон аст!».

– Лутф доранд, дӯстон, – механдад ӯ, – мо ҳоло ҷавонем…

Манзили мурод: бӯи Фирдавсиву Мавлавӣ

Хонаи Қурбони Собир. Хонае, ки чандин сари сол дар он ҷо зиндагӣ карда, чандин баҳор, чандин милод, чандин Наврӯзро пешвоз гирифта. Ва чандин зимистонҳоеро пушти сар гузоштааст. Хонае, ки аз он бӯи Фирдавсиву Мавлавӣ бархеста ва димоғҳоро муаттар, ақлҳоро мунаввар ва қалбҳоро мусаххар кардааст. Ва ин ду шоҳасар дар рӯи миз: «Шоҳнома» ва «Маснавӣ…».

ОВОЗИ Ӯ: – Ҳоло бар болои “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ кор мебарам ва бар пояи эҳсосоти аввалин хонданам ва имрӯз андешаҳоямро китобат дорам. Мехоҳам ҳамон тазодҳо ва маҳбубиятҳое, ки дар аввалин хонданам бардоштаву ҷое бо Бобои Фирдавсӣ зид будам ва гоҳо ошиқи нигоштаҳояш, бинависам.

– Аммо дар баробари “Шоҳнома” “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ ҳам дар ҳаёти Шумо басо таъсиргузор буда…

– Бале, китоби насрии “Маснавии маънавӣ” – и Бобои Мавлоно, – ӯ китобро ба даст мегирад, – ҳама вақт дар портфелу дар канори ман ва назмии он дар пеши китобхонаи ман буду ҳаст. Замоне, ки мо “Юсуфи гумгашта” – ро бо устоди шодравон Фаррухи Қосим ба саҳнаи театр гузоштем, “Маснавии маънавӣ” бо ман гиреҳи сахт хӯрд ва солҳои мадид мешавад, ки ба такрор мехонаму панди наву ҳикмати ҷадиде мебардорам.

МЕГӮЯНД, нишасту бархосте нест, ки Қурбони Собир бидуни як ҳикояи «Маснавӣ…» ҷамъбаст карда бошад. Ҳатто ӯ ҳар ахири дарси худро дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг бо панде аз Мавлоно ба анҷом мерасонад, ки билофосила аст ва он гуна ки равандаш пайдо мекунад, дар як нимсола як дафтари “Маснавӣ…” ва дар шаш нимсола кулли китоб ба итмом мерасад.

Гулгашти ашъор

– Падару модари мо инсонҳои оддӣ ва деҳқонони хокпош буданд. Бо китобу қаламу дафтар пайванди зич надоштанд. Аммо оилаи фарҳангӣ будем ва мо дар муҳите ба воя расидем, ки шеъру суруду мусиқӣ танинандоз буд.

Бародари бузургии ман тавоноии навозандагии хуб дошт ва ҳамаи асбобҳои мусиқиро бо як маҳорати хос менавохт. Бародари дигарам низ ҳамин тавр, доираро хело хуб мезад ва мо ӯро доирачии хонавода мегуфтем. Дар пайравии ҳаминҳо ман ҳам ба омӯзишу навозиши асбобҳои мусиқӣ пардохтам ва, аллакай, дар овони мактабхонӣ ҳамаи асбобҳои торӣ, ва ҳатто истифодаи ғижжаку акардионро ёд гирифтам.

Ҳамин муҳит – муҳите пур аз шеъру суруду базм ва қиссаву ҳикояву достон моро бар камол расонид ва як бурде, ки маро сӯи ҳунар бурд, шояд ҳамин муҳит буд…

– Пас, ҳамин муҳити шеъру оҳангу мусиқӣ буд, ки Шуморо ба шеърнависӣ оварда расонид?

Ӯ механдад: – Намедонам Шумо аз куҷо огаҳ шудед…

…Дар ҳаёти инсон баъзан ҳодисоте рух медиҳанд, ки одамро ба андеша мебарад ва саволҳои зиёдро пайдо мекунад. Дар ангораи худ ва махсусан дар синну соли бачагиву ҷавонӣ ҳар чиро мечархонӣ. Бале, ин андешаҳо замоне маро ба шеърнависӣ бурд, ки шеърҳои ҷавононаву кӯдакона буданд…

Лек, ҳама вақт ҳикояҳои кӯтоҳ менавиштаму менависам. Баъзан ҳодисаҳоеро мебинӣ, андешаҳое дар сар чарх мезананд, ки бо 10 ҷумлаи дарозу кӯтоҳ рӯи варақ меоянд ва мазмунеро дар бар мегиранд, ки кас шод мешавад.

– Аммо, сабки Шуморо бо тахаллуси байни дӯстон – Одилҷон, “сабки одилия” номидаанд. Ин чӣ сабке буд?

– Ин лутфи дӯстон ва махсусан дӯсту бародари қадрдонам Ортиқи Қодир аст. Ҳеҷ сабке нест ва мо байни худ ҳамдигарро Одилҷон мегӯем.

Вале чуноне ки гуфтем, мақолаву ҳикояҳо менависам ва ҳатто, Худоро шукр, дар бойгониам 2 повести нав ҳам дорам, ки ба ғайр аз чанд нафар шогирдон дигар касе нахондааст.

– Дар зимн, дар баробари он ки Шумо ҳунар, истеъдод ва қалами хуб доред, қироати хуби шеърӣ зам гардида. Ба пиндори Шумо таъсири шеър бар матн аст ва ё дар қироаткунандаи он?

– Бар интихоби шеър аст. Шоирон бисёранд ва шеърҳои хуб ҳам кам нестанд. Аммо интихоби шеър муҳим аст. Боястӣ аз беҳтаринҳо беҳтаринро бигирӣ. Бояд шеъреро бигирӣ, ки аввал бар қалби худат ҷой бигирад ва ҳамон вақт интихобат дуруст аст, яқин кардӣ, ки дар қалби ҳар шунаванда маскангир мешавад. Яъне, танҳо худ ва писанди худро не, шунавандаро ҳам бубин, ки чӣ мехоҳад.

Фаразан, шеъри “Модар фаришта буд” – ро чанд сол пеш дар ҳамин айёми Наврӯзӣ бори аввал дар телевизион қироат карда будам ва баъди он ба зудӣ байни ҳофизону ровиён паҳн шуд, хеле маънии баланд дошт ва қобили фаҳми ҳар гуна шунаванда ҳам буд.

Ва ё баъди қироати шеъри “Падаре бар писаре гуфт ба қаҳр…”, ки аслан моли шоири эронӣ Фаридуни Муширӣ (Худованд биёмурзадаш!) буд, борҳо бар ман занг задаанду ин шеърро хостаанд, ки гӯиё навиштаи ман бошад, аммо шеъри ман набуду интихоби ман буд. Лекин маълум, хеле таъсир гузоштаву бар дилҳо ҷой гирифтааст ва ман яқин пайдо кардам, ки ин интихоб ва ҳама интихобҳои ман дуруст буда.

Ниҳонхонаи ҳунар

– Ҳунар ба ақидаи Қурбони Собир чист ва ҳунарманд кист?

– Ҳунари театрӣ, исбот шудааст, ки анқариб баробари инсоният таърих дорад. Пояи Ҳоливуду Боливуди имрӯзаро, ки дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд, дар давраи Сафоклу Эврипид ва ҳатто аз ин ҳам пеш гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорҳо нафар дастаҷамъона ба сӯи театр меомаданду зиндагии бузурги худро дар як чаҳорчӯбаи хурд медиданд ва аз асли ҳаёти хеш огаҳӣ меёфтанд, механдиданд, мегиристанд, фарёд мезаданд ва баъдан ҳаёти худро бар ҷодаи рости инсонӣ мекашиданд.

Меравем то равшантар ба суоли Шумо ҷавоб бидиҳем: ҳунар ана ҳамон ҳаёти саҳнавии 5-ҳазор сол пеш аст, ҳамонест, ки хубиву бадии зиндагии воқеиро дар як доираи кӯчак боз бар худи инсон нишон медиҳад, то Инсон бимонад ва инсонвор кӯлвори зиндагии худро бикашад, ки дар ҷое аз касе шарм надорад.

– Пас чунин хулоса кунем, ки инсони комил – ҳунарманди асил аст, дуруст бошад…?

– Бале. То ҷое чунин гуфтан дуруст аст, аммо барои инсони асил – ҳунарманди асил шудан, бояд хело заҳмат кашид. Агар дар ин роҳ як зарра ҳам муваффақ шавед, гарчанде роҳнамои дигарон ҳам нагардед, зиндагии худро лазиз кардан кифояткунанда аст ва агар роҳнамои дигарон гардед, нур бар болои нур аст.

– Актёри писандидаатон?

– Ато Муҳаммадҷонов.

– Беҳтарин коргардоне, ки бо ӯ кор кардаед?

– Фаррухи Қосим.

– Ва писандидатарин нақш барои худи Шумо?

– Юсуф аз “Юсуфи гумгашта…”.

– Ақидаҳост, ки «маҳорати ҳунарии Қурбони Собир аз саҳнаи «Аҳорун» ба мардум муаррифӣ шуд». Аз таърихчаи он мегуфтед?

– Дуруст аст. Имрӯз банда агар ҳунаре, истеъдоде, маҳорату малака, фаросату нафосате дошта бошам, хидмату заҳмати устоди зиндаёд Фаррухи Қосим аст.

Роҳ ва системаи комилан нави устод Фаррухи Қосим ба ташкили театри ҷадид заминагузорӣ кард, ки вулқоне буд байни ҳунармандоне чун Барзу Абдураззоқов, Давлат Убайдуллоев, Шавқат Халилов, Мирзоватан Миров, Тоҳир Баҳромов ва чанде дигар, ки ба майдони коргардонӣ бо шадидият ворид шуда буданд. Рақобати солими онон аз нимаҳои солҳои 80-ум оғоз ёфта, аллакай дар аввали соли 90-ум бор дод. Рӯзи аввали соли 1990 Театри давлатии тамошобини ҷавон – “Аҳорун” дар назди Ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва аввалин театри роҳи хос доштаи ҳам ҳукумати пойтахт ва ҳам кишвар ва ҳатто берун аз он буд.

– Муваффақияти Фаррухи Қосим аз ин байн пас чӣ буд?

– Система ё худ ҳамон усули зикру само – ашъори ирфонии адабиёти классикии мо, ки равона мешавад ба сӯи осмон ва Худо – аз Фаррухи Қосим, ки аввалин бор дар таърихи фарҳангии чи кишвари мо ва чи мамлакатҳои ҳамсояву ҳамзабон бар саҳнаи театр кашида мешуд, ба тафаккури халқу миллати мо созгорӣ мекард. Ва сабаби дар андак муддат номвар шудани театри Фаррухи Қосим низ моли худро, адабиёту санъати худро бо усули комилан ҷадид истифода бурдан буду ҳаст.

– Ҳамзамон, ба ин монанд иқтибоси дигаре ҳам ҳаст, ки «рашки театрҳои Осиёи Миёнаро театри «Аҳорун» бедор кард»…

– Сад дар сад! Ман кунун мебинам, ҷавонон чӣ қадр дар саҳнаи театри имрӯзи мо медурахшанд, чӣ қадр мафтуну шайдои касби худ ҳастанд, хело болидахотир мешавам ва дар ангораҳо ҳамон ҷавониву ҳамон фидокориҳои худу насли худро, ба мисли Абдулмумин Шарифӣ, Саодат Азизова, Сабоҳат Қосимова, Нозими Мелик, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев, Сӯҳроб Ҷанҷолов, Қамариддин Мирзоев ва афроде ба мислашон, дар саҳафоти сар варақ мезанам ва меандешам, мо чи қадар медурахшидем, чи андоза рашки ҳунармандону коргадонони бурунмарзиро меангезидем, чи миқдор рӯҳияи ҳунарманду миллати худро боло мебурдем.

Дар оғози фаъолият ҳамон намоиши “Юсуфи гумгашта…” – и устод Фаррухи Қосим, ки то ҳол нишоне аз филми маъруфи “Юсуфи паёмбар” – и Эрон набуд, бисёр марзҳоро убур кард ва бар қулуби басо ашхос маскан зад, ки воқеан муаррифигари фарҳангу адабиёти нотакрори ирфонии мо буд. Ҳатто замоне дар Эрон будам, машҳуртарин коргардонҳояш, ки намоишномаро дида буданд, гуфтанд, таърихчаи пайдоиши филми “Юсуфи паёмбар” намоишномаи “Юсуфи гумгашта…” – и Фаррухи Қосим аст. Пас ҳамин қаҳрамонӣ кифояткунанда аст то театри тоҷик ва миллати тоҷик Фаррухи Қосимро аз ёд набарорад.

– Бидуни шак, дар таърихи театрии кишвар намоишномаи “Юсуфи гумгашта…” нотакрор буда ва таҳаввулоти ҷадидеро бо худ дошта, ки сухан дар ин боб бисёр аст. Аммо барои шахсе, ки нақши Юсуфи паёмбарро офаридааст, бозидани нақше чун Тартюф ва Гитлер чӣ мушкилие дошта?

– Аслан, дар пешаи ҳунармандӣ нақшҳои хубро бозӣ мекунам ва ё баръакс, фақат бадонро номумкин аст. Ин ҷо бозигарист ва бояд ҳунарманд ҳар дуро бозида тавонад. Аслан дуруст аст, ки душвор аст, то бар дохили нақш ворид мешавиву он дунё ё худ дунёро бо диди ӯ мебинӣ, муддатҳо мегузаранд. Вале ин вазифаи ҳунарманд аст.

Нақши Тартюф аз намоишномаи “Тартюф” – и Жан Батист Молер аз нақши Юсуф пештар буд, замоне буд, ки ман дар саҳнаи ҳунарӣ чизи хосе нишон надода будам. Он аслан тазоҳуроте буд дар саҳнаи театри тоҷик ва як шӯру ангезае дошт, ногуфтанӣ. Ин Тартюф хеле инсони разил буд, ки ҳатто бар модару хоҳари худ раҳм намекард. Ман худ аз он нафрат пайдо карда будам. Аммо дар саҳнаи театр баровардем ва ин нақши маро тамошобин аҷиб қабул кард, ки бар ман ғайритасаввур буд.

Гитлер низ мисли ҳамон Тартюф буд ва аз он камӣ надошт. Лек, хушбахтона гӯем ва ё мутаассифона, ин нақшҳоро ҳам бозидам, ки баҳогузориаш бар бинанда аст.

– Дар зимн, дар ин байн нақши Иблис ҳам буда…

– Иблисро ҳам бигзор бар бинанда вогузор намоем…

– Пас, Иблис ва Гитлерро шинохтед…?

– …то ҷое…, (ӯ самимона механдад).

Ҳунарманди ҳамаи театрҳо

Ортиқи Қодир, замоне дар як саҳнаи ҳунарӣ чун мехост ӯро муаррифӣ кунад, гуфт:

– Қурбони Собир, ҳунарманди …, – ва сукуте кард.

Он вақт ӯ ҳамзамон дар театрҳои Лоҳутӣ, “Аҳорун”, Маяковский, Камоли Хуҷандӣ ва театри шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) фаъолият мебурд ва пиндошт, ки мегӯяд, “ҳунарманди театри Лоҳутӣ ё “Аҳорун””, Ортиқи Қодир табассуме карду гуфт:

-… ҳунарманди ҳамаи театрҳои Тоҷикистон!

– Огоҳ шудем, ки замоне дар театри шаҳри Хуҷанд ҳам фаъолият кардаед. Чаро аз “Аҳорун” у Лоҳутиву “Ҷавонон” ба театри шаҳри Хуҷанд?

– Он вақт ҳамзамон дар чанд театр фаъолият мебурдем, ҳамин гуна буд, яъне он гуна набуд, ки ман театри Лоҳутиву “Аҳорун” – ро вогузошта, ба ба театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рафта бошам. Бо даъват баробар кор мекардам.

Чаро намоишҳое чунин дигар каманд, танқисӣ аз чист: ҳунарманди хуб ё коргардони соҳибтаҷриба?

– Агар гӯем, ҳунармандони хуб надорем, куфрони неъмат мешавад. Ҳунармандони хуби мо зиёданд. Аммо коргардонӣ кори дигарест, вазнинтар. Пешаи коргардонӣ металабад, ки тасаввуроти ӯ аз Лоиқу Бозор кам набошад. Яъне, ҷаҳонбинии хеле васеъро металабад.

Имрӯз ҷавонони мо хеле талош доранд. То ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳурнарнамоиву коргардонии хуб кунанд, аммо то ба наздикии устод Майбалиеву Фаррухи Қосим, Ато Муҳаммадҷонову Маҳмудҷон Воҳидов расидан, бояд хеле намаки саҳнаро чашанд, хеле сафар кунанд, омӯзанд, то самараи неке ба бор оварад.

Барои Қурбони Собир нақшофарӣ дар театр, ба истилоҳ осон аст ва ё дар филм?

– Аслан ҳар ду душворанд, осонӣ дар ҳаёти инсон танҳо хобидан аст. Аммо аз инҳо якеро интихоб кунем, нақшофарӣ дар театр осонтар аст. Боз мисол: барои он ки саҳнаи ғарқшавиро дар театр нишон диҳем, ҳеҷ обу дарёе лозим нест, аммо дар филм меравем то худро ба дарё партоем, мурда-мурда ғарқ мешавем ва агар мабодо ҷое нохуб ояд, маҷбур ҳастем то дигарбора худро ғарқаи об созем.

Ва бар ин монанд саҳнаи оташгирӣ, ки дар филм маҷбурем дар хонаи оташзадае ворид шавем ва худро аз он тахтае, ки аз сақфи бом меафтад, муҳофизат намоем, ки дар ҳар ҳол осебе мебинем.

Ва ё аз парашют парвоз кардан, ки воқеан аст ва ё овозу ҳуҷумҳои ҳайвоноте ба мисли гову сагу шеру паланг, ки дар филм мебинед, аз паси кадр маҷбуранд то гову сагро зананд ва шеру палангро гуруснаву ташна нигоҳ доранд, ки ҳамон саҳнаро ба навор гиранд.

Аммо гарчанде дар театр ин ҳама нест, вале ҳунарманд чунон бояд намоиш гузорад, ки ҳамин ҳолатро тамошобин ҳис кунад. Ҳунарманде, ки аз театр ба синамо меравад, хеле чизро бой медиҳад. Инро бояд ҳар ҳунарманд бидонад, ки саҳнаи театр ҳунарпешаро ғанӣ месозад, пур мекунад, фарбеҳ мекунонад аз ғизои маънавӣ, кино бошад, баробари рафтан ҳар чӣ шаҳду шакаре доред, фишурда мегирад.

Дар баробари филмҳои тоҷикӣ дар филмҳои бурунмарзӣ ҳам нақшофариҳои мондагор доред. Ин аз кай оғоз шуд?

– Нақшофарии ман дар филмҳо аз солҳои 1994 оғоз шуд. Нақшҳои лаҳзавиву кӯтоҳ бо риши сияҳи ҷавонӣ дар филмҳои Бақо Содиқов доштам, ки гоҳо дар фориғиҳо ҳоло ҳам назар меафканам. Минбаъд бештар шуд. Пас аз он ки Бақо Содиқов ба кишвари Ӯзбекистон рафт, боз ҳам аввалин шуда бандаро даъват кард, ки оғози нақшофарии филмҳои бурунмарзӣ шуд. Сипас дар филмҳои эрониву русиву қазоқӣ нақшҳои асосӣ доштам.

– Дар зимн, забони гуфтугӯ дар филмҳои бурунмарзӣ чӣ сон буд?

– Дар аксар филмҳои хориҷӣ ман бо забони ноби тоҷикӣ нақшофарӣ кардаам. Ҳатто дар филмҳои эрониву афғонистонӣ. Баъдан коргардонон аз болои садои ман овозгузорӣ мекунанд. Масалан, дар филми Е. Кончаловский “Бозгашт ба Афғонистон” ман бо тарзи гуфтори худ ҳунарнамоӣ мекардам, ки пасон Парвиз Пӯлодӣ аз болои садои ман бо ҳамон лаҳҷа овозгузорӣ кард.

Асос дар фаъолияти ҳунарӣ ҳунар аст. Дар дигар филмҳо низ бо тоҷикӣ ё русӣ нақшофарӣ кардаам ва партнёрҳо бо забонҳои ӯзбекиву қазоқиву русӣ.

– Пас ҳамдигарфаҳмӣ чӣ гуна буд?

– Ба воситаи мушовирон.

Руҷӯъ ба андешаву афкор

– Бузургтарин орзуятон?

– Бузургтарин орзуи зиндагиям зиёрати оромгоҳи Бобои Мавлоно буд, ки амалӣ гашт. Ҳоло орзуву нияти ба Амрико рафтан дорам.

– Шуғли дӯстдоштаатон, ба ҷуз актёрӣ?

– Китобхонӣ.

– Як насиҳати падар?

– Дурӯғ магӯй.

– Филме, ки баргаштаву ба такрор мебинед?

– “Бандии Қафқоз” аз хориҷӣ, Рӯдакӣ – “Қисмати шоир” аз ватанӣ.

– Зеботарин манзарае, ки дидаед?

– Зодгоҳ – Ёвон.

Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав…

– Интиқодро қабул мекунед?

– Бале.

– Се хислате, ки мехоҳед ҳар инсон дошта бошад?

– Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек.

– Ва се кирдоре, ки бадаш мебинед?

– Вақте ки пиндор бад аст, гуфтор бад аст, рафтор бад аст.

– Дар анҷом, Қурбони Собир – собиқ шоир, имрӯза ҳунарманд, коргардони ҳирфаӣ ва соҳибкилк. Ин ҳама дар ҷамъ Шуморо бар чӣ ва ё ба кадом андеша расонид?

… Дар ин ҷо ӯ – шахсе, ки театри тоҷикро бо Юсуфу Фирдавсӣ, Сӯҳроб, Фаридун, Яздигурд, Темурмалик ва Иблису Тартюф ва Гитлеру даҳҳо нақши мусбату манфии дигар пур карда, муаррифигари фарҳанги миллати тоҷик бо филмҳои “Ал-Бухорӣ” – ву “Пой дар гил” ва “Ормонҳо” – ву “Сайёра ранг иваз мекунад” ва даҳҳои дигар гардида, сукут меварзад ва ба андешаи жарфу амиқе фурӯ меравад. Ҳолати нигоҳаш тағйир мекунад ва дар баҳри ангораҳо шиновар мешавад, ки ба оромӣ дар чеҳрааш намудор гашта. Эҳсос мекунам, дилаш мехоҳад, чизҳое бигӯяд, аммо истиҳола меварзад. Бо садои оромтар аз қабл ва бо лаҳни дигаре “аҷаб, … ин саволи Шумо хело вазнин аст”, – гӯён ба ҳарф задан шурӯъ мекунад:

– Бачагиву ҷавонӣ ва ҳамзамон оғози фаъолияти эҷодии мо тамоман дар дигар давр буд. Ҳолати рӯҳониву фикррониву иҷтимоии фард комилан фарқ мекард. Андешаҳо дигар буду эътиқодҳо дигар. Инак мо расидем бар мамлакати соҳибистиқлол ва замони наву зиндагии ҷадид.

Ва кунун баъзе меъёрҳо ва арзишҳое, ки он замон буд, бар ин замон рост намегирад. Гоҳо бо онҳое, ки номбараш кардед, инсон танҳо мемонад ва намедонад ин ҳамаро чӣ гуна истифода барад. Лек бо ҳама буду набудаш, то ҳол баъзе арзишҳо бар ҷой побарҷост ва то кунун миллати мо фарҳангдӯстдору фарҳангпарвар аст…

– Сухани охир…

– Худованд ҳеҷ касро ноумед нагардонад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
16
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
11
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
8
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend