fbpx

Нуқтаҳои билетфурӯшӣ: “Уралские авиалинии” парвозҳои мунтазам дорад. Агентӣ: Иҷоза надоранд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Спутник Тоҷикистон

Боздошти се мактабхон барои “наворҳои мамнуъ” ва барканории мудири маориф дар Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан се хонандаи мактаб ба таблиғи наворҳои созмони дар кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24” гумонбаранд. Волидони яке аз онҳо гуфт, ноболиғон гуноҳе накардаанд, вале дар пасманзари ин ҳодиса Диловар Азимов, мудири маорифи Истаравшан, аз мақом барканор шуд.

Ду хонандаи синфи 11-уми як мактаби миёна ва як хонандаи гимназияи маркази шаҳри Истаравшан охири моҳи март боздошт шуда, пас аз се рӯзи бозпурсӣ бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо гардиданд.

Як мақоми огоҳ дар ҳукумати шаҳри Истаравшан рӯзи 5-уми апрел бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “хонандаҳо навори созмонҳои мамнуъро ба ҳамсолони дигари худ фиристода, онҳоро ба тамошо ташвиқ кардаанд.” Тасдиқи ин иддао аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Рӯзи 5-уми апрел дар пасманзари боздошти се хонандаи мактаб Диловар Азимов, мудири маорифи Истаравшан аз мақом барканор ва Гулрӯ Пулодова ба ҷойи ӯ мудири маориф таъин шуд. Акмал Аҳроров, муовини мудири маорифи Истаравшан, гуфт, иваз шудани мудири маориф ба тағйир дар қонунгузорӣ буд, ки ин салоҳиятро аз раиси шаҳр ба дӯши вазири маорифи кишвар гузошт.

Ӯ гуфт, ба хотири ислоҳи хонандагон “дар ҳама мактабҳои шаҳр корҳои профилактикӣ мегузаронанд ва ба онҳо муҳим будани сулҳу суботро мефаҳмонанд.”

Нуқтаҳои билетфурӯшӣ: “Уралские авиалинии” парвозҳои мунтазам дорад. Агентӣ: Иҷоза надоранд

Боз як ширкати дигари ҳавопаймоии русии “Уралские авиалинии” барои иҷрои парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба ҳафт шаҳри Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Самара, Екатеринбург, Уфа ва Қазон иҷозат гирифт, ки аз онҳо метавонанд ҳама тоҷикистониҳо истифода кунанд. Барои ин доштани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозадиҳанда шарт нест. Аммо нархи хатсайрҳо хеле арзиши баланд доранд.

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии Душанбе ба Your.tj хабар доданд, ки тасмими кушодани парвозҳои доимӣ аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия рӯзи 5 апрел гирифта шудааст ва дастрасӣ ба чиптаҳо дар система ба ин хатсайрҳо пайдо шудааст.

Имрӯзҳо нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Русия чунин аст:

Душанбе – Маскав – 15642 сомонӣ ($1385)

Душанбе – Санкт-Петербург – 10907 сомонӣ ($970)

Душанбе – Новосибирск – 13230 сомонӣ ($1170)

Душанбе – Самара – 12970 сомонӣ ($1150)

Душанбе – Екатеринбург – 10162 сомонӣ ($900)

Душанбе – Уфа – 10480 сомонӣ ($930)

Душанбе – Қазон – 9298 сомонӣ ($825)

Аммо дар ҳамин ҳол директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо “СомонЭйр”-у “Юэйр” иҷозаи парвозҳои мустақимро доранд.

“Барои анчоми парвозхои мунтазам дар хатсайри Душанбе – Маскав ё баръакс танҳо ба ду ширкат: “СомонЭйр” ва “Utair” иҷозат дода шудааст. Дар асоси хабари пайдошуда, ки гӯё ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад мо кор бурда истодаем”,- гуфтааст Субҳонзода.

Шикояти роҳсозони Данғара ба вазир аз сарулибос ва пойафзоли махсуси корӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо кормандони МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод. Дар суҳбат роҳсозон аз сифати паст доштани либосҳои махсуси корӣ ба ӯ шикоят кардаанд.

“Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу  пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд”, – хабар додааст маркази матбуотии Вазорат.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим аз масъулини вазорат талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда  минбаъд пойафзоли мавсимӣ  пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ  қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо дар сурати босифату ҷавобгӯ будан ба талабот интихоб ва харид гардад.

Зикр мегардад, ки вазир ба сохторҳои марбута супориш дод, ки либосҳои болопӯши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.

“Садои ишқ асту дилтангӣ”-и Султони Ҳамад нашр шуд

Китоби “Садои ишқ асту дилтангӣ”-и Султони Ҳамадро пас аз тақрибан ду соли даргузашташ дар Душанбе нашр карданд. Ин хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик тобистони соли 2019 бар асари беморӣ фавтид.

Субҳиддин Султон, писари Султони Ҳамад, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, китоб дар нашриёти “Эр Граф” ба табъ расид.

Ӯ афзуд: “Падарам навиштани китобро шуруъ карда буд, вале умр вафо накард, ки ба охир расонад. Пас аз маргаш маводи ҷамъовардаи ӯро дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир дар шакли китоб дастраси хонанда гардондем.”

Садои ишқ асту дилтангӣ” дар бораи Аҳмад Зоҳир ва шахсоне, ки осорашон бо ӯ робитаи зич доранд, маълумоти тоза медиҳад. Дар ин китоб, аз ҷумла, дар бораи овозхон Зулфиқори Азиз ва шоир Ҷамшеди Раҳимзод суҳбат шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ: унвону дараҷаҳои илмии Тоҷикистону Русия баробарарзиш мешаванд

Ба хотири баробарарзиш намудани унвону дараҷаҳои илмӣ байни кишварҳои Русияву Тоҷикистон гурӯҳи кории комиссияи байниҳукуматии тарафҳо оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мулоқот баргузор намуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.

Бино бар иттилои манбаъ дар кори комиссияи байниҳукуматӣ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон, Сергей Похомов, сардори департаменти аттестатсияи кормандони илм ва илмӣ – педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Игор Матскевич, котиби аввали илмии Комиссияи олии аттестатсионии Русия, ширкат доштанд.

Гуфта шудааст, ки ҷониби Русия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи созишномаи алоҳида ва ба таври мукаммал тасдиқ хоҳад кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend